Баҳси наврасон атрофи ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев дар барномаи “Фурӯғ”-и телевизиони “Баҳористон”

Баҳси наврасонСубҳи имрӯз дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барномаи телевизионии «Фурӯғ» – и Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” сабт шуд. Дар ин барнома атрофи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 сухан мерафт.

Дар барнома хонандагони фаъоли шуъба ва намояндаи Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, адиби маъруфи кӯдакнависи кишвар, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз ширкат карданд.

Баҳси наврасонЧун анъана дар барнома аз иқдомоти созанда ва арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ташкили озмунҳо ҷиҳати ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ муфассал сухан рафт. Азизи Азиз ин иқдомои Пешвои миллатро як иқдоми бесобиқаву беназир хонд ва гуфт, ин як ғамхорӣ барои ояндаи миллат аст, то миллат китобхон бошад, донову фозил бошад.

Баъдан хонандагон атрофи щикояи машҳури Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Фазлиддин Муҳаммадиев “Ҷага” баҳс карданд. Доварии баҳс бар дӯши Азизи Азиз буд ва ин як муколамаи хеле шавқоваре буд диданиву шуниданӣ. Хонандагон, ки бо асари мондагори нависандаи маъруф ошно буданд, баҳси зиёд карданд ва посухи суолҳои худро аз адиби шинохта Азизи Азиз дарёфт намуданд.

Ин муколамаи шавқовар қарор аст дар надиктарин фурсат аз тариқи телевизиони “Баҳористон” пахш шавад.

Гуфтанист, ки барномаи “Фурӯғ”-и Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” дар ҳамкории муштарак бо Китобхонаи миллӣ ва Иттифоқи Нависандагон таҳия мешавад.

Абдуғаюр САЛОМОВ