Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ

 Ин лаҳзаҳо дар саҳни  бинои Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи китоб, ки ҳамасола рӯзи дуюми сентябр баргузор мешавад, идома дорад. Дар тадорукоти Рӯзи китоб, ки аз субҳ оғоз шуда буд, аллакай садҳо нафар донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи махсус, муҳассилини мактабҳои миёна, устодон, хонандагон ширкат карданд.

Дар саҳни бино намоиши фурӯши китобҳои нашриётҳои кишвар баргузор шуд.  Имрӯз ва боз ду рӯзи оянда дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз аст, ки ҳазорон нафар сокинони пойтахт, навоҳии атрофи он ва меҳмонон аз он дидан мекунанд.

Дар ҷаласае, ки бахшида ба Рӯзи китоб доир гардид, Директори Китобхонаи миллӣ пофессор Файзализода Ҷумахон Хол ба ҳозирин муроҷиат намуд ва гуфт: Инак, аз он рўзе, ки бо иштирок ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, даҳ сол сипарӣ гашт. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳузури намояндагони аҳли зиёи кишвар ин бинои дорои толорҳои калонтарину зеботарин ва барҳаворо дар арафаи ҷашни Наврўз ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳадя намуд.

  Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши вертуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии Китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти Китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад.

  Намояндаи Вазорати  фарҳанг  Раҳмоналӣ Шералев ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои ташкили чунин як барномаи ҷолибу диданӣ изҳори сипос кард. Вай гуфт, ки китоб роҳнамо ва чашми бинои инсон аст  ҳар як шахс  рў ба китоб биёрад ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида метавонад. Имўз моро зарур аст, ки беш аз пештара рў ба китоб оварем, чун дар раванди имрўзаи  сиёсати давлатдории мо бо ақлу заковати дурбин метавон ба пеш рафт. Дар охир ҳама иштирокчиёнро ба рўзи китоб табрик намуд.

   Дар ин чорабинӣ зумрае аз кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ бо Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар поёни нишаст як барномаи фарҳангиву фароғатӣ ҳам бо иштироки хонандагони ҳунарманд роҳандозӣ шуд.

Ойҷонбӣ Азизова