Баргузории ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методии  Китобхонаи миллӣ

27-уми феврали соли 2026  маҷлиси Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро раиси Шуро – директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ Шарофат Пардаева оид ба масъалаи “Вазъи мубодилаи байналмилалии китоб ва роҳҳои тақвияти он” шунида шуд.

Раиси Шурои илмӣ-методӣ Ҷумахон Файзализода пас аз баррасии ҳисоботи мазкур иброз намуд, ки масъалаи мубодилаи байналмилалии китобҳо мавзуи асоси ва ҳалталаб маҳсуб ёфта давоми сол барои беҳбуди он бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи муовини сардори шуъбаи библиграфияи миллӣ Олуча Исмоилова оид ба масъалаи “Истифодаи барномаи “Библиограф” ва роҳҳои такмили он дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод гардид. Гуфта шуд, кибарномаи “Библиограф” корро дар ин самт осон намуда дастрасиро ба маводи электронӣ дар шакли бисёр осон муҳайё месозад.

Манижа Шерхонова – сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ дар идома аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома баромад карда, мавзуи “Масъалаҳои бунёди фонд ва феҳристи диссертатсия ва авторефератҳои шуъбаи рисолаҳои илмӣ”-ро мавриди барраси қарор дод. Масъалаи феҳристи диссертатсия ва авторефератҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаб маҳсуб меёбад ва бояд аз рӯйи нақша дар муҳлати кӯтоҳтарин бояд анҷом дода шавад.

Баъдан, маълумотномаи сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Яъқуб Бобохонов оид ба рӯнамоии “Портали дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир” пешниҳоди иштирокдорони Шуро гардонида шуд.

Дар иртибот ба таҳия ва барномарезии портали махсуси таҳиянамудаи мутахассисони шуъбаи АРКИ таҳти унвони «Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир» гуфта шуд, ки портали мазкур дар марҳилаи аввал маводи электронии фонди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ, ки бо хатти арабиасос бо забонҳои форсӣ ва арабӣ чоп гардидаанд, дар худ ҷой медиҳад.

Илова бар ин, портали «Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир»-и Муассиса бо ду ҳуруф – тоҷикӣ ва форсӣ таҳия шудааст ва он дар такмили махзани электронии маълумотҳои нодири мамлакат саҳм дошта метавонад.

Ҳадафи сохтани ин портал дар шакли электронӣ нигоҳ доштани нусхаҳои хаттӣ, китобҳои чопи сангӣ, микрофилмҳо, китобҳои чопи муосир, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва маълумотҳои нодири асрҳои гузашта мебошад.

Дар қисмати дигари кори Шуро масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, пешниҳоди мудири бахши ҳуқуқ ва кадрҳо Азам Қаландаров оид ба тасдиқи Қоидаҳо барои аъзо шудан ва гирифтани корти узвияти Китобхонаи миллӣ барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон, Қоидаҳои истифодабарӣ аз хидматрасонии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ, Қоидаҳои хидматрасонии шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ ва Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ пешниҳод гардид.

Баррасӣ ва тасдиқи Низомномаи маҳфили зеҳнии “Китобхонаи беҳтарини моҳ”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон,  баррасӣ нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили сазовор аз 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва мавриди баҳсу таҳлил қарор дода шуданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис, бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир раиси Шурои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ҷиҳати тадбирандешӣ барои беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шурои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа