Рӯ ба илм. Каллисто – як радифи сайёраи Муштарӣ

CallistoКаллисто – яке аз радифони табиии сайёраи Муштарӣ, 4-ум аз ҷиҳати дурист. Каллисторо радифи галилейӣ низ мегӯянд, зеро бори аввал онро Галилей моҳи январи соли 1610 тавассути телескоп мушоҳида карда буд. Ба шарафи қаҳрамони асотирии Юнони Қадим, маъшуқаи Зевс – Каллисто номгузорӣ шудааст.

Массааш 1,076.1023 кг, зичии миёнааш 1,834.103 кг/м3, қутраш 4820 км. Каллисто аз рӯи мадори доираи радиус (нимқутр)-аш тақрибан 1883 ҳазор км ҳаракат мекунад. Даври мадориаш 16,69 шаборӯз буда, бо даври чархишаш дар атрофи меҳвари худ баробар аст, бино бар ин, Каллисто нисбат ба Муштарӣ ҳамеша бо як тараф нигаронида шудааст.

Каллисто атмосфера надорад, аз ин сабаб сатҳи он бо ёрии дастгоҳҳои кайҳонӣ ба таврӣ муфассал харитабандӣ шудааст. Сатҳи Каллисто аз релефи пур аз танӯраҳои шиҳобпораӣ (метеоритӣ) аст, ки аз марҳалаи ташаккули Муштарӣ ва радифони вай боқӣ мондааст. Дар баъзе минтақаҳои сатҳи радиф силсилаи танӯраҳои зарбавӣ дида мешавад, ки ба ақидаи олимон онҳо дар натиҷаи бархӯрд бо ҳастаҳои зузанаб (комета) ё шиҳобҳо (астероидҳо), ки зери таъсири қувваҳои маддии Муштарӣ пора шудаанд, ба вуҷуд омадаанд.

Яке аз танӯраҳои калонтарин Валгалла аст, ки дар замони қадим дар натиҷаи бархӯрд бо шиҳобпора (метеороид)-и бузург ба вуҷуд омадааст. Дар сатҳи ин мавқеъ тарқишҳои доиравӣ мушоҳида мешаванд, ки қутрашон то 2000 км мерасад. Сатҳи Каллисто торик буда, албедои ҳандасавиаш ба 0,22 баробар аст. Танӯраҳои зарбавӣ албедои беҳад баланд (зиёда аз 80 %) доранд, ки сатҳашон бо моддаи дар натиҷаи таркиш партофташуда (“нурҳо”) пӯшида шудааст. Дар ин ҷойҳо сатҳи яхи холис кушода шуда, қабати берун (қишр)-и радифро ташкил медиҳад. Дар сатҳи Каллисто тақрибан осори равандҳои тектоникию вулканӣ ва ташкилаҳои кӯҳи мушоҳида намешаванд.

Тахмин меравад, ки Каллисто дорои чунин сохтор аст: қабати яхӣ (ғафсиаш 70–100 км), қабати оби моеи шӯр (эҳтимол меравад, ки уқёнуси зерисатҳии умқаш 50–200 км вуҷуд дошта бошад), мантияи силикатию яхӣ ва ҳастаи начандон калони иборат аз ях ва силикатҳо.

Бузургии гаштовар (момент)-и энергияи беҳудуди Каллисто (0,3549) ба ҷойгиршавии миқдори ками модда дар маркази ҷисм ишора мекунад. 49–55 дарсади массаи радифи Муштарӣ ба қабати обӣ ва мантияи яхӣ рост меояд.

Ҳарорати сатҳи Каллисто ба ҳисоби миёна 134 келвинро ташкил дода, дар истиво ҳангоми қиёми рӯз 165 келвин аст ва баъди ғуруби Офтоб то 80 келвин паст мешавад.

Каллисто майдони магнитӣ надорад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 298.
Муаллиф: Л. Бойматов

Таҳияи Замира ДАВЛАТОВА
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