БО БАЧАҲО. Абдуқодири Абдуқаҳҳор. “Парвонаи атласбоф”
Хоҳару бибии мо дар ҷашни Наврӯз либоси атлас ба бар мекунанд. Атласи рангоранг ба ҳама мезебад. Оё хабар доред, ки атлас чӣ хел бофта мешавад? Аз пашм? Не. Аз пахта ҳам не. Аз… Не, не, намегӯям. Худатон ин китобро хонеду бохабар ва ҳайрон ҳам шавед. Инаш беҳтар. Чӣ гуфтед?
Дар табиат парвонаҳои зиёде мавҷуданд: Сурху сафед, зарду сиёҳ, кабуду сабз, якрангу рангоранг мешаванд.
Ин парвонаи пилла аст. Вай аз торҳои абрешим дар атрофи худаш ғўзаи пилла мебофад.
Парвона баҳор тухм мегузорад.
Аз тухми парвона кирмакҳо пайдо мешаванд.
Кирмакҳоро дар пиллахона парвариш мекунад.
Онҳо танҳо барги дарахти тут мехўранд.
Кирмакҳо калонтар мешаванд. Баьди 25-30 рўз пилла метананд.
Одамон пилларо бо даст ҷамьоварӣ мекунанд. Пиллаҳои ҷамъовардаро ба корхонаи пилларесӣ месупоранд.
Дар корхона ғўзаи бофтаи кирми пилларо мекушоянд. Он ба нахи хеле дарози абрешимӣ табдил меёбад.
Нахҳоро дар коргоҳ даста – даста ҷудо мекунанд.
Нахҳоро бо рангҳои гуногун ранг мекунанд.
Аз риштаҳои рангин бо дастгоҳи бофандагӣ атлас мебофанд.
Аз атлас либос медўзанд.
Либоси атласро одатан дар рўзҳои иду хурсандӣ хусусан дар ҷашни наврўз мепўшанд.
Китоби “Парвонаи атласбоф” ва даҳҳо китоби дигар аз ин силсиларо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Умед Алиев.