Бо бачаҳо. Тошӣ

Як подшоҳ буд, як бача дошт. Бача хушрўю зебо буд. Рўзе ба падараш гуфт, ки:

– Ба ман як зан гирифта бидеҳ, ки чени худам бошад.

Одамони подшоҳ, аз кофтукоб кафшашон ғалбер гашт, таёқашон сўзан, лекин духтари муносиб ёфта натавонистанд. Подшоҳ ба бачааш гуфт, ки:

Акнун худат сайри дунё карда, духтари мувофиқ ёфта гир!

Бача як камонғўлак дошт, гирифта ба кофтукоби духтар баромад. Ба шаҳре рафт, ки подшоҳи шаҳр ҳафт духтар доштааст. Ба боғи подшоҳ даромада, дар як гўшае истод. Як вақт духтарони подшоҳ ба сайри боғ омаданд. Бачаи подшоҳ як тир андохт, ки рафта ба соч зад. Соч афтод ба пеши духтарон. Яке духтари подшоҳ сўйи бача нигоҳ карда гуфт:

Дар даст чӣ дорӣ, чуви хушк?

     Аз ту наёмад бўи мушк

     Нозои гул бо гул равон,

     Эӣ ёр, харидорат манам.

Баъд духтар бачаро, бача духтарро маъқул кард. Бача аз боғ баромада пеши падараш омад. Подшоҳ дид, ки бачааш Тошӣ омада истодааст. Подшоҳ ба занаш гуфт, ки:

   – Чолоб кун, ки дили писарат сўхт.

Зани подшоҳ бо косаи чолоб Тоширо пешвоз гирифт. Тошӣ чолобро аз дасти модараш гирифта хўрд. Баъд хабари ёфт шудани арўсшавандаро  ба падару модараш нақл кард.

Подшоҳ хурсанд шуда, даррав тўй пеш мегирад, баъд Тоширо одами бисёре ба хонаи арўс мебаранд. Арўсро никоҳ карда ба асп савор мекунанд. Тошӣ ҳам савора мешавад.

Аспи арўс ва аспи янгаи ў якранг буд. Тошӣ дар роҳ нафаҳмида, ба аспи янгаи арўс қамчин меандозад. Янгаи арўс мегўяд, ки:

Як қамчинам андохтӣ,

   Ёри худта нашнохтӣ?

Арўс мегўяд:

Нозои гул бо гул равон,

   Эй гул, харидорут манам.

Ҳамин тариқа арўсро хушу хурсандона ба хонаи шоҳ оварданд. Лекин ин арўсро вақти таваллуд шуданаш ба писари подшоҳи Фаранг фотиҳа карда буданд. Ин овозаи тўйро шунида, писари подшоҳи Фаранг дар ғазаб шуд ва лашкар кашида, ба сари падари духтар омад. Ҷанг эълон кард. Ба Тошӣ хабари ҷанг расид.

Тошӣ ба занаш гуфт, ки:

   – Биё, ҳамин мўзаамро бикаш!

Занаш як пойи мўзаро кашида буд, ки гурумбаси садои суми асп аз пушти хона шунида шуд. Занаш мўзаи дуюмашро кашам гуфт, ки Тошӣ мўзаро боз гардонда пўшида баромаданӣ буд, ки занаш гуфт:

   – Ту, нарав!

Тошӣ:

   – Ин рақиби ман аст, чаро ман наравам?

Тошӣ гапи занашро гўш накард, нангаш омада танҳо ба ҷанг рафт. Зани Тошӣ гуфт:

Тоширо дидорӣ кунед,

     Ҷонша харидорӣ кунед,

     Тошӣ белашкар меравад.

     Бо тиру тиркаш меравад.

Тошӣ дар майдони ҷанг чунон ҷангид, ки ҳамаи лашкари душманро қир карда, аз каллашон манора сохт. Хуни душман чун оби дарё равон шуд. Подшоҳи Фаранг гурезон шуд. Баъд Тошӣ омада аз хусураш фотиҳа гирифта, пеши занаш мерафт, ки бачаҳои амакаш дар таги чанор бо нияти бад истодаанд, Тоширо дида гуфтанд, ки:

    – Эй бародар, биё, як сару гарданро тоза карда равем.

Тошӣ гуфт, ки:

   – Ман вақт надорам.

Онҳо маҷбураш карда, мўйи сарашро чаппа тарошиданд, аз пушти сараш бо ханҷар сарашро буриданд. Аспаш, ки дар чанор баста буд, якбора шиҳа кашиду аз шохи чанор канда шуда, пеши зани Тошӣ омад. Занак аспро дида афсўс хўрда:

Ҳай, дареғ, Тоширо куштаанд,- гуфта байте гуфт:

Аспи сиёҳи чубкара,

      Ёло дора ёли барра

      Кофарбача сар мебура,

      Ай по кашидум мўза,

      Ҷоҳои корд месўза,

      Дар ишқи духтар мерава.

Асп пеш-пеш, одамҳо рафта мурдаи Тоширо аз таги чанор ёфта, оварда гўрониданд.

Рўзи дигар саҳарии барвақт духтар ба хушдоманаш гуфт, ки:

Биё, сари қабри бачаат биравем.

Баъд, оҳиста як корди қаламтарошро гирифта ҳамроҳи хушдоманаш сари қабри Тошӣ рафтанд. Дар сари қабри Тошӣ чӣ қадар гиряву нолаҳо карда, бармегаштанд, ки зани Тошӣ ба хушдоманаш гуфт:

Шумо дар ҳамин ҷо истед, ки ман як пой кафшамро дар сари қабр мондаам.

Хушдоманаш истод. Зани Тошӣ омаду ба сари қабр бо қаламтарош дилашро чок кард, ба болои хок дароз кашид, мурд.

Вайро ҳам дар қабати қабри Тошӣ гўрониданд.

Се пагоҳ омада мебинанд, ки ҳар дуяшон дар як қабр. Баъд гирифта ҷудо мегўронанд. Рўзи дигар боз омада мебинанд, ки ҳардуяшон оғўш ба оғўш хоб кардаанд. Боз канда алоҳида- алоҳида мегўронанд. Сари ҳафта омада мебинанд, ки дар сари қабри Тошӣ гули сурх ва дар сари қабри духтар гули кабуд баромадааст.

Мегўянд, ки ошиқи печон, аз ошиқию маъшуқии Тошию духтари подшоҳ мондааст.

Аз китоби “Подшоҳ ва духтари оҳангар”, Душанбе соли 2022.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.