Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Индонезия ба Китобхонаи миллӣ

Ҷумахон ФайзализодаСафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Остона) доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон хабар дод, ки дар баробари китоби «Маснавии маънавӣ» – и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ китоби Умари Хайём низ ба забони индонезӣ тарҷума шудааст. Ва ҳоло тасмим гирифтаанд китобе аз устод Рӯдакӣ ҳам ба забони индонезӣ тарҷума ва нашр шавад.

Қисмати дуюми рўзи 28-уми сентябри соли 2023 Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Остона) доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон бо ҳамсараш хонум Попӣ,  Агунг Сапута – корманди шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Ҷоенси Диана Сираит – корманди шуъбаи фарҳангӣ –маданӣ ва ҷамъе аз ҳамкоронаш ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҷаноби сафирро ба ҳузур пазируфт.

Профессор Файзализода иброз дошт, ки қариб як сол пеш мо бо шумо дар як конфронси «Мавлоно – муришиди тамаддунҳо» вохўрда будем. Шумо дар он иштироку суханронӣ намуда будед. Бисёр шодам, ки боз ба остонаи Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон по гузоштед.

Ҷумахон Файзализода– Ҷалолуддини Балхӣ дар Ҷумҳурии Индонезия хеле машҳур аст, мардуми мо ўро хуб мешиносанд. Соли гузашта китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ ба забони индонезӣ тарҷума ва ба китобхонаи миллии Ҷумҳурии Индонезия супурда шуд. Як қисм китобҳоро аз хонаи фарҳангии Индонезия ба Китобхонаи миллӣ туҳфа овардем.

– Дар Китобхонаи миллӣ гўшаи Индонезия фаъолият мекунад ва ҳамаи китобҳои ба забони индонезӣ туҳфашударо дар он гўша мегузорем. Ҳар китобе, ки дар китобхона гузошта мешавад, хонандаи худро пайдо мекунад, – гуфт дар идомаи суханаш директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия изҳор дошт, ки сафорати Индонезия ният дорад соли 2024 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезияро ҷашн бигирад.

Ба гуфтаи сафир дар баробари китоби «Маснавии маънавӣ» китоби Умари Хайём низ ба забони индонезӣ тарҷума шудааст. Ў иброз дошт, ки ҳоло тасмим гирифтаанд китобе аз устод Рӯдакӣ ҳам ба забони индонезӣ тарҷума ва нашр шавад.

Ва на танҳо тавассути китобҳои чопӣ, инчунин китобҳои электронии ин бузургони тоҷик ба нашр бирасанд, зеро китобҳои электронӣ ба зудӣ ба хонанда мерасанд ва хоҳишмандони мутолиаи ин гуна китобҳо дар саросари олам зиёданд.

Дар навбати худ директори Китобхонаи миллӣ аз Маркази «Тоҷикшиносӣ» -и Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки ҳамаи китобҳо вобаста ба таъриху фарҳанг ва  умуман дар бораи миллати тоҷик навишташударо аз давраи тоисломӣ, исломӣ ва баъдиисломӣ гирдоварӣ ва нашр менамояд.

Ҷумахон Файзализода– Бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Муаззами кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтаарм Эмомалӣ Раҳмон то имрўз 14 китоб ба дасти чоп расидааст, – афзуд дар идомаи суханаш профессор Файзализода.

Директори Китобхонаи миллӣ пешниҳод намуд, ки ба ғайр аз «Маснавии маънавӣ»- Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Фиҳи мо фиҳӣ»-ро низ ба забони индонезӣ баргардон ва дастраси мардуми Индонезия гардонанд. Тавассути ин китоб шумо дар бораи фарҳангу тамаддун ва фалсафаи миллати тоҷик беҳтар огоҳ мешавед, – ӯ гуфт ӯ.

Дар поёни вохўрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия ҷаноби Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ба Китобхонаи миллӣ як миқдор китобҳо ҳадя намуд.

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода низ ба Ҷаноби сафир китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и президенти кишвар муҳтарам Эмамолӣ Раҳмонро туҳфа намуд.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.