БО БАЧАҲО. Бародарон Гримм. “Тангаҳои осмонӣ”. Бахши I

Бародарон Якоб ва Вилгелм Гримм забоншинос ва адиби олмонӣ мебошанд. Ҳарду ҳам профессор ва узви Академияи фанҳо буданд. Муҳимтарин хидмати онҳо ба табъ расондани маҷмӯаи “Афсонаҳои бачагона ва оилавӣ” ва “Ривоятҳои олмонӣ” буд. Ин ду асар чун шаҳкори адабиёти ҷаҳонӣ дониста мешаванд ва бародаронро машҳур карданд.

Қиссаву афсонаҳои бародарон Гримм ба забонҳои зиёди олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд. Китобчаи “Тангаҳои осмонӣ” –ро, ки соли 2019 дар “Дунёи Дониш” нашр шудааст, Қодирҷон Ғафуров тарҷума ва ба чоп ҳозир кардааст.

Чанд ҳикоя аз ин китобро дар ду бахш манзури шумо, хонандагони ҷавон мекунем.

РЎБОҲ ВА АСП

 Буд, набуд деҳқоне буд. Вай аспи бовафое дошт. Бо гузашти рўзҳову солҳо асп пир шуду аз кор монд. Деҳқон дигар ба асп хўрок надоду гуфт:

– Ту, дигар аз уҳдаи кор намебароӣ. Вале агар зўриатро нишон диҳиву ягон шерро кашола карда биёрӣ, ман туро ба хонам роҳ медиҳам. Ҳоло аз хонаи ман гум шав.

Асп ғамгин шуду ба ҷангал рафт, то ки барои худ паноҳгоҳе ёбад. Ногоҳ ба рўбоҳе дучор омад. Рўбоҳ ба асп гуфт:

– Ту чаро ғамгин ҳастию дар ҷангал танҳо мегардӣ?

– Эҳ напурс, – гуфт асп, – хасисӣ ва вафодорӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳам муввофиқ намеомадааст. Хўҷаинам хизмати чандинсолаи вафодоронаи маро фаромўш кард. Маро, ки акнун замин шудгор карда наметавонам, аз хонааш пеш кард.

– Ваҳ, ту ягон илоҷ надорӣ? – пурсид рўбоҳ.

–Ҳеҷ илоҷ надорам, – ҷавоб дод асп, – хўҷаин гуфт, ки агар ман зўр дошта бошам, ягон шерро кашола карда барам, он вақт маро ба хонааш роҳ медмҳад. Вале хўҷаин хуб медонад, ки ман ин корро карда наметавонам.

Рўбоҳ гуфт:

– Ман ба ту ёрӣ медиҳам. Ту дар ин ҷо дароз кашу нафас набарор, гўё ки мурдаӣ.

Асп ҳамин тавр кард. Рўбоҳ ба ғоре рафт, ки шер дар он ҷо зиндагӣ мекард. Ба шер гуфт:

– Дар он ҷо аспи мурдае ҳаст. Ҳамрохи ман биё шикаматро сер мекунӣ.

Шер ҳамроҳи рўбоҳ рафт. Онҳо ба назди асп расиданд ва рўбох гуфт:

– Ту дар ин ҷо бароҳат гўшт хўрда наметавонӣ. Биё, ман тўшаи аспро ба думи ту бандам ва ту онро кашола карда ба ғори худат бар ва оромона дар ҳамон ҷо бихўр.

Ин маслиҳати рўбоҳ ба шер маъқул шуд. Шер қафояшро гардонд, то рўбоҳ аспро ба думаш бандад. Вале рўбоҳ бо думи асп пойҳои шерро маҳкам баст ва ба асп гуфт:

– Канӣ, хез, шерро кашола кун!

Асп бархесту шерро кашола карда бурд. Шеър чунон наъра мекашид, ки ҳамаи парандаҳои ҷангал ба ҳаво бархостанд, чарандаҳо ба даҳшат афтоданд. Вале асп парвое надошту шерро ба сўйи хонаи хўҷаинаш мекашид. Хўҷаин ин ҳолро диду ба асп гуфт:

Ту акнун метавонӣ ба хонаи ман биёӣ ва осуда, серу пур зиндагӣ кунӣ.

Хамин тавр, то охири умраш хўҷаин аспро нигоҳубин мекарду хўроки хуб медод.

БОБОИ ПИР ВА НАБЕРА

 Буд, набуд бобои пире буд. Чашмони ў хира, гўшҳояш вазнин буданду зонуҳояш меларзиданд. Вақте ки барои хўрокхўрӣ ба паси миз менишаст, қошуқро маҳкам дошта наметавонист ва хўрокро ба болои дастархон мерезонд. Аз ин кор писари мўйсафед ва зани ў озурда мешуданд ва пирамардро ба як кунҷе бурда мешинонданд.

Ба мўйсафед дар косаи сафолӣ хўрок медоданд. Хўрокашон ҳам казоӣ набуд, аз ин сабаб, мўйсафед сер намешуд. Ғамгинона ба мизе, ки дар паси он писараш ҳамроҳи занаш хўрок мехўрд, нигоҳ мекард ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешуд.

Боре дастони пирамард ларзиданд ва косаи сафол аз дасташ афтиду шикаст. Келинаш ўро таънаю маломат кард, вале пирамард чизе нагуфту фақат оҳи чуқур кашид. Келин ба падаршўяш косачаи чўбӣ харид ва мўйсафед аз он хўрок мехўрд.

Боре падару модар бо ҳам сари дастархон менишастанд, ки писараки майдаяки чорсолаи онҳо чанд тахтапораро овард ва онҳоро ба ҳам часпондан гирифт.

– Ту чӣ кор мекунӣ? – пурсид падараш.

– Ман охур месозам,– ҷавоб дод писараш, – вақте калон мешавам, ба падару модарам аз ҳамин охур хўрок медиҳам.

Зану шавҳар ба ҳамдигар нигаристанду ғамгин шуданд. Пирамардро зуд ба сари миз оварда шинонданд ва ба ў хўроки хуб медодагӣ шуданд. Агар пирамард нохост ба рўйи дастархон каме хўрок резонад ҳам, ўро маломат намекарданд.

 

Китобчаи  бародарон Гримм “Тангаҳои осмонӣ” ва даҳҳо китоби шавқовари дигарро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Шабнами Мустафо,

мутахассиси пешбари шуъбаи кудакон ва наврасон.