Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома

Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

 

Чӣ тавр Юрмон хаткашон шуд?

 

Дар ҷангал Юрмон зиндагӣ мекард. Вай дар ин макони афсонавӣ сайр карданро бисёр дўст  медошт. Дар яке аз  рўзҳои гарми тобистон Юрмон қарор дод, ки ба канори ҷангал равад, ба ҳамон ҷое, ки Харгўши пир зиндагӣ мекунад. Роҳи  дарозеро дар пеш дошт. Пеш аз саёҳат ба ёди Юрмон кўзачаи тангаҳои тиллояш расид, ки барои харидани аробача захира карда буд. «Дар куҷо кўзачаро пинҳон кунам?  Сафари дурру дароз дар пеш дорам»,- андешид Юрмон. Ногоҳ ба хотираш расид.

Юрмон ба бонк рафта, кўзачаро дар сейф гузошт ва бо хотири осуда ба хона баргашт. Халтаи сафариро аз хўрданиҳои гуногун пур карда, обдонро ҳам аз об пур намуд ва барои Харгўш савғотию шириниҳо гирифт.

Юрмон дар ҷангал сайркунон аз тамошои гулҳову парандаҳову гамбўсакҳои рангоранг лаззат бурда, ин сурудро замзама мекард:

«Меравам пеши Харгўш,

Харгўши хуби боҳуш.

Чун роҳи дур меравам,

Бо дасти пур меравам,

Бо кулчаи бомазза,

Бо шоколади тоза,

Меравам ба меҳмонӣ,

Пеши ҷўраи  ҷонӣ.

Миннатдорам ман аввал

Аз кори бонки ҷангал.

Дар лаҳзаи даркорӣ

Мекунад нигаҳдорӣ,

Пули амонатиро,

Ҳар чизи қиматиро.

Аз  рўи як қоида

Медиҳадам фоида.

 

Дар сари роҳаш Юрмон Қашқалдоқро дид. Қашқалдоқ ҳам аз дидори Юрмон хушҳол  шуда ўро ҳолпурсӣ кард: « Мисле ки ба ягон ҷои дур сафар дорӣ ?  Ба  куҷо меравӣ, Юрмон?» Юрмон дар ҷавоб суруди эҷодкардаашро замзама кард:

«Меравам пеши Харгўш,

         Харгўши хуби боҳуш

         Чун роҳи дур меравам,

         Бо дасти пур меравам,

         Бо кулчаи бомазза,

         Бо шоколади тоза,

         Меравам ба меҳмонӣ,

         Пеши  ҷўраи ҷонӣ.

         Миннатдорам ман аввал

         Аз кори бонки ҷангал.

         Дар лаҳзаи даркорӣ

         Мекунад нигаҳдорӣ,

         Пули амонатиро,

         Ҳар чизи қиматиро.

         Аз рўи як қоида

         Медиҳадам фоида.

 

Дар сари роҳаш Юрмон Қашқалдоқро дид.Қашқалдоқ ҳам аз дидори Юрмон хушҳол шуда ўро ҳолпурсӣ кард: «Мисле ки ба ягон ҷои дур сафар дорӣ? Ба  куҷо меравӣ, Юрмон? » Юрмон дар ҷавоб суруди эҷодкардаашро замзама  кард:

«Меравам пеши Харгўш,

Харгўши хуби боҳуш.

Чун  роҳи дур меравам,

Бо дасти пур меравам,

Бо кулчаи бомазза,

Бо шоколади тоза,

Меравам ба меҳмонӣ,

Пеши  ҷўраи ҷонӣ.

Миннатдорам ман аввал

Аз кори бонки ҷангал.

Дар лаҳзаи даркорӣ

Мекунад нигаҳдорӣ,

Пули амонатиро,

Ҳар чизи қиматиро.

Аз рўи як қоида

Медиҳадам фоида.

 

 

Қашқалдоқ ҷавоби суолашро бо суруд шунида, хушҳолона пурсид: «Дар роҳ аз макони зисти хорпуштҳо мегузарӣ?»

«Оре,  барои хорпуштҳо низ мармалод савғотӣ дорам», – ҷавоб дод Юрмон. Хурсандии Қашқалдоқ боз ҳам бештар шуда, хоҳиш кард, ки саломашро ба хорпуштҳо бирасонад. Дар ҳамин ҷо онҳо аз якдигар ҷудо шуданд. Юрмон сурудашро замзама карда, роҳашро давом дод. Роҳ рафт-роҳ рафт, ба назди як дарахти калони сершохубарги коҷ расид, ки дар сояи он хорпуштҳо зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз дидани Юрмон бисёр шод шуданд. Юрмон ҳам савғотиҳои овардаашро ба хорпуштҳо тақдим карда, саломи Қашқалдоқро низ ба онҳо расонд.

