Хидмати беш аз 60-солаи як луғати фразеологии фаронсавӣ-русӣ

Луғати-фаронсавӣЗабони фаронсавӣ аз гурӯҳи серистеъмолтарин забонҳои олам ба шумор меравад.  Яке аз забонҳои расмии аҳоли фаронсавии Белгия, Швейтсария (асосан дар Романдия) ва Канада (асосан дар Квебек) мебошад. Забони фаронсавиро бисёри қисми аҳолии кишварҳои Африқо, ҳавзаи Қариб (Ҳоитӣ ва ғайра), Гвианаи Фаронса ҳамчун забони расмӣ ва муошират истифода мебаранд. Он ба гурӯҳи оилаҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ (шохаи италӣ, гурӯҳи романӣ, зергурӯҳи галло-романӣ)  шомил аст.

Бино ба гузориши Донишномаи озод забони фаронсавӣ низ яке аз забонҳои расмии СММ ва ЮНЕСКО ва забони расмии бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва яке аз серомӯхтатарин забони хориҷӣ ба шумор меравад. Созмони байналмилалии «Франкофония», шумори гӯишварони ин забон дар ҷаҳонро беш аз 327 миллион нафар эълон кардааст.

Бояд гуфт,ки муошират  бо забони хориҷӣ бидуни донистани калимаву луғатҳо ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз забоншиносону олимони соҳавӣ барои забономӯзон дар тартиб ва таълиф намудани луғатномаву фарҳангҳо хидматҳои босазое намудаанд. Луғати фразеологии  фаронсавӣ-русӣ (“Французско-русский фразеологический словарь) яке аз ин луғатномаҳост. Ин луғатнома аз ҷониби Я.И.Рецкера тартиб дода шуда, фарогири 35 ҳазор калима ва ибораҳо мебошад.

Луғати фразеологии фаронсавӣ-русӣ дар ҳаҷми 1112 саҳифа соли 1963 аз ҷониби нашриёти  “Гасударственное издательство Национальных словарей” дар шаҳри Москав нашр гардидааст. Он яке аз маъруфтарин луғатномаҳои фразеологии фаронсавӣ ба русӣ  ба шумор меравад. Дар баробари ин қадимтарин луғатномаи фразеологии фаронсавӣ ба русие мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ин луғатномаро тӯли ин беш аз 60 сол истифода мебаранд ва бино ба гуфтаи ҳамкоронамон аз бахши хизматрасонӣ ба муштариён ҳамоно аз ҷумлаи серталабтарин китобҳост.

Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо, хонандагони азиз, метавонед аз он мунтазам истифода намуда,малакаву маҳорати хешро дар риштаи забономӯзӣ сайқал диҳед.

Манижабону Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.