Бахшида ба рӯзи кинои тоҷик. Аҳди Сомониён аз нигоҳи киносозон

 

Кинои Точик

Бе шакуку шубҳа метавон гуфт, ки симои амирони Сомонӣ ва аҳди  Сомониён дар асарҳои фарҳангӣ (театр, кино, санъати тасвиӣ, мусиқӣ ) пеш аз ҳама кино бештар таҷассум ёфтааст. Ва ин ҳам бо шарофати ду тан номбардорони миллат устодон Сотим Улуғзода ва Бенсион Кимёгаров амалӣ гардид.

Ҳанӯз соли 1958 ба истиқболи 1100 – солагии устод Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дар қатори дигар чорабиниҳо, инчунин масъалаи ба навор гирифтани филми ҳунарӣ аз ҳаёти устод ва аҳди Сомониён ба миён омад. Ба хушбахтии мову шумо устод Рӯдакӣ дар аҳди ҳукумронии Наср бинни Аҳмади Сомонӣ умр ба сар бурда, эҷодкорони филмро лозим омад дар баробари тасвири симои Султони шоирон муҳити он давраро низ ба филмнома ворид намоянд.

Мавриди зикр аст, ки пеш аз филми ҳунарии “Қисмати шоир “ устод С Улуғзода бо ҳамдастии В. Виткович филмномаи “Абуалӣ ибни Сино” –ро эҷод карда буд, аммо бо сабабҳои номаълум сенария чандин муддат дар  киностудияи “Тоҷикфилм“ бетаваҷҷӯҳ монд. Вале мо, тоҷикон боз  аз он ҷиҳат хушбахтем, ки фарзандони ранҷидахотирамон, агарчи ҷумҳуриро тарк карда бошанд ҳам, чун фарзандони тоҷик дар ҳама ҷо ифтихор карда кӯмакашонро аз мо дареғ намедоштанд. Манзурамон устоди бузурги кинои шӯравӣ, яке  аз поягузорони кинои тоҷику ӯзбек Комил Ёрматов аст. Он кас солҳои чилум ба Ӯзбекистон кӯчид, минбаъд дар он ҷо кору эҷод мекард. Аз сенарияи чанд муддат хобидаи “Абӯалӣ ибни Сино” дарк ёфта, онро дастрас намуд ва соли 1956 дар киностудияи “Ӯзбекфилм”ба навор гирифт. Нақши Абӯалӣ Синоро ҳунарпешаи он айём ҷавон Марат Орифов, нақши модари Сино- Ситорабонуро Тӯҳфа Фозилова ва Маймандиро Муҳаммадҷон Қосимов бозиданд.

Кинои Точик

Дар филми нав   “Абӯалӣ ибни Сино” бори нахуст аҳди Сомониён ва симои амири Сомонӣ – Нӯҳ бинни Мансур (давраи ҳукрониаш солҳои 976-997) нишон дода шудааст. Шояд тамошобинони филми номбурда ҳанӯз татбобати Нӯҳ бинни Мансурро аз тарафи Синои 17- сола дар хотир дошта бошанд. Аз тамошои ҳамин як лаҳза аз симои амир, аз заковатмандӣ ва қадрдонияш маълум мегарданд, ки ӯ чи сон буд. Танҳо як иҷозаташ аз истифодаи китобхонаи “Сивон ул ҳикмат” ҳазорҳо муаммоҳои сарбастаи Синои ҷавонро боз намуд.

Таҳиягари филм Комил Ёрматов дар баробари офаридани нақши Абӯалӣ Сино инчунин дар таҷассуми экрании симои Нӯҳ бинни Мансур хеле заҳмат кашидааст ва ба муваффақиятҳо низ расид. Аммо тибқи тақозои замон ва идеология давр тавсифу аз ҳад боло бардоштани шоҳону амирон манъ буд. Бо вуҷуди ин мо лаҳзаҳои қиммати таърихро аз филми ҳунарии “Абӯалӣ ибни Сино” то ҳанӯз бо шавқ тамошо мекунем.

Айёме, ки ду нобиғаи замон С.Улуғзода ва Б. Кимёгаролв филми унарии “Кисмати шоир” – ро меофариданд, беш аз ҳама таваҷҷуҳ дар атрофи симои Рӯдакӣ  буд ва офаридагони филм ҳатто тасаввур карда наметавонистанд, ки пас аз 40 соли эҷоди филм бидуни симои устод Рӯдакӣ, симои амири кабир Наср бинни Аҳмади Сомонӣ, агарчӣ то кунун низ мавриди таваҷҷӯҳ буд, бештар диққати моро ба худ ҷалб мекунад.

