Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома

Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

РЎБОҲ ЧӢ ТАВР ҚАРЗ ГИРИФТ

Дар ҷангал як Рўбоҳи бисёр ҳилагар зиндагӣ мекард. Бисёр маккор буд он Рўбоҳ. Гоҳе худро касал вонамуд карда, дар рўи роҳ дароз мекашид. Ҳамин ки ягон ҷонвари бехабар нолаву фиғони Рўбоҳи бадбахти фиребгарро дида, борашро як сў гузошта ба ёрияш мешитофт, дар ин фурсат Рўбоҳ зуд бори он бечорраро гирифта мегурехт. Ҷонварони зиёдеро фиреб дода буд он Рўбоҳи  маккори ҳилагар.

Ин тарзи фиреб – дар раҳу бероҳа хобида мўи баданро олуда кардан, ба дилаш зад. Қарор дод, ки ба шикори Харгўшҳо машғул шавад. Дум-думи харгўшњо мепоид, дом мегузошт, вале  ягон харгўшро дошта наметавонист. Харгўшҳо аз Рўбоҳ дида ҳушёртару чолоктар будаанд.

Аз суросури харгўшҳо безору  хаста шуда, Рўбоҳ қарор дод, ки ба бозор равад. «Хабарҳои  охиринро гўш  мекунам. Шояд аз маккоррону қалобони машҳур ягон чизи нав меомўзам, ки дар шикори харгўшҳо бароям кумак кунад», –  аз дил гузаронд  Рўбоҳ ва роҳии  бозор шуд.

Миёни қаторҳои пурбори молу маҳсулот қадамзанон  Рўбоҳ ба суҳбатҳои ҷонварон гўш меандохт, ки кай ва дар куҷо  ягон ҳодисае рух додааст. Дар бозор гашта- гашта  ягон сухани табъи дил нашунид.Ҳилаву найрангҳои қаллобони бузург барояш бисёр мушкил менамуданд.

Рўбоҳ аз бозор берун баромада, дар сари роҳ шоҳиди баҳсу мунозираи як гуруҳ ҷонварон гардид. Хост бифаҳмад, ки сабаби баҳси онҳо чист, чаро мунозира мекунанд?

Ҳилагар ба онҳо наздиктар шуд. Ба суҳбати онҳо гўш андохта, як сухани барояш ношинос шунид: «Қарз  гирифтан лозим . Бо пули қарз мол харидан мумкин аст».  Рўбоҳ  ҳеҷ чиз нафаҳмид ва ночор аз ҷонварон пурсид: «Қарзаш чист? Чӣ хел молро бо он харидан мумкин будааст?».

Юрмон аз нодонии  Рўбоҳ дар тааҷуб афтода, ҷавобаш дод: «Қарз – ин воситаи пулиест, ки бонк ба мо медиҳад ва онро мо бояд дар муҳлати муайяншуда ба бонк баргардонем»

«Ҳамон бонки канори беша ба ҳама қарз  медиҳад?» – пурсид  Рўбоҳи  ҳилагар. «Ҳамон-ҳамон»,- ҷавобаш дод  Юрмон, – Харгўш дар он ҷо масъули додани қарз аст».

Рўбоҳ ҳамин ки номи Харгўшро шунид, ҳама чиз аз ёдаш рафт. Фаромўш кард, ки дар бораи чӣ суол дода буд.

Маккори ҳилагар барои гирифтани қарз ба бонк штобид. Хурсанд шуд, ки ҳам қарз мегираду ҳам Харгўшро.

Ҳилагар вориди бонк шуда, назди Харгўш  омад. Харгўши бечора аз дидани Рўбоҳ даступо гум кард. Бечора як калима ҳам гап зада натавонист.

«Канӣ, Харгўш, ба ман қарзи калон бидеҳ. Зуд бош, вагарна туро дар ҳамин ҷо мехўрам!»,- таҳдидаш кард Рўбоҳ мағрурона.

