Бо бачаҳо. Гулчеҳра Муҳаммадиева: Яке буд, яке набуд…
Ин китоби пур аз сурат соли 2019 чоп шудааст. Муаллифи китоб Гулчеҳра Муҳаммадиева талош кардааст, ки бачаҳо баъди мутолиаи афсонаҳо сабақ гиранд, амалҳои неку савоб анҷом диҳанд. Як ҳикоя аз ин китобчаро меорем ва гунаи электронии онро ҳам мегузорем, то аз афсонаҳои дигари китоб баҳра гиред.
Анкабут (тортанак)
Буд, набуд, анкабуте буд, ки аз саҳар то шом тор метаниду тор метанид. Бо ҳазор шаклу намуд тор метанид. Нақшҳои зебоеро дар домаш ҷо мекард. Серкор буд, бо сари хам тор метанид ва тани танҳо тор метанид.
Ногоҳ пашае ба домаш афтод, аммо анкабут, ки серкор буд, ба паша аҳамият надода, тор метанид.
Паша ба ёрй даъват кард. Ҳамболаш – пашаи дигар парида омада ба ў ёрй доду аз дом озодаш кард.
Анкабут ҳамоно тор метанид.
Оруе ба домаш афтод. Анкабут серкор буд.
Оруро низ ҳамҷинсаш аз дом раҳо кард. Анкабут бо қаҳр ва ғайрати дучанд тор метаниду дом мебофт.
Шоҳпараке парвозкунон аз бўи хуши гулҳо сармаст ба доми анкабут афтид.
Ба ёрй даъват кард. Шоҳпараки дигаре омада парҳои зебои ўро аз дом раҳо кард ва ҳарду парвозй шуданд сўи гулҳои ҳазорранг.
Абдулло зери дарахтони сояафкан дар лаби дарё болои зонувони бобояш дароз кашида, дам мегирифт. Беихтиёр шоҳиди тор танидани анкабут ва ба дом афтидани дигар ҷонваракҳо гашт. Ў аз бобояш пурсон шуд:
Бобоҷон, чаро анкабут туъмаи ба дом афтодаашро аз даст дод?
– Чунки ў танҳо буд. Агар майли туъмааш мекард, тори танидааш вайрон мегашт ва ў маҷбур буд аз сар тор танад, – ҷавоб дод бобо.
– Чаро танҳо аст, бобоҷон?
– Чунки нияташ бад аст, ҳамеша дом меандозад ва ба касе дасти ёрй дароз намекунад, ҳамроҳ ва дўст надорад. Ана, дидй ку, пашаю орўю шоҳпарак бошад, дар вақти лозима ба ёрии якдигар мешитобанд. Байни онҳо онҳо дўстй мавҷуд аст, ки ҳама мушкилашонро осон мекунад.
– Бобоҷон, ман аз рафтори ин ҷонваракон ба хулосае омадам, ки барои инсон ҳам дўстй дар мадди аввал бояд бошад.
– Офарин, писарам, хуб дарк кардй! Рафтори бади анкабут барои ту дарс шуд.
Шакли электронии китоб ин ҷост: “ЯКЕ БУД, ЯКЕ НАБУД…”
Таҳияи З.Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон,