БО БАЧАҲО. Азизи Азиз. “Як китоб амали нек”

Асрор ба мактаб рафтанист. Вай бо модару хоҳараш хайр мегӯяд. Модару хоҳар низ ба ў хайр мегўянд.

Асрор дар кўча бо Наргис вохўрд.

-Биё, ман ба ту ёрӣ расонам, – гуфт вай.

Асрор санги дар роҳ бударо гирифта, ба канор партофт. Наргис коғази яхмосро гирифта, ба қуттии партов партофт.

Сими барқ аз сутун канда шуда, ба замин афтидааст. «04» занг зад. Асрор роҳгузаронро огоҳ кард.

Асрор ва Наргис сабз шудани чароғаки раҳнаморо мунтазир шуданд.

Афсўс. Ниҳолаке шикастааст. Асрор ва Наргис ниҳолакро бардошта, чойи шикастаро бо коғазширеш печониданд.

Асрор ва Наргис ба марде гуфтанд:

– Амакҷон, бубахшед, банди попўшатон кушода шудааст. Мабодо пешпо хўред.

Ба пиразане  ёрӣ расонидан лозим омад. Асрору Наргис ин кори некро иҷро карданд.

Ана, боз як амали нек: ҷумаки об кушода шудааст. Наргис онро маҳкам кард.

Дар назди мактаб мағозаи китобфурўшӣ буд. Асрор ва Наргис аз мағоза китоби нав хариданд.

Бачаҳо ба саҳни мактаб даромаданд.  Ба омўзгор салом доданд.

Бачае афтидааст. Асрор ва Наргис ба ў барои хестан ёрӣ расонданд.

Асрор дари синфхонаро кушода, ба Наргис гуфт:

-Марҳамат, Наргис даро.

          *****    ******    ****

Бачаҳои азиз! Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои хубу шавқоварро, ки ахиран чоп шудаанд, шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Матимова Зуҳро, мутахассиси пешбари        

шуъбаи кудакон ва наврасон.