«Саломат  бошад, Қашқалдоқ. Мо ҳам сад сол шуд, ки ўро надидаем, – гуфтанд хорпуштҳо ва  Юрмонро ҳолпурсӣ карданд,- ба ягон ҷои дур сафар дорӣ?»

Юрмон ҷавоб дод:

 

«Меравам пеши Харгўш,

Харгўши хуби боҳуш.

Чун роҳи  дур меравам,

Бо дасти пур меравам,

Бо кулчаи бомазза,

Бо шоколади тоза,

Меравам ба меҳмонӣ,

Пеши  ҷўраи ҷонӣ.

Миннатдорам ман аввал

Аз кори бонки ҷангал.

Дар лаҳзаи даркорӣ

Мекунад нигаҳдорӣ,

Пули амонатиро,

Ҳар чизи қиматиро.

Аз рўи як қоида

Медиҳадам фоида.

 

«Метавонӣ, Юрмон, сари роҳ себҳои моро ба санҷобҳо бирасонӣ?» – хоҳиш карданд хорпуштҳо. «Аз ин кори хайр  хушҳол мешавам, – хурсандона ҷавоб дод Юрмон, – фақат ҳамин ки шаб нарасида ин корро анҷом додан лозим аст ».

Юрмон бо хорпуштҳо хайрухуш карда, роҳашро давом дод, то ба зери дарахтони баланди санавбар расид.

Юрмон ҷониби санҷобакҳо равон шуд, то туҳфаҳои амонатиро ба онҳо бидиҳад. Санҷобакҳо низ ба истиқболаш шитофта, бо як  садо изҳори  хушҳолӣ карданд: «Мо аз дур омадани туро ба ин тараф дидем».

Юрмон савғотиҳои ширин ва себҳои фиристодаи хорпуштҳоро ба санҷобҳо расонид.

«Сафари дур дорӣ, мушкили зўр дорӣ?» – пурсиданд санҷобакҳо аз шохае ба шохае ҷаҳида.

Юрмон бо ҳамон суруди эҷодкардаашро ҷавобашонро дод:

 

«Меравам пеши Харгўш,

Харгўши хуби боҳуш.

Чун  роҳи  дур меравам,

Бо дасти пур меравам,

Бо кулчаи бомазза,

Бо шоколади тоза,

Меравам ба меҳмонӣ,

Пеши  ҷўраи  ҷонӣ.

Миннатдорам ман аввал

Аз кори бонки ҷангал.

Дар лаҳзаи даркорӣ

Мекунад нигаҳдорӣ,

Пули амонатиро,

Ҳар чизи қиматиро.

Аз рўи як қоида

Медиҳадам фоида.

 

Санҷобакҳо низ аз хурсандии бисёр бо сухани қофиядор мақсадашонро баён кард:

«Ташаккур аз ту Юрмон,

Шодем аз ин  мулоқот.

Аз номи мо ба Харгўш

Туҳфа бубар қандалот».

 

Санҷобакҳо барои Харгўш як бастаи зебои шоколад оварда, ба Юрмон доданд. Юрмон бо санҷобакҳои бозингар хайрхуш карда, роҳии манзили Харгўш шуд. Офтоб ҳануз нурҳои охиринашро ҷамъ накарда, ба хонаи Харгўш расид. Харгўш аз дидори меҳмони азизи худ хурсанд шуда, ўро ба  манзилаш даъват кард. Шаб дар сари дастурхон Юрмону Харгўш шоколадҳои санҷобакҳоро мазза карда хўрданд ва меҳмон қиссаи сафарашро аз аввал то охир ба соҳибхона ҳикоят кард. Харгўш нақли Юрмонро шунида, якбора хитоб кард:

«Юрмон,ки  шуд хаткашон,

Дар ҷангал шуд кор осон!»

 

Саҳарӣ ҷонварони гуногун аз омадани Юрмон ба меҳмонӣ бохабар шуда, ба дари хонаи Харгўш омаданд, то ки савғотиҳои барои дўстон гирифтаашонро ба ў супоранд. Юрмон аз ин кор бисёр хурсанд шуд.

Чаро хурсандӣ накунад?  Охир, ҷонварон вазифаи пурифтихори хаткашониро  ба ў бовар кардаанд.

Баъди бозгашт ба хона,  Юрмон ба бонк рафт, барои гирифтани кўзачаи тангаҳояш, ки акнун пури пур шуда буд. Бо ёрии бонк Юрмон тавонист аробачаи табъи  дилашро харидорӣ  кунад. Ў бо он аробачаи зебо ҳанўз  ҳам савғотиҳои ҷонваронро аз як гўшаи ҷангал ба гўшаи дигар бурда, ҳар кадомро бехато ба соҳибаш мерасонад.

 

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон.