Баргузории 19 маҳфил дар як моҳ ва вуруди 3600 хонанда ба Китобхонаи миллӣ дар як ҳафта

Хонанда

Моҳи ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 19 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир шудааст. Рӯнамоии ду китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон ва соҳибназарон, маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва ғайра аз ин қабил тадорукоте буданд, ки ин моҳ доир шуданд.

Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и шоир шинохта Хайрандеш баргузор мегардад, ки ҳадафи гузаронидани маҳфил ин дастгирии бевоситаи навқаламон дар риштаи эҷод аст.

Бино ба иттилоъи сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ Маҳсиддин Сатторов аз 21-ум то 27-уми ноябр 3600 нафар хонандагон вориди толорҳои хониши Китохонаи миллӣ шуда, 6514 адад китоб дархост намуданд.

Дар ҳафтаи сипаришуда 509 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.

Абдуғаюр САЛОМОВ