Суханрониҳо дар Конфронс. Сайфиддин Назарзода. Вожаҳои варорўдӣ дар  «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Балхӣ

Сарзамини паҳновар ва бостонии ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо мардону номоварони худ дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва дину диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Яке аз чунин мардони бузурги олами ирфону тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхист, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс, Хамўш ва Хомўш машҳур аст. Ў дар хонаводаи яке аз донишмандони тавонои он рўзгор Баҳоуддин Валад, ки бо лақаби Султонулуламо низ машҳур буд, 30 сентябри соли 1207 дар сарзамини Вахши бостонӣ (он замон аз лиҳози маъмурӣ ҷузъе аз Балхи бостонӣ ба ҳисоб мерафт) зода шуда, 29 январи соли 1283 мелодӣ дар Қунияи Рум аз дунё гузашта аст. Мазори мубораки ў дар ин шаҳр бо номи «Қуббаи хазро» маъруфу машҳур аст.

Падари Мавлоно – Баҳоуддин Валад бо сабаби ихтилофҳои назарӣ, ки бо Фахруддини Розӣ, устоди руҳонии Муҳаммад Хоразмшоҳ доштааст, маҷбур мешавад, ки Балхро бо баҳонаи сафари Ҳаҷ тарк гўяд ва баъди чандин соли мусофират дар шаҳри Қуния бо даъвати Султон Алоуддини Кайқубоди Салҷуқӣ маскан гузинад ва дар ҳамин ҷо зиста дунёро падруд мегўяд.

Бояд гуфт, ки ин шаҳр тахминан сад сол пеш аз омадани Султон Баҳоуддин аз тарафи Масъуди аввал (1118-1115), Султони Салҷуқии Рум пойтахт эълон шуд ва дар ин муддат ба як шаҳри фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфта буд. Муҳимтар аз ҳама, забони расмиву давлатии сулолаи Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ-форсӣ ҳисоб меёфт ва замоне падари Мавлавӣ ба ин ҷо омад, муҳити шаҳр тоҷикӣ буд ва тоҷикон дар ин шаҳр бештар сукунат доштанд. Устод Зарринкўб таъкид мекунад, ки: «Аммо бештарини аҳли шаҳр аз турку тоҷик ба забони форсӣ сухан мегуфтанд ва форсигўёни тоҷик, ғолибан, мухтарифаи шаҳрӣ буданд ва баъзе мақомоти девонӣ ва аксар маносиби шаръӣ ба онҳо тааллуқ дошт».

Матни комили суханронии профессор Сайфиддин Назарзода. “Вожаҳои варорўдӣ дар  «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Балхӣ”