Ба қадри истиқлоли давлатӣ имрўз бояд расид!

 Агар ба пешрафти давлату халқиятҳои ҷомеаи имрўза назар намоем, муайян мегардад, ки тамоми дастовардҳо аз унсурҳои ба низомсохти истиқлоли давлатии онҳо маншаъ мегирад. Хушбахтона, дар ин масир халқи тоҷик низ соҳибистиқлолу некфол ва соҳиби давлату эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Баъд аз ноил шудан ба истиқлоли давлатӣ ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик маҷрои тоза пайдо намуд, афкору андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои пурғановати анъанавӣ устувор гардида, рушди бештар ёфтанд.

         Дар мавриди истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии миллати тоҷик нигоштаву таҳлилҳои зиёде аз ҷониби донишмандон ва мутахассисону коршиносони соҳа ба таҳлилҳои муфассалу мубрам навишта шудаву аҳамият ва асосҳои ин арзиши давлатдорӣ таҳқиқ шудааст. Мо медонем, ки масъалаи истиқлоли сиёсӣ дар рўзгори мо мубраму серистифода аст, он чуноне ки истиқлоли сиёсӣ дар тамоми давру замонҳо барои тамоми миллатҳо мубрам будааст, вожаи истиқлоли фарҳангӣ низ чун кўхи баланди ба саодат расидан ба мардумон хизмат кардааст. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарами Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона чунин андеша меронанд: «Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки Истиқлоли фарҳангӣ барои мо баробари Истиқлоли сиёсӣ азиз аст». Дар ин росто, талошҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан таъкидҳову талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки имрўз дар соҳаи фарҳанги кишвар мо созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафтҳои пурарзишро бо чашми худ мебинем. Бешак, таваҷҷуҳи мо аз сари истилоҳи «Истиқлоли фарҳангӣ» қарор гирифтан ба он маъно буда метавонад, ки дар рўзгори мо, дар айёме ки зилзилаҳои глобалӣ, геополитикӣ ва фарҳангӣ башариятро дар вартаи хатари ҳалокатбор, дар ларза нигоҳ медоранд, барои мо Истиқлоли фарҳангӣ аҳамияти мубрам пайдо мекунад. Ин истилоҳ дар навбати худ ба шохаҳои гуногуну ба ҳам омехта ҷудо шуда, мавқеи мо танҳо ва танҳо ба соҳаи китобдорӣ рабт мегирад. Сониян, шуморе аз иқдому ташаббусҳои Ҳукумати мамлакатро дар мавриди таваҷҷуҳ ба соҳаи китобдорӣ қарор дода ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонаву китобхонӣ чанд нуктаеро ишора намудан мехоҳем.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки миллате аз ин вартаҳои манфии глобалӣ ва геопалитикӣ, махсусан ҷўш задани фарҳангҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ба осониву зебоӣ халос шуда метавонад, ки он миллат маорифи комил дошта, ҷомеаи наврас ва ҷавони он ба мутолиа рў овардаву аз фарҳанги хеш ҳимоят мекунад.

         Омўзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақши созандаи истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат дар самти рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, ки барои ташаккули фарҳанги миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, ба таври возеҳ зоҳир гардид.

         Маҳз бо шарофати истиқлоли оид ба фаъолияти китобдорӣ санадҳои муҳими давлатӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» (2005) ва “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” қабул гардида, баҳри ривоҷу равнақи минбаъдаи соҳа тадбирҳои мушаххасу судманд андешида шуданд.

         Бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хубе дар мавриди китобхониву саводнокнамоии ҷомеаи ҷавони кишвар гирифта шудааст, ки ин ҳама талошҳову бунёдкориҳо баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Дар ҳошияи корҳои созанда ва маърифаткунонии ҷомеа метавон аз озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки ду иқдоми бениҳоят хубу саривақтӣ мебошанд, ёдовар шуд, ки ин аз фарҳангӣ ва китобдӯст будани мо миллати тоҷик дарак медиҳад. Ин озмунҳо барои ҷомеаро ба китобхониву китобдӯстӣ ва роҳнамоӣ намудан ба китобхонаҳо баҳри мутолиа ташвиқ менамояд. Солҳои қаблӣ, ки ин озмун ба таври васеъ байни ҷомеа гузаронида шуд, муайян гардид, ки шавқу завқи ҷавонону наврасон ба китобхонӣ зиёд гардида, иштирокашон сол то сол бештару беҳтар мегарданд.

         Албатта, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, махсусан риштаи китобдорӣ дастовардҳо бениҳоят зиёд дорем ва ҳамагиро ин ҷо ишора намудан аз доираи як мақола берун аст. Вале дар интиҳо мехоҳам ду нуктаи дигареро ишора намоям. Якум ин ки бузургтарин китобхона ва маркази бузурги фарҳангӣ дар Осиёи Миёна ин бинои нави Китобхонаи миллӣ аст, ки бо иқтидор ва технологияи нави замонавӣ муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуд. Фаъолияти босамар ва пуршукўҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳаҳои соҳавӣ айёну рўшан аст ва ин марказ бо иқтидори худ ташнагони илмро ба тамоми адабиёти лозима, ҳам чопӣ ва электронӣ таъмин намуда астодааст. Фирк мекунам, ин бузургтарин дастоварди на танҳо соҳаи китобдорӣ, балки меъмори фарҳангии кишвар аст.

 Дуюм аз нуктаҳое, ки дарҷашро раво донистем, ин таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  таҳкими анъанаи китобдориро аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор доданд. Ин ибтикори сарвари давлат ҳамаи кормандони соҳа, хосатан мо бонувонро, ки қисмати аъзами онҳоро ташкил медиҳем, боз ҳам рўҳбаланд мегардонад. Бо дарназардошти талаботи давлати мустақил татбиқи риштаи китобдорӣ бо шеваҳои ҷадид роҳандозӣ шуд, ки аҳдоф ва арзишҳои нави онро дар худ таҷассум сохт.

         Умуман, Истиқлолии давлатӣ арзиши бадастовардаест, ки онро бояд ба арзиши ҷону тан ҳифз намудаву барои баъдинагон ба амонат гузошт. Умедворам, ҷомеаи кунунии миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик ба қадри ин неъмати бебаҳо ва бемислу монанд расида, барои мустаҳкамии пояҳои он камари ҳиммат мебандад.

ИДИГУЛ НУСРАТУЛЛОЗОДА, Сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.