«Ба зери Парчами ту саф кашидем»- бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ дар Китобхонаи милли чорабини доир шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчами миллӣ-ифтихор ва иқтидори  миллат»  баргузор гардид. Ҷалолиддин Нурзода муовини директори Китобхонаи миллӣ таъкид дошт, ки соли 14-ум аст, ки Рӯзи қабули Парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо ифтихороту тантанаҳои ҷашнӣ таҷлил мешавад. Зикр шуд, ки Парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шакл гирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябр ҳамасола чун «Иди Парчам» таҷлил карда шавад. Аз ин лиҳоз, Презденти мамлакат моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рӯзи 24-уми ноябр чун рӯзи «Иди парчам» муқаррар гардид.   30 августи соли 2011 бошад дар маркази шаҳри Душанбе манораи 165-метраи Парчами Тоҷикистон қомат афрохт, ки 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дорад. Бо ин шаҳодат манораи Парчами Тоҷикистон ба китоби рекорди Гиннес дохил гардидааст.

Абдулло Раҳмнамо мудири шуъбаи робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зикр намуд, ки Парчам аз назари маъно ва рамз ифодаи ин ё он давлат дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Ҳаракати як давлат, маҷудият ва мавқеи он тавассути парчам ифода меёбад. Ҳатто гурӯҳҳои терористию иртиҷоӣ рамз ё парчами худро доранд, ки нишона аз мавҷудияти онҳоро инъикос мекунад. Барои сокинони як кишвар парчам нишонгари ҳуввият, яъне вафодорӣ ба парчам ин вафодорӣ ба давлатро ифода мекунад. Дар матни суруди миллӣ низ таъкид гардидааст, ки «Ба зери Парчами ту саф кашидем», ин як навъ қасам аст, ин шартномаи мо бо ҳамин Ватан аст, ки ба мо маҳз зери парчами ту саф кашидем ба зери парчами дигар намеравем. Бо ҳамин мисраъ садоқати худро ба Ватан тавассути парчам ифода мекунем», – гуфт Абдулло Раҳнамо.

Дар чорабини ҷоизадори бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева аз дастовард ва парчамбардории варзишгарон сухан ронд. Аз ҷумла ӯ аз эҳсосоте, ки варзишгар ҳаноми муаррифии давлат ва баланд бардоштани Парчами кишвар даст меёбад ба ҳозирин қисса кард. Дар анҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор миёни меҳмонон ва кормандони  Китобхона  сурат гирифт.

А.Абдураҳим,

Шуъбаи матбуоти даврӣ.