Бист сол бо «Калтак”, ҳоло бе “Калтак”
«Калтак», киножурнали ҳаҷвии тоҷикӣ, ки киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1971 то 1991 таҳия кардааст. «Калтак» нахустин киножурнали ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон буд, ки аз оғоз то анҷом қариб 100 шумора таҳия ва пахш шудааст. Ҳар як шумораи «Калтак» аз 4-5 сужет иборат буд ва аз тариқи телевизион, инчунин дар кинотеатрҳо пеш аз оғози филмҳои бадеӣ намоиш дода мешуд.
«Калтак» соле чор бор бо навори ранга ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таҳия мегардид. Сужетҳо асосан бо услуби филми ҳуҷҷатӣ (бо ширкати актёрон) ва тасвирӣ (мултипликатсионӣ) ба навор гирифта мешуданд.
«Калтак» камбуду норасоиҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум (фаъолияти хоҷагидории баъзе роҳбарони идораҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, колхозу савхозҳо ва ғайра)-ро ба тариқи ҳаҷв ошкор мекард. Дар баробари танқид нуқсҳо ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти мавҷударо низ нишон медод.
«Калтак» замимаи «Баъд аз баромади «Калтак»-ро дошт, ки аз натиҷаи танқиди худ ва ислоҳи камбудҳои намоишдодашуда нақл мекард. Коргардон-таҳиягарони «Калтак» кормандони эҷодии студияи «Тоҷикфилм» (А. Тўраев, С. Ҳомидов, И. Азизбоев, М. Қосимова, В. Аҳадов ва дигарон) буданд.
Сужетҳои тасвирии «Калтак»-ро М. Мансурхоҷаев, Б. Қаҳҳоров (коргардон) таҳия мекарданд. Сенарияҳои «Калтак»-ро адибони тоҷик А.Сидқӣ, Ў. Кўҳзод, Б. Ғанӣ, С. Ҳақдод ва сенариянависон В. Максименков, Г. Гуллер менавиштанд. Бо «Калтак» ҳаҷвнигорони машҳури шўравӣ В. Панков, А Каневский, А.Тараскин, ки муаллифони доимии «Фитил» (киножурнали ҳаҷвии умумииттифоқӣ) буданд, ҳамкорӣ доштанд.
«Калтак» дар замони шўравӣ маъруф буд. Он бо «Фитил» робитаи эҷодӣ дошт ва чандин бор барои он аз ҳаёти ҷумҳурӣ сужетҳо омода кардааст, ки тариқи телевизиони марказии ИҶШС намоиш дода шудаанд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 310.
Муаллиф: О. Нозир
Таҳияи Шаҳноза САДИРЗОДА,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.