Ибтикори бисёр хуби Китобхонаи миллӣ (роҷеъ ба нашри осорномаи устод Муҳаммад Ғоиб)

Рӯнамоии китобномаи Муҳаммад Ғоиб“Шоиру нависанда эҷод мекунад ва ҷомеа он таълифотро қабул ва ё намепазирад. Яъне офаридгори ҳар асар муаллифаш аст ва офаридгори тақдири он – ҷомеа”. Тақрибан ҳамин гуна назар дорад Виктор Ҳуго, адиби номвари франсавӣ, дар муносибат ба эҷоди адибон ва эътироф шудан ё нашудани онҳо дар ҷомеа…

Тақрибан ҳамин гуна муносибат ба осори шоири хушном ва баркамоли мо Муҳаммад Ғоиб дар Китобхонаи миллӣ аз ҷониби гурӯҳе аз шуаро ва муҳаққиқони каломи бадеъ амри воқеъ шуд. Мавзуи асосии ин ҷамъомад рӯнамоии осорномаи Муҳаммад Ғоиб буд ва табиист, ки суханварон аз марзи мавзуъ убур карданд ва бештар аз ҳунар ва сабки шоирӣ, умуман ҷойгоҳи ин шоир дар адабиёти муосир гуфтанд.

Китобхонаи миллӣ аҷаб кори хайру савобе кард, ки бо маблағи худаш “Маҷмуаи мақолот ва китобномаи шарҳиҳолии Муҳаммад Ғоиб”-ро нашр кард. Метавон ин номи андаке дарозро кутоҳ кард ва мухтасар “Осорномаи Муҳаммад Ғоиб” гуфт. Аз чоп шудани ин китоби ниҳоят муҳим барои муҳаққиқин ва умуман алоқамандони адабиёт банда моҳе қабл огоҳ шуда будам.

Моҳе пеш бо директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумъахон Файзализода суҳбате доштем ва дар омади гап он кас аз омода шудани ин китоб сухан карда буданд. Ва ҳамон айём гуфта буданд, ки рӯнамоии ин китоб бо ҳузури донишмандони соҳа баргузор хоҳад шуд.

Ду ҷумла дар бораи аҳаммияти ин осорнома. Агарчи чунин шакли осорномаи адибон барои ҳама алоқадорони адабиёти бадеъ муҳим бошад ҳам, ниёзи бештаре ба он муҳаққиқони адабиёт доранд, аз мунаққидони ҳирфаӣ сар карда, то устодони макотиби олӣ ва аспирантону донишомӯзони соҳаи адабиёт.

Бо мисли мушаххас мегӯям: шаш-ҳафт сол қабл муҳаққиқи ҷавоне (аспиранти кафедраи мо) роҷеъ ба ҷойгоҳи жанри ғазал дар ашъори Муҳаммад Ғоиб кори илмӣ менавишт ва аз ӯ шунида будам, ки мегуфт: “Се ҳафтаи расо дар китобхона ба ҷустуҷӯйи мавод машғул шудам…”. Яъне ҷустуҷӯйи ин ё он ғазал, ки аввал дар куҷову баъдан дар куҷо чоп шудааст, киҳо осори шоирро андар ин мавзуъ нақд кардаанд ва дар куҷо нашр шудааст ва ғайра…

Ба як сухан – таърихнигории осори адабӣ, ки бидуни ин кор ҳар таҳқиқу пажуҳиш арзиши илмӣ нахоҳад дошт. Бо чопи ин навъ осорномаҳо (ончунон ки дар мавриди Муҳаммад Ғоиб шуд) ташвишу саргардониҳои онҳое, ки ба пажуҳиши осори ин ё он шоиру нависанда машғуланд, куллан бартараф хоҳад шуд. Кулли иттилоот дар як китоб ҳаст: аввал санаҳои муҳимми ҳаёту фаъолият, баъдан анвои адабӣ, мақолот, сипас иттилооти саҳеҳ роҷеъ ба зиндагиномаву фаъолияти эҷодии ин ё он шоир ва ахиран – феҳристҳо.

Дар расми ифтитоҳи ин ҷаласа доктор Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ, сабабу омилҳои чопи ин навъ осорномаҳоро шарҳ дода, гуфтанд, ки ин ТАШАББУСИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА ИДОМА ХОҲАД КАРД ВА АЗ ҲОЗИРИН ДАЪВАТ ҲАМ КАРДАНД, КИ БАРОИ НАШРИ КИТОБҲОИ МИНБАЪДА ПЕШНИҲОДҲОИ ХУДРО ИРОА КУНАНД. Чунин иқдом, аз як тараф, натиҷаи фаъолияти шуъбаи библиографии китобхона бошад, аз сӯйи дигар хидмати бисёр неку шоиста барои донишгоҳҳо ва онҳоест, ки ба пажуҳиши адабиёти муосир сарукоре доранд.

