Аз таърихи китобхонаҳои олам. КИТОБХОНАИ КУНГРАИ АМРИКО

Китобхонаи Кунгра дар соли 1800 бо як маҷмўи хурди 3000 ҷилда бунёд гаштааст. Томас Ҷефферсон (солҳои 1743-1826) раиси ҷумҳурии ҳамон замон (солҳои 1801-09) алоқаи зиёде ба умури китобхона дошт. Ҳарчанд ин китобхона ба оташ кушодани артиши Бритониё ба Вашингтон соли 1814 комилан сўхт ба аз байн рафт, аммо соле баъд аз нав барпо шуд ва Ҷефферсон маҷмўи шахсии 6400 ҷилдии арзишманди худро ба китобхона ҳадя кард ва ин маҷмўа асоси китобхонаро ташкил дод.

Дар оғоз китобхона пешрафти чашмгире надошт, лекин дар давоми ин қарн тақрибан маҷмўи комиле аз осори таърихии нашршуда то соли 1870-ро боз фароҳам овард. Он дар поёни қарн осори марбут ба Амрикои куҳанро низ таҳия кард. Китобхона соли 1870 аз ҳаққи муаллиф бархурдор гардид, аз соли 1864 ду нусха аз тамоми осори мунташиршуда дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарёфт мекунад.

Ин амр сабаб шуд, ки ганҷинаи он бо гирдоварии осор аз бойигарии қобили таваҷҷуҳе бархурдор гардид. Ҳамчунин аз соли 1867 низоми байналмилалии мубодилаи маводро оғоз кард ва ин равиш ба гирд омадани асноди расмии аксар кишварҳои ҷаҳон, интишороти анҷуманҳо ва муассисоти пажўҳишӣ ва илмӣ анҷомид.

Соли 1899 интиқоли китобхона ба сохтмони ҷадидаш оғоз шуд ва Герберт Путнэм (солҳои 1899-1939) китобдори китобхонаи умумии Бостон ба вазифаи китобдори китобхонаи Кунгра мансуб гардид. Дар воқеъ, аз замони таъйини Г. Х. Путнэм рушди китобхонаи миллӣ оғоз шуд.

Аз таърихи китобхонаҳои олам. Китобхонаи миллии Порис

Соли 1897 китобхона 800000 ҷилд китоб дошт ва ин маҷмўа дар соли 1939 ба 6000000  ҷилд расид ва ин барои як китобхонаи миллӣ дар арзи чаҳор сол шоҳкорӣ ба ҳисоб меомад. Чанд соли пеш мавҷуди онро беш аз 10000000 ҷилд бо маводи ғайрикитобӣ тахмин мезаданд. Ин китобхона дорои маҷмўи азиме аз нусхаҳои хаттӣ, нақша, тарҳ, акс, гравюр ва ғайра аст ва рушди рўзафзуни он таснифи мавзўъҳо ва гирдоварии маҷмўаҳои тахассусиро зарурӣ намуд. Дастоварди китобхонаи Кунгра, ки ба буҷаи нисбатан кам ва бахшҳои боарзиш то соли 1925 дар макон қарор гирифта буд, метавонад заминаи китобдориро дар ихтиёр гузорад ва ба унвони як китобхонаи пажўҳишӣ дар хидмати ҳамаи миллат қарор гирад.

Мисли китобхонаи миллии дигар рушди китобхонаи Кунгра суръати суст дошт. Ин амр то ҳадди зиёде ба бетафовутии Кунгра дар хариди маҷмўаҳои муҳим ва комил аз бозорҳои Урупо марбут буд. Дар воқеъ, пас аз таҳияи маҷмўи Смитсониан соли 1846 фурсати эҷоди китобхонаи миллӣ рух намуд. Дар тайи як қарни мавҷудияти худ ба ҳадде рушд ёфта, бузургтарин китобхонаи Амрикоро ном гирифт.

Китобхонаи Кунгра дар аввалҳои соли 1901 ба чопи баргаи феҳристи чопӣ даст зад, аммо муҳимии феҳристнависии мутамарказ  ё таҳияи феҳристгонии саросари кишварро оғоз кард. Хадамоти китобшиносиро зарурӣ ташхис ва ин хадамотро барои мардум ба уҳда гирифт. Дар воқеъ китобхонаи Кунгра маркази фаъолияти тамоми низоми китобхонаи Амрико гардидааст ва ҳамаи китобхонаҳо аз феҳристҳояшон ёварӣ металабанд. Феҳристгоне, ки бо кўмаки Рокфеллер-таъмин гардид, муҳимтарин ва барҷастатарин василаи китобшиносӣ шудааст, ки миллат метавонист дар ихтиёр дошта бошад. Рушд ва пешрафти китобхонаи Кунгра ба талошҳои муштоқони китобдоронаш, хусусан Споффорд Э.Р. (солҳои 1867-97), Арчибалд Маклиш (1939-1949) ва Г. Х. Путнэм низ машҳур аст.

Китобхонаи Кунгра иборат аз ду утоқ, ҳафт корманд ва 6300 ҷилд китоб ба миён омад.

Китобхонаи Кунгра ва музейи Бритониё тарҳи радабандии хоси худро доранд. Ин тарҳ дар асл тавассути Мортел ва Стифенсон рехта шуда ва китобхонаҳои Амрико бисёре аз ин тарҳро пазируфтанд. Ҳамчунин ба интишори «Феҳристи сарунвонҳои мавзўӣ» даст зад, ки эҳтимолан ҷомеътарин сиёҳае бошад, ки то кунун таҳия шудааст ва мавриди истифодаи васеи китобхонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Китобхонаи Кунгра (соли 1979) 73 млн. маводи хонданӣ дошт.

 

Аз китоби С.Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”, Д. 2013.

 

Таҳияи Мадина Ҳамидова, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.