Барномаи навбатии “Фурўғ”. Баррасии “Достони Киш”-и Ҷек Лондон

Ҷек-ЛондонБори аввал барномаи  «Фурӯғ»-и шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ва телевизиони кўдакону наврасон “Бахористон”   асари “Достони Киш”-и нависандаи амрикоӣ Ҷек Лондонро ба баҳс кашид.  То ин замон дар барномаи зикршуда осори адибони кишвар муаррифӣ ва баррасӣ гардида буд. Ин маҳфил субҳи имрўз баргузор гардид ва аз ҷониби телевизиони “Баҳористон” пурра сабт шуд, ки қарор аст рӯзҳои наздик пахш шавад.

Азиз Азиз, адиби бачаҳо ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ иброз дошт, ки аз миёни асарҳои Ҷек Лондон ин достонр интихоб кардан ба он хотир буд, ки қаҳрамони саргузашт наврас Киш мебошад.

Барномаи “Фурўғ” ҳар ҳафта доир мегардад ва як ҳадафи аслии он омодагии хонандагон барои ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Иддае аз ширкаткунандагони барнома низ афроде мебошанд, ки дар давраҳои пешини озмуни ёдшуда ширкат карданд.

Нозанини Шуҳрат – гардонандаи барнома бо Нозия Носирова, хоҳарон Гурдофарид ва Файзигул Хайруллоева, Мунзифа Зокирова ва иддаи дигаре аз фаъолони шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасонанд, ки дар макотиби таҳсилоти миёнаи кишвар таҳсил менамоянд. Онҳо дар мавриди асари Ҷек Лондон пурсиш матраҳ кардаву посух хостанд.

Рафти барнома чунин аст, ки наврасон асареро мутолиа ва атрофи он баҳсу суҳбат мекунанд. Азбаски ин барнома барои ширкаткуннандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, гурӯҳе аз иштирокдорон тасаввур менамоянд, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат доранд ва онҳоро ҳакамон суолборон мекунанд.

Бачаҳо доварон мешаванд ва суолҳои омодакардаашонро ба довталаб медиҳанд. Аз ҷавобҳо сатҳи дониш ва огоҳии иштироккунанда маълум мегардад. Ҳамин тавр бачаҳо ҳунари суханварӣ, луғатдонӣ, забондонӣ, дар саҳна суханронӣ намудан, барарсӣ, андешаронии озодро меомўзанд.

Чуноне гуфтем, ин маҳфил “Достони Киш”-и Ҷек Лондонро муаррифӣ ва тарғиб намуд. Барнома, ки бо ҳамкории Китобхонаи миллӣ,  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” рўи кор омадааст, заминае барои омодагӣ дидани хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Ҳамзамон тарғиби китобу китобхонӣ миёни насли наврас ба шумор меравад.

Бояд гуфт Ҷек Лондон нависанда, журналист, хаабрнигори ҳарбӣ, ходими ҷамъиятӣ ва ҷомеашинос аст, ки дар руйхати номинаи адабиёт ҷаҳони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  китобҳои ў низ баҳри мутолиа тавсия шудааст. “Саргузашти Киш” бо забони русӣ ва тарҷумаи тоҷикии он аз Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.