Дақиқан намедонам, аммо тахминан 28-30 донишкадаҳои забону адабиёт дар таркиби донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳаст ва садҳо донишҷӯе, ки чор солу шаш сол илми адаб меомӯзанд. Ҳамаи онҳо ниёз ба чунин осорномаҳо доранд. Ҳадди ақал барои ҳар донишкарда ду нусха китоб лозим бошад, пас ҳудуди 100-120 нусхаи чунин китоб танҳо ба мактабҳои олӣ лозим мешавад…

Ҳоло мо даҳҳо шоиру нависандаи маъруф дорем, ки чунин осорномаҳо надоранд… Қисмате архиви шахсӣ доранд ва дастрасӣ ба он архивҳо бо сабабҳое маълуму номаълум хеле мушкил аст. Масалан, ҳамин архиви устод Айнӣ то кунун барои муҳаққиқони осораш дарбаста аст… Ё осори устод Турсунзода ва ё устод Қаноат… Ҳамин тавр, агар ин ибтикори Китобхонаи миллӣ идома ёбад, саҳми бузурге дар рушди худи адабиёт ҳам мешавад…

Дар ин ҷаласа Ато Мирхоҷа, Аскар Ҳаким, Аламхон Кӯчарзода, Абдуллоҳи Раҳнамо, Толиби Луқмон, Кароматуллоҳи Мирзо аз паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Муҳаммад Ғоиб сухан гуфтанд. Чанд кас аз хотираҳо гуфтанд, бархе аз ҳусни шеъри шоир… Ҳарчанд гуфтугӯҳо аз ҳар қисмати шахсият ва осори шоир буданд, аммо тӯли ду соати расо суҳбат суҳбати хуби адабӣ буд…

Ба банда ҳам навбат расид ва чанд сухан аз вазъи шеър, назарияи шеър ва андаке аз ашъори шоир ҳам гуфтам. Ҳоло имкони бозоварди он андешаҳоро надорам, аммо дар мақолае алоҳида хоҳам навишт. Чизи нохуше, ки эҳсос мекунам, ҳамин аст, ки бо вуҷуди баркамол будани устод Муҳаммад Ғоиб ва ҳамчунин дар ғояти камол будани шеъраш то кунун дар нақди мо ӯ як қитъаи кашфношуда аст. Чунки дар нақди адабӣ заъифтарин чиз – рушд надоштани назарияи шеър аст… Методологияи пажуҳиши шеъри имрӯзӣ ҳам то андозаи лозим коркард нашудааст.

Ҳамин аст, ки таҳқиқи шеър асосан аз мавзуъ ва мундариҷа, орояҳои шеърӣ ва агар ҳиммат кунанд, бархе масоили поэтика ё сувари хиёл сурат мегирад…

Ин ки Муҳаммад Ғоиб пуркору пурмаҳсул аст, қариб ҳама ҳозирин ишора карданд, Аскар Ҳаким миқдори китобҳои шоирро (аз назму наср то мақолоташон) 60 адад гуфт. Агар ҳар яке аз ин шаст китобро дар як сол навишта бошанд, шаст соли ҳаёт лозим шудааст. Як умри одамӣ…

Банда ҳам замоне шоҳиди серкории шоир будам. Дар телевизион ӯ раис буду банда муовини аввалаш. Ҳатто дар лаҳзаҳои табобат ҳам ибора меҷуст, вожаву таркибҳоро тагу рӯ мекард, менавишту хат мезад, хат мезаду менавишт… Раҳбараҳ илҳоми шеъргӯияш меомад, ба иқрори худашон, ҳатто дар сафарҳо, дар меҳмониҳо, дар нишастҳо, дар ҳама ҷо…

Муҳаммад Ғоиб аз он тоифаи шуарост, ки шеърашон дар гардиш аст, ҳам миёни муҳаққиқону донишмандони шеър ва ҳам миёни мардуме, ки дар шинохти шеъри асил дарки лозим надоранд. Яъне шеъри шоир маҳбубияте дорад, ки одамро ҷазбу ҷалб мекунад, ба андеша водор мекунад, паёме барои инсон ва ҳар хонанда дорад…

Хуб, дар ин хусус алоҳида хоҳем гуфт, аммо дар поини ин матлаб ба ҷойи хулоса як гуфтори адиби машҳури украинӣ Григор Тютюнникро меорам, ки басо муносиби ҳоли дирӯзу имрӯзи шоир аст. Инак, ин адиб мегӯяд: “Барои адиб чизе навиштан мушкил аст, бисёр мушкил. Аммо нанавиштан аз он ҳам мушкилтар аст… Ҳамин аст, ки аҳли эҷод умре дар тангно қарор доранд”.

Муҳаммад Ғоиб ҳам, ончунонки дар борааш гуфтанд ва мо ҳам медонем, дар ҳамин гуна тангно қарор дорад. Беқарорие, ки устод дорад, хоси худи ӯст. Бо ин беқарорӣ нанавиштан имкон надорад…

Ҳар шоире ҳақ дорад, фахрия бигӯяд. Танҳо ба шоирон иҷоза ҳаст, ки андак-андак аз осори хеш ифтихор кунанд ва ин ифтихорро ошкоро изҳор кунанд. Дар ҳамин китоби тозанашр, дар пешгуфтори устод Низом Қосим фахрияи ӯро дидам, ки на фақат ҳадафи шоирӣ, балки инсонии ӯро ҳам ифода мекунад:

Нахоҳам рӯзи сахти умматонро,
Маро, охир, Муҳаммад ном карданд…

Ва ниҳоят: бори дигар сипос ба роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ, ки чунин китоби арзишмандеро нашр карданд ва ҳам табъи худи шоирро шоду хуррам…

Ҳафиз РАҲМОН