Воқеан, дар филми ҳунарии “Қисмати шоир”образи Наср бинни Аҳмади Сомонӣ (давраи ҳукумрониаш  864-875 с.) моро мутаасир карда метавонад? Бояд гуфт, ки бо вуҷуди лаҳзаи эпизодӣ будани образи амир тамошобини филм аллакай таассурот пайдо мекунад, ки ӯ чи гуна шоҳ аст. Ба хотир оред: саҳнаи базми шеърхонии шоирон ва Рӯдакии ҷавон ҳамаро бо истеъдоди баланди шоирӣ шеърхонияш дар ҳайрат мегузорад. Амир аз ҳунармандии Рӯдакӣ хеле шод гардида, ӯро Садри шоирони дарбор таъин мекунад.

Махсусан, саҳнаи бозгашти амир аз Ҳирот ба Бухоро дар филм хеле самимӣ баромадааст. Аз ин ду лаҳзаи ҳунарии “Қисмати шоир” метавон симои амирро тасаввур кард. Аввал, дар базми шеърхонӣ ӯ аз ҳунару истеъдоди Рӯдакӣ хурсанд шуда мегӯяд: “он рӯз  дур нест, ки нафосати шеъри тоҷикӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мегардад…”

Ва лаҳзаи дуввум, ин қудрати сухан – шеъри “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме” амири кабирро ба дараҷае мутаасир мекунад, ки ҳатто фаро расидани рӯзро интизор нашуда, ҷониби Бухоро роҳ мегирад. Албатта , ин қудрати сухани Рӯдакӣ буд, аммо танҳо бо таъсири шеър Наср бини Аҳмади Сомонӣ Ҳиротро  тарк нагуфт. Балки ӯ худ ватандору ватанпараст буд. Ӯ ҳам ҳисси баланду ҳам ғурури миллӣ дошт. “Бӯӣ ҷӯйи Мӯлиён…”танҳо сабабе гардид, ки ғафлати чандинмоҳаи амирро аз байн бубарад.

Ҳамин ду лаҳза дар филми ҳунарии  “Қисмати шоир”  хеле барҷаста  таҳия шудааст ва он метавонад ба наслҳои ояндаамон дар бораи аҳди Сомониён, амир Наср бинни Аҳмади Сомони ва устод Рӯдакӣ маълумоти киноматографӣ диҳад.

Кинои Точик

Бояд гуфт, ки нақши вазир Балъами – пушту паноҳи Рӯдакӣ низ дар филм боиси таҳсин аст. Вазири бофарҳанг А. Балъамӣ ҳам образи Наср бинни Аҳмади Сомониро пурра месозаду ҳам костагиҳои рафтори Рӯдакии ҷавонро мепӯшонад. Пас аз тамошои филм кас ба андеша меравад, ки маҳз амир чунин вазирони доное ба мисли Балъамӣ дошт, ки муддати кӯтоҳ илму фарҳанг дар аҳди ҳукумронияш ба авҷи аъло расид.

Филми ҳунарии  “Қисмати шоир”, ки ба ҳаёти устод Рӯдакӣ бахшида шудаасту ҳамзамон давраи Сомониёнро ҳам инъикоси кинематографӣ кардааст, соли 1960 дар Киноҷашнвораи  дуввуми байналхалқии Осиё ва Африко, ки дар шаҳри Қоҳира доир шуд, сазовори Шоҳҷоиза – “Уқоби тиллоӣ” гардид.

Дар он нақши амир Наср бинни Аҳмади Сомониро Шамсӣ Ҷӯраев, нақши вазир Балъамӣ – Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Рӯдакӣ – Марат Орифов, Маҷ – Маҳмуд Тоҳирӣ, Сахл бинни Мансур – Муҳаммадҷон Қосимов, Робия – Нозукмоҳ Шоҳмансурова, Нигинаро – Дилбар Қосимова офаридаанд.

