Баёнияи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо»  (ш. Душанбе, 27. 09. 2022)

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба 815-умин солгарди зодрўзи Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ дар шаҳри Душанбе, 27 сентябри соли 2022 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро зери унвони «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ба шакли ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ (онлайн ва офлайн) баргузор намуданд.  Ҳадафи он дастгирӣ ва ба таври сазовор муаррифӣ, таҳқиқу тарвиҷ намудани таълимоти абадзиндаи Ҷалолуддин Муҳаммад Балхии Румӣ, хусусан ҷанбаҳои сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазириву фарҳангпарварии он мебошад.

Дар солҳои истиқлолият ва ташаккули давлати мустақил барои  густариши илму фарҳанг, вусъат ёфтани таҳқиқоту омӯзиши масоили гуногуни илму маърифат имкониятҳои фарох фароҳам омада барои ба таври муосир таъмин намудани ворисии фарҳангии аҷдодонамон барои наслҳои оянда тамоми шароитҳо таъмин гардид. Дар кишвари мо махсусан дар даҳсолаҳои охир ва бо кўшишҳои пай дар паи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқоти бунёдиву академӣ инкишоф меёбад.

Тавре дўстон ва ҳамкоронамон аз кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон дар видео муроҷиатҳояшон таъкид намуданд, мавзуъ ва масоили мавриди муҳокимаи конференсияи «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо»  хеле мубрам ва муҳим мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо, осори ин мутафаккир  тарғиб гардида, дар маҷмуъ ба олимон  барои омўзишу пажуҳиш, такомули маънавӣрушду нумуи илму фарҳанг мусоидат менамоянд ва ба   олимон барои омўзишу пажуҳиш, такомули маънавӣ, ба таҳқиқоту таҳлилҳои соҳаҳои гуногуни илми Тоҷикистон рўҳу илҳоми тоза мебахшанд.

Конференсияи мо ба ҳадафу мақсадҳои пажуҳиши объективии илмӣ содиқ монда, ҳадди аксари пажуҳандагони мероси Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румиро муттаҳид намуда, дар татбиқи барномаҳои таҳқиқоти илмии байналмилалӣ саҳми худро мегузорад. Конференсияи «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» тамоми баромад ва гузоришҳои олимони тоҷик ва байналмилалиро ба назар гирифта, тасмим гирифтааст, ки барои бештар дастрас намудани захираву неъматҳои зарурӣ ҷиҳати рушду нумуи таҳқиқоти илмӣ талош варзида, барои мақоми сазовор пайдо намудани  он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Дар кори Конференсияи «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» олимон аз гўшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони ҷомеаҳои румишиноси ҷаҳон иштирок намуданд.

Конференсия дар 2 бахш баргузор гардида, дар он беш аз 35 гузориш баррасӣ гардид.

Конференсияи «Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» бо назардошти фикру мулоҳизоти иштирокдорон чунин пешниҳодҳоро ироа менамоянд.

  1. Ҷомеаи илмии Тоҷикистон аз он ифтихор дорад, ки сиёсати бобарори илму фарҳангпарварона тавонмандии зеҳнӣ ва ҷисмонии олимонро тақвият бахшида, имконият медиҳад, ки дар тамоми ҷанбаҳои шинохти саҳми илмӣ ва маънавии мутафаккирони барҷаста фаъол бошанд ва дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзишу санъат, сиёсати дохиливу хориҷӣ саҳми назаррас гузошта тавонанд.
  2. Бинобар ин барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият барои олимон миннатдории самимии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медорем ва шукргузор аз ваҳдату якпорчагии кишвар ва миллат, ватани ободу орому осоишта мебошем.
  3. Ҳамчун қишри варзидаи зиёиён, даъват ба амал меорем, ки дар пайгирӣ аз башаргароиву сабру таҳаммули Мавлоно, ташаббуси фарогирии илму донишро равнақ дода, кўшиши худро ҷиҳати вусъат додани ҷаҳонбинии илмӣ, азбар намудани донишу малакаҳои муосир, махсусан техника ва технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ равона сохта, фаъолона барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва мафкуравии ҷомеа талош варзем.
  4. Иштирокчиёни конференсия имрўз сатҳи илму пажуҳиши тоҷикро дар мисоли таҳқиқоти гуногунсоҳаи румишиносон муаррифӣ намуда, умед аз он доранд, ки саҳмгузории мақомоти давлатӣ дар барномаҳои таҳқиқотӣ ва дастгирии таҳқиқоти олимони тоҷик бештар гардида, барои муаррифӣ кардани дастовардҳои илм дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ мусоидат хоҳанд кард.
  5. Иштирокчиёни конференсия ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои мусоидат дар пазирои меҳмонони конференсия, инчунин ба Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати мусоидату дастгириашон ва ба кулли васоити ахбори умум, ки дар тарвиҷи кори конференсия кӯмак карданд, арзи сипос ва миннатдорӣ намуда, саҳми ҳар як олими дар кори конференсия иштирок намударо басо арзишманду муҳим ҳисоб менамоянд.
  6. Иштирокчиёни конференсия ба ҳамаи онҳое, ки дар омода кардани ин ҳамоиши илмӣ иштирок намуданд, изҳори ташаккур намуда пешниҳод доранд, ки баргузории Конференсияи илмӣ-амалиро ба пешвози зодрўзи мутафаккири номдор-Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ ба ҳукми анъанаи нек дорранд ва ҳамасола шумораи иштирокдорони онро аз тамоми ҷаҳон вусъат бахшанд.
  7. Кумитаи тадорукот ҳамаи пешниҳоду дархостҳои ироагардидаро арзишманду мубрам меҳисобад ва ҷиҳати татбиқу ба амалия ворид намудани онҳо кўшиш менамояд.