«Қ-қарз  б-ба ш-ш-шумо б-б-барои ч-чӣ л-л-лозим?»,- бо садои ларзон пурсид Харгўш.

«Чи хел барои чӣ?- хашмгин шуд Рўбоҳ, – Ба ҳама медиҳию ба ман не!?»

Рўбоҳ чунон пойҳояшро бар замин куфт, чунон кафи панҷаҳояшро ба ҳам зад, ки Харгўш қариб монда буд талхакаф шавад. На зинда монданаш маълум буд, на мурда буданаш.  Рўбоҳ он қадар девонагӣ кард, он қадар девонагӣ кард, ки ранг дар рўи Харгўш намонд.

«Ҳоло ҳамин тавр? Ба ман қарз намедиҳӣ!? Э, ман туро чунон гирифта гурезам, ки …!!!», – дод зад Рўбоҳи ҳилагар. Аз гўшҳои Харгўш гирифта ба тарафи баромадгоҳи бонк давид Рўбоҳи ҳилагар.

Ҷонварони ин ҳолатро дида, ба Рўбоҳ  ҳамла карда, Харгўшро зуд аз  дасташ халос карданд. Рўбоҳи ҳилагар бо сад азоб худро аз дасти ҷонварон халос кард , вале думаш дар дасти онҳо монд.

Ана, аз ҳамон вақт инҷониб Рўбоҳи ҳилагарро ба бонк наздик шудан намегузоранд ва барои он ки ба дигар ҳилагарону найрангбозон дарси ибрат шавад, думи Рўбоҳро дар пеши дарвозаи бонк овезон кардаанд.

 

Чӣ тавр назорат пайдо шуд?

            Тирамоҳ – мавсими ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба зимистон. Ҳамаи ҷонварон дар ҷангали афсонавӣ саргарми коранд:  баъзеҳо хонаҳои худро барои зимистон таъмир ва омода мекунад, баъзеи дигарашон дар ҷангал машғули ҷамъоварии замбурўғу  чормағзу меваҳои гуногунанд. Ҳатто ғаллаи бисёр захира кардаанд. Дар саҳро ҳосили зиёди ғалладона пухта расидаааст.

Ҷонварон ҳосилро ҷамъ оварда, дар сабадҳо андохта, дар марғзор вохўрданд. Бозор дар ҷўшу хурўш – ҷонварон баҳс доранд, дастак мезананд, ҳосилро тақсим  мекунанд, аммо ҳеҷ не ки ба як қароре биёянд.

Санҷобакҳо даъво доранд, ки чормағз барояшон бештар лозим аст. Мушҳо худро ба ғарами ғалла наздиктар мекунанд. Мири мушон бошад, хўшаҳои гандумро гирифта ба касе  намедиҳад. Ҳангоми  ин баҳсу мунозираҳо ҷонварон назорат кардани молашонро фаромўш карданд. Садои ғавғои бозор зуд диққати Рўбоҳи ҳилагарро ҷалб кард. Рўбоҳ сабадҳои  ҳосилро беназорат дида, дарҳол онҳоро гирифту  ғайб зад.

Ҷонварон аз баҳсу мунозираи дурудароз хаста шуданд. Ба қароре омаданд, ки борҳояшонро бори дигар ҳисоб кунанд, аммо диданд, ки чанд сабад дар ҷои худ нест. Танҳо аз дидани изи Рўбоҳ фаҳмиданд, ки он ҳилагар сабадҳоро дуздидааст.Ҷонварон аз ин , ки натавонистанд ҳосили  заҳмати худро то анбори бонк бурда  расонанд, бисёр ғамгин шуданд. Барои расондани   хабар  ва пурсидани маслиҳат ҳама ба бонк рафтанд.

Дар бонк Гавазн ва Қундуз масъалаи беҳтар кардани анбори бонкро барои зимистон баррасӣ мекарданд. Онҳо дар интихоби маводи сохтмонӣ дармонда буданд.Ҷонварон бо димоғи сўхта  ба бонк омаданд. Гавазн ва Қундуз ҷонваронро парешонҳол дида, кори худро як сў гузошта, сабабашро пурсиданд: «Чӣ гап шуд, чӣ воқеа рўй дод?».

