Гиромиҳо дар адабиёти форсу  тоҷик. Гиромии Кашмирӣ

 Мирзо Гиромӣ, писари Мирзо Абдулғанӣ Қабули  Кашмирӣ, шоири форсизабони Ҳиндустон. Падараш Қабули Кашмирӣ аз шоирони машҳури Кашмир ва аз шогирдони Мирзо Дороббек Ҷўёи Кашмирии Табрезӣ аст. Суфиманиш буд. Бо намояндагони тамоми мазоҳиб рафоқат дошта, дар Деҳлӣ қаландарона мезист. Аз баъзе абёти девонаш бармеояд, ки аз пайравони тариқати қодирия будааст.

Забони ашъораш, сабки нигоришаш содаву равон, ба фаҳму зеҳни мардум қарибу ошно буд. Таърихи фавти ўро дар мисраи «Ринде аҷибе аз ин ҷаҳон рафт»- 1156 ҳ. қ., баробари 1740 м. ёфтаанд. Нусхаи девонаш иборат аз 750 байт зери рақами 619 дар Китобхонаи миллии Порис нигаҳдорӣ мешавад. Ашъораш аз ғазал, қасида ва рубоӣ иборат буда, дар ҷое иродаташро ба Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ баён кардааст:

Ман ба доми Мавлавӣ Румӣ шудам,

Масти ҷоми Мавлавӣ Румӣ шудам.

Ин абёт аз ўст:

Ҷабин аз ҷўши май субҳи намоён аст, пиндорӣ,

Сафои оразаш хуршеди тобон аст, пиндорӣ.

 

Хуни ушшоқ бар он гардани симин бошад,

Чун баёзе, ки дар ў маънии рангин бошад.

 

Соли 1740 дар Деҳлӣ вафот кардааст.

Муаллиф: Ш. Муҳаммадиев

 

Гиромии Хофӣ

 

Гиромии Хофиро Гиромии Деҳлавӣ низ гуфтаанд, Мир Абдурраҳмони Вазоратхон (фавт 1712) шоири форсигўи Ҳиндустон.

Ниёгонаш аз Хофи Хуросон буданд. Гиромии Хофӣ дар Ҳиндустон, дар дарбори Аврангзеб хидмат мекард. Девони ашъораш шаш ҳазор байт дорад, ки дар Лоҳури Покистон соли 1933 чоп шудааст. Абёти зерин аз ўст:

Фасли гул омаду ман тавбаи беҷо кардам,

Чӣ ситам бар қадаҳу ҷавр ба мино кардам!

Ба рафиқони зи худ рафта сафар даст надод,

Сайри саҳрои чунун ҳайф, ки танҳо кардам!

Соли 1712 вафот кардааст.

 

Гиромии Ҷоландарӣ

 

Гиромии Ҷоландарӣ Ғуломқодир, фарзанди Шайх Искандарбахш соли 1856 дар Ҷоландари музофоти Панҷоб ба дунё омадааст, шоири форсигўи Ҳиндустон.

Аз овони кўдакӣ ба забонҳои урду ва панҷобӣ шеър мегуфт ва баъдан ба забони форсӣ эҷод намуд. Нахуст дохили мактаби Халифа Иброҳими Ҷоландорӣ шуда, дар назди ў «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ, «Искандарнома»-и Низомиро фаро гирифт. Сипас ба шаҳри Лоҳур рафт ва ба Коллеҷи шарқшиносӣ дохил шуд. Ҳангоми супоридани имтиҳоноти хатми коллеҷ ҷавоби баъзе саволҳоро ба шеър навишт ва тахаллуси «Гиромӣ»-ро дар ҳамин давра баргузид. Гиромии Ҷоландарӣ ба дарбори Мир Маҳбубалихон – ҳокими Ҳайдарободи Дакан ба хидмат даъват гардид.

 Ў аз соли 1888 муддати 35 сол дар даргоҳи Мир Маҳбубалихон ва фарзандаш шоири хос ва муқарраб буд. Дар соли дуввуми хидматаш унвони маликушшуароро гирифт.

Девони Ҷоландарӣ (иборат аз чаҳор ҳазор байт) шимили маснавиёт, ғазалиёт, маноқиб, хамриёт, қитъаот, сўгномаҳо, қасоид ва 320 рубоӣ мебошад. Осораш дар мавзўъҳои ишқ, тасаввуф, фалсафа ва ахлоқ буда, дар пайравӣ аз шоирони номии форсизабони Ҳинд Назирӣ, Зуҳурӣ, Соиб суруда шудаанд. Бештар ба Ҷалолуддини Румӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Ҳофизи Шерозӣ таваҷҷуҳ доштааст. Маснавии «Хароботи чунун»-ро дар ҷавоби «Найранги ишқ»-и Ғанимати Кашмирӣ сурудааст.

Аз ў маснавиҳои кўтоҳ низ дар пайравии «Соқинома»-и Зуҳурӣ боқӣ мондааст. Рубоиётро дар татаббуи Абусаиди Абулхайр ва Абдураҳмони Ҷомӣ сурудааст. Се «Сўгнома» ҳам дорад, ки севвумиро дар марсия ба фавти хеш сурудааст ва онро баъди маргаш дар санги мазораш (ш. Ҳушёрпур) ҳаккокӣ намудаанд.

Дар сабкҳои ҳиндӣ ва ироқӣ эҷод кардааст.

27 майи соли 1927 дар Ҳушёрпур вафот кардааст.

 

Муаллиф: Ш. Муҳаммадиев.

 

Гиромии Шомлу

Гиромии Шомлу Ҳасанбек (дар баъзе манбаъҳо Киромӣ сабт шудааст), шоири эронӣ асри 17.

Дар замони ҳукмронии Ҷаҳонгир, Шоҳиҷаҳон дар Гуҷарот, Бангола ва дигар вилоятҳо соҳибмансаб буд. Аз Гиромии Шомлу девоне боқӣ мондааст, ки шомили қасоиду қитъаҳо дар ситоиши Шоҳиҷаҳон ва Дорошукўҳ, моддаҳои таърих оид ба воқеаҳои таърихии давраи шоҳони номбурда мебошад.

Нусхаҳои дастнависи девонаш дар Китобхонаи Худобахши Патна ва Ганҷинаи Керзони Анҷумани осиёии Бангола (шумораи 267) нигаҳдорӣ мешаванд.

Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. Ҷ.4. – С. 366-367.

Таҳияи Аниса Набиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