Бо бачаҳо. Ду ҳикояи ҷолиб аз китоби Маҳбуба Неъматзода “Ситорапалав”

СиторапалавИн китобчаи хурдакаки пурсурат ва шавқовар соли 2002 чоп шудааст ва онро наққош Зебо Давлатшоева ороиш додааст. Китобча 9 ҳикояи ҷолиби адиби бачаҳо Маҳбуба Неъматоваро дар бар мегирад ва хонандагони азиз метавонанд онро дар толори хониши шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолиа намоянд.

Чун муште аз хирвор як ҳикоя ва як афсонаро аз ин китоб меорем.

 НАМАК
(Ҳикоя)

Падару  модари  Париноз  тамоми  рўз  дар  коранд, аммо  бибиҷонаш мудом  дар  хона. Ў  ҳар  субҳ  Паринозро  «булбули  хушхони  бибй, лолаи  хандони бибй» – гўён  бо навозиш бедор мекунад. Барои Париноз самбўсаву кулчақанд мепазад, кокулчаҳояшро  бофта, ба  мактаб  мегуселонад. Аз  ҳама  муҳимаш, дар иҷрои  вазифаи  хонагй ба  Париноз  кўмак  мерасонад.

Як  рўзаки  баҳорон, як  рўзаки  беборон  Париноз аз мактаб омада, дари  хонаашонро  ғайриодй  баста  дид.

–  Бибиҷон, ҳой, бибиҷон! – фарёд  кард  Париноз  ва  ногоҳ чашмаш ба  қоғазаки роғи дар афтод. Қоғазакро гирифта, ин  сатрҳоро хонд: «Булбули  бибй, ман  ба хонаи  аммаҷонат  рафтам. Дертар  меоям. Калидро  аз  ҳамсоя бигир. Хайр

Бе бибиҷон хона файзе  надошт. Париноз аз зиқй намедонист чй кор кунад. Ногоҳ  ба ёдаш  омад, ки  вазифаи  хонагиро бояд  иҷро кунад, зеро имшаб  бибиҷонаш  нестанд.

Париноз аз ҷузвдонаш китоби ҳисобро гирифта, ин масъаларо хонд: « Духтараке  ба 18 тин 3 халтача  намак харид. Канй, ёбед: як  халтачаи  он  чанд  тин  аст?»

Чанд  тин  бошад? – худ  ба  худ ғурунгос  зад Париноз  ва  ҳамин дам  бибии  меҳрубонаш ба  ёдаш  омад:

– Оҳ, агар  бибиҷонам  мебуданд, дар  як  дам  гуфта  медоданд.

Ногоҳ  фикре  ба  сари  Париноз  омаду  аз  шодй  чашмонаш  барқ заданд. Вай бод барин сўи ошхона давид, болои курсича баромаду аз рафи ҷевон  як халтача  намак  гирифт  ва  навиштаҳои  рўи  онро  ҳиҷҷа карда хонд: «Намаки  навъи  якум. Нархаш 10 тин».

Париноз халтачаро ба ҷояш гузошта, боз ҳам бод барин ҷониби миз давид ва ба дафтараш саросема чунин навишт:

“Як халтача намак 10 тин”

ПУДИНАЧОЙ
(Афсона)

Дар  бешае дар ҳамсоягии  ду  гургу  се  хирс  Малламў  ном  рўбоҳе  мезист. Малламў  рўбоҳаки  меҳнатдўсту  озода  буд. Вале  як  одати  бад  дошт. Ҳар  чизи дар  хона ё дар меҳмонй  хўрдаашро  росту  дурўғ  ба  ҳамсояҳо  таъриф  мекард.

Ҳамсояҳои  Малламў ҳар бегоҳ рўи хараки  сари  кўча  нишаста, пудиначой  менўшиданд  ва  аз  ҳар  бобат  суҳбат  меоростанд. Рўзе  онҳо  саргарми  суҳбат буданд, ки  Малламў  дар  сар  дастархон  аз  меҳмонй  баргашт.

– Аз  куҷо  меой? – пурсид  аз ў  гургбобо.

Малламў  бо  ноз  посух  дод:

Хонаи духтарам  рафта  будам. Духтараму домодам  барои ман зиёфат доданд. Пешин хурўсшўрбо, бегоҳй баррабирён  хўрдам. Шикамам  аз  серй  қариб  мекафад.

Рўбоҳ  мехост  ба  таърифи  домоди  чаққони  мурғбиёракаш  сухан оғоз  намояд, ки ин дам хирс сар аз тирезачаи хонаааш  бароварда  гуфт:

Ҳамсояҳои  ҷон! Зуд хонаи  мо оед. Имрўз  писарамон  думоҳа шуд. Ба  ин  муносибат занам  як  дег  чўҷакабоб  пўхт.

Чй  хел  нағз, – гуфт  гурги  бўр.- Ғайри Малламў, ки  нав аз  меҳмонй омадааст, дигар  ҳама  гурусна  будем.

Малламў!  Сер  бошй  ҳам, биё, – гуфт  хирс.- Хўрок  нахоҳй, пудиначой  менўшй.

Ҷонварон  чобук  аз  ҷо  хеста, сўи  хонаи хирс  шитофтанд. Чун ҳама сари миз нишастанд, хирс назди  Малламў  як  пиёла  пудиначой, назди дигарон як табақчагй чўҷакабоб гузошт. Чўҷакабоби   супсурхаки хушбўйро дида, даҳони Малламў об кушод.Зеро  мастобаи  беравғани  дар  меҳмонй  хўрдааш  кайҳо  ҳал  шуда  буд.  Аз  тарси  он, ки дурўғаш фош нагардад, чашмони ҳарисашро базўр аз  табақчаи  чўҷакабоб канда, оби даҳонашро бо пудиначой  фурў  бурдан  гирифт.

Таҳияи Заррина ЗИЁВУДДИНОВА,
мутахассиси  шуъбаи  адабиёти
кўдакон  ва  наврасон.