Ҷонварон бо як овоз доданд: «Мо натавонистем ҳосилро то анбори бонк оварда бирасонем. Вақте ки мо ҳосилро тақсим мекардем,  Рўбоҳи ҳилагар ҳама чиродуздид».

«Акнун мо чӣ кор кунем? Дар зимистон чӣ мехўрем?» – фарёд бардоштанд   санҷобакҳо  бо ғаму андўҳ.

«Мо барои пурсидани маслиҳат ба назди Буми  хирадманд –Мағрури  Хомўш меравем», – қарор доданд ҷонварон.

Ҳамин  тавр  ҳам  карданд. Ҳама ҳамроҳ ба назди Буми доно рафтанд.  Бале,  ҳамоне ки дар канори ҷангал, дар шохаи баланди булути пир лона дорад.

Ҷонварон ба пои булуте, ки Бум дар шохаи баланди он лона дошт, расида, ўро садо заданд. Ҳамин ки Бум сарашро аз сўрохи лона берун кард, шўру мағали ҷонварон баланд шуд: яке  ғур-ғур мекард, дигаре нола, сеюмӣ дод мезад… Бум аз ин ҳама ғавғо ҳеҷ чизро нафаҳмид.

Садои ғавғо Хирсро ҳам парешон кард, ки ба зери булут омад. Ҷонварон Хирсро дида ором шуданд. «Чӣ гап шуд, чаро ғавғо мекунед?»- пурсид Каҷпо. Гурбаи ҷангалӣ  хир-хиркунон ба Хирс гуфт: «Мо барои маслиҳатпурсӣ  пеши  Буми доно омадаем. Вақте  ки ҷонварон ҳосилро  тақсим мекарданд,  Рўбоҳи ҳилагар ҳама чиро дуздид. Гавазну Қундуз бошанд, ба ягон қарор расида наметавонанд, ки чӣ тавр анбори бонкро мустаҳкам намоянд».

Буми хирадманд посухи ҳамаро дод:

«То ки ғавғо набошад,

Ҷанҷол барпо набошад.

То нашавад  мол ғорат,

Лозим шавад назорат!»

«Худаш чӣ гап? Ин назорат худаш кӣ будааст?» – аз шунидани ин калимаи нав тарсида   ғур-ғур кард Хирс. Буми боақлу доно посух дод:

«Назорат ҳар ҷо бошад,

Ҳама кор аъло бошад.

Тартибот – аз назорат

Зиндагӣ шавад роҳат».

 

«Эй Буми хирадманд, дар пас гирифтани молҳои дуздӣ аз дасти Рўбоҳи ҳилагар моро ёрӣ деҳ»- илтимос карданд санҷобакҳо.

«Рўбоҳро баро дуздияш  ҷазо медиҳем. Амр мекунем, ки роҳи ҷангалро худаш танҳо  рўбад», – гуфт Мағрури Хомўш.

Љонварон ба сўи хонаи Рўбоњ роњ пеш гирифтанд. Рубоњ аз дур омадани ҷонваронро дида бисёр тарсид ва зуд ҳамаи молҳои дуздидаашро ба онҳо баргардонд. Барои он ки ба сабаби дуздияш ўро ҷонварон аз ҷангал наронанд,  Рўбоҳ зуд розӣ шуд, ки роҳи ҷангалро худаш танҳо мерўбад.

Ҳосил миёни чонварон тақсим ва ба анбори бонк супорида  шуд. Бум мушкили ҳамаро ҳал кард. Ба Гавазну Қундуз ҳам  машварат дод. Ҷонварон ҳама шоду хурсанд шуданд ва назорати ҷангали афсонавиро низ ба уҳдаи  Бум гузоштанд.

Аз ҳамон вақте ки Бум ба назорати ҷангал шуруъ кард, оромишу тартибот дар ҷангал пойдор гардид.

 

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон.