БО БАЧАҲО. Ниташа Аслан Хан “Дар ҳама ҷо пластик”

ПластикШумо медонед, ки пластик чист. Дар бораи пластик бисёр гап мезананд. Албатта, ин гапҳо ба гўши шумо ҳам расидааст. Аммо баъзе хабарҳо чандон хубу хуш ҳам нестанд.

Хуб, пластик чист? Он аз куҷо пайдо шуд  ва ба куҷо меравад? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мо бояд замони гузаштаро ба ёд орем.

Акнун ба мошинаи вақт  нишинед!

Садҳо сол пеш зиндагии одамон дигар буд. Онҳо хўрокҳои дигар истеъмол мекарданд, либоси дигар мепўшиданд ва асбобу ашёи рўзгорашон ҳам дигар буд. Шонаро аз чўб метарошиданд. Бозича ва зарфҳояшон низ чўбин буданд. Зарфҳо, одатан, аз чўб, устухони ҳайвон (масалан, дандони ашки фил), садаф ва санг сохта мешуданд. Он замон одамон барои аёи худ аз табиат мавод меёфтанд ё онро аз ҳайвонот мегирифтанд.

Бо мурури замон донишу таҷрибаи зиндагии одамон бештар шуд. Дўкону корхонахо бунёд шуданд ва асбобу ашёи рўзгор дар он ҷо сохта мешуданд. Бо вуҷуди ин истифодаи маводи табиӣ (чўб, чарм, устухон, садаф ва устухони фил) давом мекард.

Вале одамон барои сохтани ашё аз дандони фил, устухон ва садаф зиёдтар истифода мекарданд. Барои ин қувваи зиёд сарф мешуд. Зарур буд, ки маҳсулоти наве дарёфт ва омода шавад, ки ҳам арзон бошаду ҳам осон.

Пас аз чандин сол олимон маводе ихтироъ карданд, ки метавонист, ҳар гуна шакл бигирад ва мустаҳкаму қавӣ бошад. Агар содатар карда гўем, маводде ихтироъ шуд, ки махсулоти пешинаро иваз кард, яъне ҷойи онҳоро гирифт.

Ин маҳсулот тамоми хосияти устухон, чўб, дандони фил ва садафро дар худ ғунҷонда буд. Ҳамчунин, аз ин маҳсулот асбобу анҷому ашё ба осонӣ сохта мешавад ва ниёз ба шикори ҳайвонҳо намонда буд. Ин маҳсулот пас аз таҷриба ва кушиши зиёд миёни нимаи дуюми солҳои 1800 ва авали 1900 ихтироъ ва истехсол шуд.

ОНРО ПЛАСТИК НОМ НИҲОДАНД!

Пластик чӣ тавр сохта шудааст?

Ҷавоби одитарин ба ин савол чунин аст: пластик аз баъзе маводи ҳосилшудаи нафт сохта мешавад, аммо ба он чанд маводи химиявиро низ омехта мекунанд. Чун олимон пластикро ихтироъ карданд, мушкили одамон сабуктар шуд: акнун ашёе ба даст омад, ки устухон, шох ва дандони ашкии филро иваз намуд.

Ҷиҳатҳои хуби пластик дар чӣ буд?

Барои истеҳсоли пластик харҷ ва заҳмати зиёд лозим набуд. Онро метавон ба осонӣ истеҳсол кард. Асбобу ашёе, ки аз пластик сохта мешавад, арзонтар ва қариб ба ҳамаи одамон дастрас шуд. Онҳо дар об ҳал намешуданд. Пластик сабук, аммо хеле мустаҳкам буд. Онро барои истеҳсоли ашёи зиёди ниёзи мардум истифода кардан мумкин буд.

Ҳоло як дақиқа сабр кунед! Агар пластик барои одамон манфиати зиёд оварда ва ҳатто ба наҷот додани ҳайвонот мусоидат карда бошад, пас мушкили онҳо дар чист?

Барои ҷавоб додан ба ин суол моро лозим аст, аз мошини вақт нафуромада, камарбандро мустаҳкамтар баста, ба замони ҳозира баргардем!

Вақте ки пластик сохта шуд, яке аз бузургтарин ихтироот ба ҳисоб рафт. Ҳоло пластик дар атрофи мо дар қолаб ва шаклҳои гуногун дида мешавад. Зарфҳои об, чуткаи дандоншўйӣ, шона, бозичҳо, халтаҳои партов, контейнерҳо, борпечҳои хўрокворӣ, муқоваи китоб, қисмҳои ҳавопаймо, таҷҳизоти тиббӣ ва ашёи бешумори дигар аз пластик сохта шудаанд. Ашё ва асбоби пластикӣ дар муҳити зисти мо басо зиёд аст. Аммо ба зудӣ мушоҳида ва исбот ҳам шуд, ки пластик зарар низ дорад.

