Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3-юми январ

Як-рузи-таърих-03-01-2024Соли 1903 дар шаҳри Саратов нависанда ва рӯзноманигори ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Бек ба дунё омад. Машҳуртарин асари ӯ “Шоҳроҳи Волоколамск” мебошанд, ки солҳои 1942-1944 навишта шудааст. Ин повест бори аввал соли 1943 бо номи “Панфиловчиён дар сафи пеш” дар маҷаллаи “Знамя” чоп шуд. Достонест аз корномаҳои ҷангии сарбозону афсарони Шӯравӣ дар солҳои ҷанг бо фашистони Олмон.

Соли 1923 дар Липнитс дар синни 39-солагӣ нависанда, ва танзпардози чех Ярослав Гашек тарки олам кард. Ӯро бештар барои романи “Сарбози хуб Швейк” мешиносанд, ҳарчанд вай муаллифи беш аз 1500 ҳикояву достонҳои хурд ва повесту романҳост. Аммо романи “Сарбози хуб Швейк”  барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Асар дар адабиёти чех аз пуртарҷуматарин асарҳо ба шумор меравад ва ба форсӣ низ баргардон шудаву бо номҳои гуногун борҳо нашр шудааст. Ин асарро ба осори классики адабиёти ҷаҳон ворид кардаанд. Асар дар жанри ҳаҷв навишта шудааст. Вижагии асосии роман дар  устураофаринии муаллифи он Гашек мебошад. Сарбози хуб номидани Швейк мафҳуми кинояомез аст.

цицеронСоли 106 то солшумории мо дар Арпинум файласуф, хатиб, сиёсатмадор ва суханвари маъруфи Ҷумҳурии Рум Систерон ба дунё омад. Ӯ дар тӯли буҳронҳои сиёсӣ, ки сабабгори таъсиси Империяи Рум шуд, талош мекард усули мардумсолорӣ нигоҳ дошта шавад. Навиштаҳои зиёди вай шомили рисолаҳое дар бораи балоғат, фалсафа ва сиёсат аст ва ӯро яке аз наздиктарин суханварон ва сабкнависони насри Рум медонанд.

Таъсири ӯ бар забони лотин бисёр зиёд буд. Ӯ беш аз се чаҳорум адабиёти лотини мавҷудро навишт, ки маълум аст дар замони ҳаёташ вуҷуд доштааст. Ва гуфта шудааст, ки насри баъдӣ ё вокунише алайҳи ӯ ё бозгаште ба сабки ӯ буд.

Аргачи Ситсерон сухангӯи моҳир ва вакили муваффақ буд, бовар дошт, ки ҳирфаи сиёсси ӯ муҳимтарин дастоварди ӯст.

Ӯ аз оғози ҷавонӣ зимни сурудани шеър ва тарҷумаи осори юнонӣ, ба омӯхтани фанҳои низомӣ пардохт ва дар ҳабдаҳсолагӣ дар ҷангҳо ширкат кард. Баъдҳо ду солро дар саёҳат ба Машриқзамин гузаронд ва дар ин сафар фалсафа ва улуми адабиро аз донишмандони замон фаро гирифт ва дар соли 77 қабл аз милод ба Рум бозгашт.

Аз соли 63 қабл аз милод вуруди саҳнаи сиёсат шуд ва ба мақоми консулӣ даст ёфт.

Ситсерон 7 декабри соли 43 то солшумории мо дар синни 63-солагӣ кушта шуд.

Алишери-навоиСоли 1501 дар шаҳри Ҳирот асосгузори адабиёти классикии турк, шоир, мутафаккир, ходими давлатӣ  Алишери Навоӣ дида аз олам барбаст. Ӯ ҳамагӣ 59 сол дошт.

Алишери Навоӣ рӯзи 9 феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳирот таваллуд шуда буд. Дар ашъори ба ӯзбекӣ сароида худро Навоӣ лақаб ниҳодаву дар шеърҳои тоҷикиаш “Фонӣ” –ро тахаллус карда буд.

Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Абдурраҳмони Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи нақшбандия гардид. Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъйин карданд. Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нуш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтанӣ мешуд. Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст – Астаробод таъйин кард. Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд.

Алишер Навоӣ 3 январи 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст.

Соли 1744 дар губернияи Киев шоир, тарҷумон ва хидматчии давлатии рус Ипполит Богданович ба дунё омад.

