БО БАЧАҲО. Искандари Ислом. “Мурғи марҷон”

Фасли баҳор омад. Мурғи марҷон панҷ дона тухм гузошт. Мехост, ки чўҷа барорад, панҷ чўҷаи зебояк. Ба назди мурғи марҷон Кабк омад. Омаду гуфт:

– Мурғи марҷон, ту бисёр меҳрубонӣ. Ду тухми маро ҳам гирифта, чўҷа барор. Ман серкорам. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам.

Мурғи марҷон гуфт:

– Хуб шудааст:

Вай ду дона тухми Кабкро ба зери пару боли зебояш гирифт.

Сипас Мурғобӣ омад. Омаду гуфт:

– Мурғи марҷон! Ту бисёр ғамхорӣ.

Се тухми маро ҳам гирифта, чўҷа барор. Кори ман бисёр аст. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам.

Мурғи марҷон гуфт:

– Хуб шудааст, Мурғобиҷон.

Вай се дона тухми Мурғобиро ҳам ба зери пару болаш гирифт.

Баъд Ғоз омад. Омаду гуфт:

–Мурғи Марҷон. Ту бисёр меҳрубонӣ. Чор тухми маро ҳам гирифта чўҷа барор. Ман хеле серкорам.Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам.

Мурғи марҷон гуфт:

– Хуб шудааст, Ғози азиз.

Вай чор дона тухми Ғозро ҳам ба зери пару болаш гирифт.

Мурғи марҷон хурсанд шуд. Хурсанд шуда, пару бол афшонд.

Чанд рўз гузашт.

Мурғи марҷон чўҷаҳоро ба доначинию тамошо бурд.

Аз куҷое Кабк расида омад.

– Оҳ, чӣ чўҷаҳои зебо! – гуфт вай.–

Ман омадам, ки чўҷаҳоямро гирифта барам.

Баъд аз куҷое Мурғобӣ пайдо шуд.

– Оҳ, чӣ чўҷаҳои зебо! – гуфт вай, –

Ман омадам, ки чўҷаҳоямро гирифта барам.

Ногох Ғоз пайдо шуд.

– Оҳ, чӣ ҷўҷаҳои зебо! – гуфт вай, –

Ман омадам, ки чўҷаҳоямро гирифта барам.

Мурғи марҷон ба Кабку Мурғобию Ғоз гуфт:

– Марҳамат. Чўҷаҳоятонро гирифта баред.

Аммо ягон чўҷа аз паси Кабку  Мурғобӣ нарафт. Ягон чўҷа ба Ғоз эътибор ҳам надод. Балки чўҷаҳо аз онҳо тарсида, зери пару боли Мурғи марҷон пинҳон шуданд.

– Очаи мо ҳамин Мурғи марҷон аст, – чӣ-чӣ карданд ду чўҷаи Кабк.

– Очаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, – чӣ- чӣ карданд се Мурғобӣ.

– Очаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, – чӣ-чӣ карданд чор чўҷаи Ғоз.

– Очаи мо мурғи марҷон аст, – чӣ-чӣ карданд панҷ чўҷаи худаш.

 

Баъд чўҷаҳо аз зери пари Муғи марҷон сар бароварда, баробар гуфтанд:

– Очаи мо ҳамонест, ки моро аз тухм баровардааст.

Кабку Мурғобию Ғоз ноумед шуда рафтанд. Рафтанд, ки аз нав тухм гузошта, худашон чўҷа баробаранд ва соҳиби чўҷа шаванд….

Китобчаи  “Мурғи марҷон” –и Искандари Ислом  ва даҳҳо китоби шавқовари дигарро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова

МАВОДҲОИ ҲАМСОН:

БО БАЧАҲО. Бародарон Гримм. “Тангаҳои осмонӣ”. Бахши I