Мушкилоти пластик аз чӣ иборат аст?

Мушкили 1. Одамон пластикро ба муҳити атроф паҳн мекунанд. Пластик ба тамоми ҳайвонот зарар мерасонад. Ҳайвонҳо метавонанд, ашёи пластикии ба замин партофтаи моро бихўранд. Ҳатто моҳӣ ва дигар ҳайвоноти кўлу дарё ва баҳрҳо пластикро фурў мебаранд. Аммо онҳо пластикро ҳазм карда наметавонанд ва оқибат бемору нобуд мешаванд. Ҳамаи ин натиҷаи муносибати нодуруст ба муҳити атроф ва пластик мебошад.

Мушкили 2. Пластик ба зудӣ вайрон намешавад, яъне намепўсад. Барои ин вақти хеле зиёд даркор аст. Барои пўсидани баъзе намуди пластик ҳатто 1000 сол лозим мешавад. Ҳазор сол!

Акнун тасаввур кунед: аҳолии кураи замин зиёда аз 7 миллиар аст. Ин 9 сифр мебошад: 7000 000 000!

Бори дигар тасаввур кунед: 7 милиард одам пластикро дар шаклҳои гуногун истифода мебаранд ва 7 милиард одам ашёи пластикӣ партоб мекунад. Ин хеле бисёр аст! Бори вазнин аст, барои табиати мо. Ин ҳама дар табиат дуру дароз боқӣ мемонад. Партовҳои пластикӣ давоми солҳои дароз боиси ҳалокати парандагон, ҳайвоноти хушкигард ва обӣ шуда метавонад.

Мушкили 3. Партовҳои пластикӣ замин ва оби моро олуда месозанд. Ҳеҷ кас намехоҳад, аз пайроҳаҳои  пур аз халта ва зарфҳои пластикӣ гузарад. Ин манзараи нохушу нафратовар аст. Ҳеҷ кас намехоҳад, партобҳои пластикиро дар сари роҳи одамгузар ё соҳили дарёву кўлҳои мо паҳну парешон бубинад.

Мушкилии 4. Одамон пластикро месўзонанд ва онро дуд хориҷ мекунад. Сўхтани пластик сабаби олудашавии ҳаво мегардад. Дуди он зоҳрогин аст, одамон, парандагон ва ҳайвонотро заҳролуд мекунад.

Хулоса, пластик ба муҳити зисти мо зарар мерасонад. Шумо ва ман дар ҳали ин масъала чӣ кор карда метавонем?

Мо метавонем, чанд қадамҳои хурд гузорем, чанд кори наку анҷом диҳем.

  1. Ашёи пластикро, то қадри имкон такроран истифода баред, онҳоро зуд напартоед.
  2. Ҳангоми харидани хурокворӣ ва дигар маҳсулот аз халта ва зарфҳои такроран истифодашаванда истифода баред.
  3. Кўшиш кунед, зарфҳоеро ба кор баред, ки такроран истифода мешаванд. Бисёр зарфҳо барои як бор истифода шудан, пешбинӣ гардидаанд, масалан, зарфҳои нушокиҳои гуногун.
  4. Муҳити зисти худро ифлос накунед. Баъзе партобҳо дубора мавриди истифода қарор мегиранд. Онҳоро ба қуттии махсус афканед, ки дар канори роҳравҳо гузошта шудаанд.
  5. Ашёи пластикиро ҳаргиз насӯзонед!
  6. То ҳадди имкон аз ашёи пластикӣ камтар истифода баред. Ҳоло ба ивази ашё ва асбоби пластикӣ молу ашёи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мешаванд. Онҳоро бишносед ва дар хотир бигиред.

Оё шумо роҳҳои дигари коҳиш додани истифодаи ашёи пластикиро пешниҳод карда метавонед?
Оё шумо дар бораи роҳҳои дигари рафъи ифлосшавӣ, ки сабабаш ашёи пластикӣ мебошад, фикр кардаед?

Агар чунин аст, аҳсан!

Акнун, дар бораи ин ҳама ба дигарон нақл кунед.

Ин вазифаи ман, шумо ва ҳама аст, вазифаи онҳое, ки қадами худро агарчӣ ночиз аст, барои муҳофизати худ ва Сайёраи мо – Замин мегузоранд.

Қадамҳои хурд оҳиста- оҳиста ба қадами бузург табдил меёбанд!

Китоби Ниташа Аслам Хан “Дар ҳама ҷо пластик” соли 2020 чоп шудааст. Ин ва даҳҳо номгӯ китобчаҳо аз ин силсиларо шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.

Таҳияи Шабнами Мустафо.