Таҳиягари кино Бенсион Кимёгаров баъдҳо кор дар болои сенарияро ба хотир оварда мегӯяд:

“…Кор хеле заҳматталаб буд. Мо бояд нақши Рӯдакӣ – Малик –уш-шуароро офарем, ҳамзамон симои Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ва умуман давраи Сомониёнро  ҳам инъикос намоем.

Хушбахтона, донандаи таърихи ин давра академик И.А. Орбели ба ман хеле кӯмак мамуд. Ҳамчунин аз экспонатҳои Эрмитажи давлатии Ленинград фаровон истифода бурдаам…”

Бояд қайд кард, ки киносозони тоҷик минбаъд ҳам ба ин даврони шукуфони гузаштагонамон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунарӣ офарида, то андозае тамошобинони киноро бо дастранҷҳояшон шод мегардонанд.

Дар киностудияи “Ӯзбекфилм” таҳиягар Элёр Ишмуҳамадов соли 1986 филми ҳунарии “Ҷавонии нобиға”-ро оид ба ҳаёти Абӯалӣ ибни Сино таҳия намуд.

Нақши амир Нӯҳ бинни Мансурро дар филм  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии СССР ва ба номи  Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов офаридааст. Филми мазкур сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардида буд.

Ва агар касе се филми “Абуали ибни Сино” дар  таҳияи Комил Ёрматов (1956), ”Қисмати шоир” таҳияи Бенсион Кимёгаров (1956) ва “Ҷавонии нобиға” таҳияи Элёш Ишмуҳаммадов (1986) –ро тамошо карда, образҳои  Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ва Нӯҳ бинни Мансурро ҳам муқоиса намояд, бо вуҷуди ба қиммати бадеӣ молик будани ҳар кадоме аз онҳо, ба ақидаи ман амири офаридаи устод Ато Муҳаммадҷонов аз ҳар ҷиҳат босалобат, доно, дурбин ва ниҳоят ба маънои томаш амир аст. Шояд аз он сабаб бошад, ки дар байн, дар тафаккури эҷодкорон ва офаридагон низ тағйироте ба амал омад, ҷамъият низ пеш рафт, ибраҳои бозсозӣ ва афкори нав пайдо гардид. Бисёр монеаҳои бозсозӣ ва афкори нав низ пайдо гардид. Бисёр монеаҳо аз байн бардошта шудаанд. Тамошобини кино аз тамошоиин се филми ҳунарӣ чунин таасуроте пайдо мекунад, ки аз амирони Сомонӣ ду тан дар таърих нақши хубе гузошт: Яке Наср бинни Аҳмади Сомонӣ Рӯдакиро парастиш карда; Малик –уш- шуаро интихоб намуду дигаре Нӯҳ бинни  Мансур ба Синои ҷавон  имкония дод, ки аз ганҷинаи бебаҳои “Сивон –ул- ҳикмат” истифода кунад ва машҳур шавад.

Аз тамошои филмҳои ҳунарии болои номбаршуда бармеояд, ки санъаткорон, ходимони фарҳангӣ ҳанӯз аз солҳои 50- ум ба даврони Сомониён таваҷҷӯҳ ва самимияти хосае доштанд, аммо замон, вақт ва идеологияи он айём имкон намедод, ки ин давраи тиллоии халқамонро пурра омӯзем. Танҳо ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаю ватанпарастонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки давраро аз нав, бо тафаккури нав пурра омӯзем ва асарҳои тозаи илмӣ, таърихӣ , тақиқотӣ ва фарҳангӣ эҷод намоем. Зеро ба қавли Эмломалӣ Раҳмон:

“…Давраи Сомониён ҳамчунин давраи дастовардҳои бузургтарини илмию адабӣ ва зеҳнию фарҳангии аҷдодони сарбаланди мо буда, дар ташаккули тамаддуни  ҳамаи халқҳои Осиёи Марказӣ ва дигар  ҳалқҳои Осиёи Марказӣ ва дигар халқҳои олам нақши босазо дорад”…

Пас меарзад, ки мо ин анъанаи пурифтихорро имрӯзҳо низ идома дода, ворисони арзандаи Сомониён бошем ва дар оянда аз ҳайёт ва қаҳрамонҳои амир Исмоили Сомонӣ филмҳои ҳунарии арзанда эҷод намоем.

Тилло Некқадамов.
Аз китоби Тилло Некқадамов
“Дурахши кинои тоҷик”,
Душанбе соли 2011.
Таҳияи Саодат Набиева.