Соли 1892 дар Блумфонтейн навсандаи асарҳои тахайюлии англис, луғатшинос ва адабитшинос Ҷон Толкин таваллуд шуд. Вай муаллифи бештар аз 200 повесту ҳикояҳо мебошад, ки дар 37 китоб чоп шудааст. Даҳҳо мақолаву асарҳои адабиии нотамом аз ӯ боқӣ мондааст. Аммо бештар ба ӯ асарҳои тахайюлии вай шуҳрат оварданд ва ба даҳҳо забон тарҷума шуданд. “Арбоби ҳалқаҳо”, “Ҳобит, ё онҷо ва бозгашти дубора”, “Силмориллион” аз ҷумлаи достонҳои ҳамосӣ-тахайюлии Ҷон Толкин мебошанд, ки барояш шурати ҷаҳонӣ овардаанд.

Соли 1900 нависанда ва санъатшинос Дмитрий Василевич Григорович аз олам гузашт.

Субҳия Зоҳидова Соли 1964 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд шоир, рӯзноманигор ва омӯзгори тоҷик Субҳия Зоҳидова таваллуд шуд.

Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе (1985), соле дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), дар шуъбаи мактубҳо, кор кардааст. Аз соли 1987 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.

Ашъораш дар рӯномаву маҷаллаҳои даврӣ ва маъмӯаҳои «Даргоҳи падар» (1996), «Афсонаи шаб» (2004), «Раққоса» ба табъ расидаанд.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Соли 1994 дар шаҳри Москав дар синни 86-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлӣ Владимир Немсов аз олам рафт. “Ҳафт ранги рангинкамон”, “Ситораи хушбахтӣ”, “Вақте дурҳо наздик меоянд”, “Қаъри тиллоӣ”, “Соя дар зери замин” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 2010 дар шаҳри Тулаи Русия бар асари беморӣ дар синни 56-солагӣ нависанда, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари маъруфти тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар аз олам гузашт.  и1952 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт (Ғарми пешин) адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик

Муҳаммадраҳими Сайдар дида ба олам кушод. Пас аз хатми мактаби миёнаи №25 ноҳия ва факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе (ДОТ)-и ҳозира ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст. Солҳои 1975-1978 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1978-1990 муҳаррири бахши адабии Радиои Тоҷикистон, солҳои 1990-1992 муҳаррири бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.

Аз соли 1995 хабарнигори радиои «Садои Хуросон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, яке аз созмондиҳандагони мактаби тоҷикӣ ва устоди забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги миллии мактаби мазкур дар Маскав, сардабири нашрияи фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ «Паём» ва хабарнигори бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» дар Маскав будааст.

Ба навиштани қиссаву ҳикоя аз овони мактабхонӣ ва донишҷӯиаш оғоз кардааст. Ҳикояи нахустинаш «Гаҳвораи ноз» соли 1986 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Минбаъда қиссаву ҳикояҳояш пайи ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Помир», «Сомон», «Навиди бозаргон» ва маҷмӯаи «Шафақи субҳ» (1986-1992) интишор ёфтаанд.

Ҳикояву мақолаҳои ӯ пас аз маргаш дар маҷмӯаҳои «Гаҳвораи ноз» (2011; Тоҷикистон) ва «Хостам дар Эрон гум шавам» (2011; Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба табъ расидаанд.

Муҳаммадраҳими Сайдар бо асарҳои навоварона ва диду шинохти вижаи суханварӣ дар таҳаввули насри бадеии солҳои 80-90-ум саҳми шоиста гузошта, адабиёти имрӯзаи тоҷикро ғановат бахшид. Сабку шеваи тозаи эҷодии Сайдарро даҳҳо нависандагони ҷавону ҳаводорони эҷодиёташ идома дода, бо ҳамин васила, ному осорашро зинда медоранд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1985 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия буд. Чанде ҳикояҳояш ба забонҳои дунё, аз ҷумла, русӣ ва украинӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ низ асарҳои бисёре аз адибони машҳури ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст.

ЛУТФАН ИН МАТЛАБРО ҲАМ МУРУР КУНЕД:

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад дар бораи Муҳаммадраҳими Сайдар 

Таҳияи Б.ШАФЕЪ