Маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо ширкати адиби бачаҳо аз шаҳри Самарқанд баргузор шуд

фуругМаҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб»-и шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” баргузор гардид. Ин маҳфил дар доираи фестивал-озмуни Ҳафтаи кўдакон ва наврасон доир шуд ва ба он шоир ва нависандаи бачаҳо Маҳбуба Неъматзода аз шаҳри Самарқанд ширкат кард.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода меҳмонро аз номи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандони Муассиса хушомадед гуфта, иброз намуд, ки Маҳбуба Неъматзода  бо шеъру ҳикояҳои хуб тавонистанд, ки ба дили бачаҳо зуд роҳ ёбанд, ин аст, ў имрўз дар суҳбати Шумо наврасони гиромӣ  қарор дорад. Умед дорам, ки ў бо навиштаҳояш шавқу завқи шуморо барои мутолиа бедор намояд. Ҳадафи ҳар шоиру нависанда дар замири хонандааш бедор сохтани ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ аст. Ифтихор мекунам, ки Маҳбуба Неъматзода яке аз шоирони машҳури даврони мост, ки шеъру ҳикоя менависанд.

Навиштаҳои Маҳбуба Неъматзода афкори шуморо ба монанди хуршеди дурахшон нуру зиё мебахшад. Дар тафаккури шумо ҳисси ватандўстӣ ва арзишҳои миллиро боло барад. Орзу дорам ҳамеша китобҳои муаллимаи азизро хонед ва ўро пайваста эҳтиром кунед, азизу муътабар доред. Зеро ба гуфтаи устод Лоиқ:

Қасди шоир аз сухан одамгарист,
Бехудиҳ
ояш ҳама шӯроварист.
Гетиро хуршед агар равшан кунад,
Синаҳ
оро кори шеъру шоирист.

Фуруг-11Ҳаводорони эҷоди шоири бачаҳо аз паҳлуҳои рўзгор ва навиштаҳояш пурсон шуданд. Адиб аз даврони бачагӣ чунин ёд овард: Дар хонаводаи ҳунрманд ба дунё омадам. Онҳо имкони дар мактаб хондан надоштанд. Дар мактаб ҳамагӣ 4 сол хонданд. Бо вуҷуд падару модарам китобро дўст медоштанд. Ба хона китоб харида меоварданду ба мо мегуфтанд, ки духтарам баланд- баланд бихон. Вақте ман киоб мехондам, онҳо хурсанд мешуданд. Дар хонавода 9 фарзанд будем, падару модарам кўшиш карданд, ки моро соҳибмаълумот кунанд. Аз бачагӣ фанни адабиётро дўст медоштам. Бештар шеър аз бар мекардам. Агар устод мегуфт 10 мисраъ азёд кун, ман 20 ё 40 мисраъ азёд мекардам. Алоқаам ба китоб буд, ки ҳанўз аз синфи 9 ба навиштани шеър шуруъ кардам.

Рўзе чанд шеърамро дар дафтар навишта, ба идораи рўзномаи “Пионери Тоҷикистон” рафтам. Он вақт дар синфи 9 мехондам. Дари муҳаррири рўзнома Мавҷуда Ҳакимоваро боз кардам. Зани бисёр меҳрубон буданд, шоир Акбар Қодирӣ низ нишаста буд. Онҳо маро бо меҳрубонӣ қабул карданд. Пас аз 15 рўз аввалин шеърам дар саҳифаи аввали ин рўзнома нашр шуд. Бисёр хурсанд шудам, падару модарам низ хушҳол гардида, аз ман ифтихор карданд. Он лаҳзаҳо ҳич аз ёдам намераванд.

Нависандаи кўдакон Маҳбуба Неъматзода қиссаи ба шаҳри Самарқанд кӯчиданашро ба хонандагони хурдсолаш қисса кард: Дар Самарқанд рўзномаи тоҷикӣ бо номи “Овози Самарқанд” таъсис ёфт. Маро ба кор даъват карданд. Ҳамин тавр рафтаму ҳамон ҷо мондам.

Ин адиби маъруфи бачаҳо солҳои зиёд дар рўзномаи “Пионери Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Чашма” ва “Фирўза фаъолияти пурсамар доштааст.

Маҳбуба Неъматзода аз соли 1978 ба узвияти Иттифоқи журналистон қабул шуда, 20 сола баъд, соли 1998 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудааст.

Нахустин маҷмўаи ашъораш «Борони баҳорӣ» – соли 1980 ба табъ расида, баъдан маҷмўаи шеъру ҳикояҳояш бо номҳои: «Духтари заргар» (1990), «Меҳрубон» (1997), «Таваллудат муборак» (1998), «Бонуи бобо» (2000), «Гиря кунам ё ки на?» (2006), «Модари ҷон, модарам» (2012), «Боғи Шамол» (2013), “Лафзи модарӣ” (2019), “Ситорапалав” (2022) аз чоп баромадаанд.

Маҳбуба Неъматзода барои хизматҳои пурарзиш дар ҷодаи адабиёт бо “Нишони сухан” ва Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ сарфароз гардидааст. Аз соли 1993 дар шаҳри бостонии Самарқанд зиндагӣ доард.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.