Аз таронаҳои Абдулқодири Раҳим

АбдукодирЛаҳзае бо адиби маъруф Абдуқодири Раҳим бошем ва аз таронаҳои хуби раббониаш ташнагии маънавӣ бишканем. Ин китоб бо номи “Духтари афсонаҳо соли 2006 чоп шудааст, аммо гумон мекунем тоза чоп шудааст, чун ҳар таронаи он наву ҳаминрӯзист.

Дирўз гуфтам: Худо бандаҳои дўстдорашро ошиқ мекунад.

Имрўз мегўям : Инро ҷуз бандаҳои дўстдораш  ҳеҷ кас намефаҳмад.

****    ****    ****

Худо сарватам надод. Чӣ хуш! Ишқам дод, ишқам дод, охир, ки ҳама сарват ба он рашк мебарад.

****    ****    ****

Чаро ифтихор аз бандагӣ мекунӣ, чун ошиқ нестӣ?

****    ****    ****

Ман аз баҳри бепоёни ишқи Ў қатрае  нўш  кардам. Мастӣ пас аз он худро аз ёдам бурд. Ва офтоб дар шаби бас торику сард  чеҳраашонро ба ман нишон дод.

****    ****    ****

Бахт ба рўи ман механдад . Оре, ин замонест, ки ба роҳи омади Ў мегирям.

****    ****    ****

Кӣ гуфт, ошиқ саодатманди ду ҷаҳон аст.

Ошиқ худ саодат аст ва ду ҷаҳону бартар аз ину он.

****    ****    ****

Ҳазор сол  гуфтам. Ишқ омаду забони маро баст. Ва  ҳазор сол хомўш мондам. Ва боз ин Ишқ худ забони маро кушод.

Агар мегўям, дигар ҳама аз Ишқ мегўям. Агар ҳазор сол, агар садҳазор сол.

****    ****    ****

Дар ин зулмоти вуҷуд чароғ  оварданд, чароғи Ишқ .Беҳтар аз ин барои ту башорате  нест. Беҳтар аз ин барои ту саодате  нест.

****    ****    ****

Агар фурўғи  туро набинем, кафи хокеро ба раҳгузори бод  мерезем ва аз ту ҳазорон фарсаҳ мегузорем.

****    ****    ****

Дил мегуяд, ки фарёд кун: «Ошиқам!» Аммо Ишқ амрам мекунад:

«Хамўш бош!»

****    ****    ****

Фарёд дар ин ҳол хомўш мешавад ва хомўшӣ фарёд. Куҷо кўре онро мебинад, куҷо каре  инро  мешунавад?!

****    ****    ****

Дигар ҳама олам, мебинем, ки ба ман рашк мебарад.

Ошиқам, ошиқ, охир!

****    ****    ****

Ба сарват пеши ошиқ манозед. Ў ба Ишқ ду ҷаҳон дорад ва оне, ки сарватро пешаш  арзише  нагузоштааст.

****    ****    ****

Гуноҳи ман Ишқ аст. Савобам ҳам Ишқ аст. Гуноҳ пеши шумо, савоб назди Ёр.

****    ****    ****

Ман дар ин хилват бо Ўям. Агар маро танҳо мебинед, ба Худо, ки кўред ва давои он танҳо Ишқ аст.

****    ****    ****

Ба бадбахтӣ мемурдам, ба бадномӣ мемурдам, агар ошиқ намешудам. Агарчи ошиқро шумо бадбахт ва ҳам бадном мешуморед.

****    ****    ****

Ба ин шаҳр, шаҳри ғарибон ба суроғи Ёр омадам, Ёри дурафтода. Ўро наёфтам. Гуфтам: «Ин аз сарнавишти бади ман аст». Ва Ў ба навиштани худ дар ин ҳол  хандид.

****    ****    ****

Замоне ошиқе таронаҳои маро хонд, гирист. Дар ҳоле интизор доштам, бо ифтихор аз он сухан мегўяд. Ва ман пас аз ҳазор сол он ҳамаро хондаму гиристам.

****    ****    ****

Ишқ дари вуҷудамро  панҷ бор зад. Ва маро дар хоб дарёфту рафт.

Ва имрўз ман ба суроғи Ў меравам, дар ҳоле як нишонашро надорам. Аммо медонам, дигар ба ин шаҳр барнамегардам.

****    ****    ****

Агар боре дар нимашаб ба ёди Ёри дурафтодаи худ ашк нарехтаӣ, магў таронаҳоятро хондаам. Бигў, ҳамаро дар оташ сухтаам. Бигў, то хонаи вуҷудат оташ бигирад. Шояд он замон дарёбӣ, ки сўхтан чист ва чаро он гуворост. Оре, он гоҳ Ёрро мешиносӣ, дил бар Ў медиҳӣ, ба суроғаш меравӣ ва дар як нимашаб ба ёдаш ашк мерезӣ. Ва мебинӣ, ва мешунавӣ, олам ҳама бари ту тарона мехонад, аммо ту мехоҳӣ таронаи он Ёрро ё як ошиқи дилозорро бихонӣ.

 

****    ****    ****

Ҳавои берун сард асту ҳавои дарун гарм. Ва маро он Ёр дар миёни ду ҳаво ҷой додааст. Медонам, пас аз ин дар оташам месўзад. Ва медонам, ҳеҷ гоҳ ба васлам намерасонад.  Оҳ, агар саропои вуҷудам ба шукрона шод набошад.

****    ****    ****

Муаззин аст, ки маро дар ин субҳ ба намоз мехонад. Агар номи Ёри маро ба забон намеовард, савганд ба номи он Ёр, ки аз ҷой ҳатто барои замоне барнамехостам.

****    ****    ****

Гувоҳӣ бидеҳ, мегўянд бар ман, ки Худо як  аст. Ва ман гувоҳӣ медиҳам, ки он Ёр як аст. Гувоҳӣ медиҳам ва аз вуҷуди худ бас шарм медорам.

****    ****    ****

Бародарони Азиз! Чаро санги маломатам мезанед, ки Ўро дўст доштам? Ва ё бо ҳастии ман аз ягонагии Ў шарм медоред?
****    ****    ****

Аз китоби Абдуқодири Раҳим “Духтари афсонаҳо”, таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд  Рисолат ШЕРАЛИЕВА.

 Шумо ин китобро метавонед дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонед.