Бо бачаҳо. Як ҳикояи хуб аз Пӯлод Толис. “Аҳмад”
Буттаи сербарги хордор оҳиста ҷунбид ва боз ба ҳолати пештарааш омада, беҳаракат монд. Гунҷишке, ки дар шохаи он нишаста буд, тарсида парвоз намуд ва ба шохаи буттаи наздиктарин нишаст.
Аҳмад зуд сарашро гардонда, ба суйи бутта диққат кард, гуё ки чизе набуд. Ӯ бо диққат буттаро аз таг то боло дида баромад: боз ягон нишонаи шубҳаворе наёфт. Вай аз нав ба бутта чашм давонд. Сарашро поён намуд ва дид, ки аз таги баргҳои бутта мили ялаққосии таппонча намудор аст.
«- Аҳа! – худ ба худ нидо дод у,- ба даст афтодӣ!» – ва худро бе ҳеҷ овоз пас кашид. Ӯ таппончаро ба муқобили «душман» тайёр нигоҳ медошт. Дар қамараш ханҷари чубин ҳам буд. Мумкин аст, шумо тааҷуб намоед, ки чаро вай «душман»-ро дар ҷояш накушт. Не, Аҳмад ӯро зинда даст гирифтанӣ шуд. Охир, «забон» аз мурда хеле фоиданоктар аст. Аз ӯ дар бораи ҷои вокеъшудаи штаби «душман», нуқтахои оташфишон, ДОТ-хо, ДЗОТ-ҳо ва боз бисёр чизҳои дигар маълумот гирифтан мумкин аст.
Аҳмад ин тарафи корро ҳам фикр карда монда буд. Дар кисаи у ресмони сахту борике мавҷуд аст. Ӯ хеле пас рафта, аз ақиби «душман» хазида омад ва якбора рост шуду худро бар болои ӯ партофт. «Душман» дар аввал худро тамоман гум карда монд. Аз афти кор, ӯ ин тавр ҳал шудани тақдирашро ба хаёлаш ҳам наоварда буд. Аммо вай ба зуди ба худ омаду ба муқобилият кардан сар кард. Вай хеле бақувват, аз Аҳмад нисбат ба вай хеле чаққон будааст. Дар байни онхо часпу талоши ҳақиқӣ сар шуд.
«Ҳа-а-а!»- мегуфт яке фих-фихкунон нафас гирифта.
«Ҳа-а-а!» дар навбати худ пас намемонд дигаре.
Лекин чаққонӣ кори худро кард: Пас аз фурсате Аҳмад муваффақ шуд, ки дасти «душман»-ро бандад. «Душман» бисер ба хашм омада буд. Ин тавр зуд ба даст афтодан ба ӯ аз ҳад алам мекард.
Аҳмад аз ғалабаи худ хурсанд гашта, зери лаб табассум мекард: Разведкачии «душман»-ро асир кардан кори саҳл нест.
– Кани, хез! – фармон дод ӯ, дар ҳолате, ки таппончаи ғаниматиро ба камарбанди худ меовехт.
Аҳмад аз паси асир истода, ба назар меовард, ки чӣ тавр командир аз кори ӯ хурсанд мешавад.
Онҳо ба штаб расиданд. Штаб дар ҷои хеле мувофиқ вокеъ гашта буд. Вай дар байни офтобпарастҳо ва ҷуворимаккахои қадбаланд ҷойгир шуда буд. Штаб ҳам барои дидбони, ҳам барои ниқобпӯш шудан мувофиқ буд.
«Асир» аввал чизе гуфтан намехост. Ӯ хомӯш меистод. Аммо дар охир, маҷбур шуд,ки маълумотхои даркориро як ба як гуфта диҳад.
Пас аз ним соат, бо ҳучуми ногаҳонӣ, штаби «душман» ба даст оварда шуд. Сардорони штаб ҳамагӣ асир афтоданд. Он сӯйи кор мушкил набуд.
«Душман» ба зуди торумор карда шуд.
Ахмад барои кори далеронааш, бо фармони командир, бо рутбаи «сержант» сарфароз гардид.
Акнун ӯро хама рафиқ «сержант» мегуфтанд.
Бачагон баъд аз бозии ҳарбӣ, ки онро бисёр дӯст медоштанд, дар зери сояи қаторбеди лаби ҷуйи қишлоқ ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо Аҳмад низ буд. Ин писарча зиракчашм буда, мӯй ва абрувони сиёҳ дошт. Пӯсти ӯ қаҳваранг метобид.
– Бачаҳо! – гуфт писарчае, ки руйи васеи гандумгун дошт, – биёед, акнун бозии руст-рустшавак мекунем.
– Не! – дигаре норози шуд, – аз ин бозии мушу гурба нағзтар аст.
– Ин бозиҳо ҳамаашон куҳна шудагӣ, – гуфт духтарчае, ки куртаи лоларанг дар бар карда буд, – ягон бозии нав ёфтан даркор, ки аз ин бозиҳо беҳтар бошад.
–Ба ман гӯш кунед! – гуфт Аҳмад.
Бачагон ба вай нигоҳ карданд.
– Ҳа?- пурсид духтарчаи сурхпуш.
– Ман, – давом дод Аҳмад, як коре фикр намудаам, ки аз он ҳам падару модарамон.
– Ин чӣ тавр кор будааст? – ба мароқ омада пурсид духтараке дигаре.
– Ба миёни гап надаро! – хоҳиш намуд аз ӯ Соҳиб ном бачае, ки дастонашро ба зери манахаш монда буд.
– Хайр ором шавед! – гуфт Алӣ. Ӯ аз ҳамаи бачагон калонсолтар буда, дар бозиҳо командир мешуд.
Бачагон ором шуданд.
– Ин ҳамин тавр кор: – гуфт Аҳмад. –
Ҳамаи мо медонем, ки ҳозир дар звенои Сафарамак одам кам аст…
–Якбора ду кас касала! – хитоб кард духтараки сурхпуш.
-Звенои Сафарамак бо звенои акаи ту, – Аҳмад ба Соҳиб нигоҳ кард, – барои 75- сентнери пахта гирифтан мусобиқа бастагӣ, а?
Соҳиб сар ҷунбонда «ҳа» гуфт.
– Ҳозир сабзиши ниҳолҳои пахтаи звенои ӯ нағз.
– Дар ин бора дар газетаҳо ҳам навишта буданд-ку, ёдоварӣ кард духтараки сурхпӯш.
– Дуруст, Ҳафиза, – тасдиқ кард Аҳмад, – аммо ҳозир дар як қисми замини звенои Сафарамак, ки дар паси сарои колхоз аст, якта-нимта «саломалейкум» ва дар дигар алафҳои бегона пайдо шудагӣ,- ӯ бачагонро як-як аз назар гузаронд.- Бачаҳо, биёетон, он ҷоро аз алаф тоза мекунем. Як фикр карда бинетон, аз ин корамон Сафарамак, раисамакамон ва дигарҳо чӣ қадар хурсанд мешаванд!
– Майлаш, ин розӣ шуд Соҳиб, – ҳамаамон як ғайрат кунем!
– Алафҳои кандагиамон барои молҳои худамон хӯрок мешавад, – гуфт Ҳафиза.
– Э, раветон, ман алаф намеканам! – Ногоҳ норозӣ шуд бачаи кулчаруй, – раваду якта-нимта алаф монад. – Сафарамакам ҷанг мекунанд. Аз ин ягон бозӣ кунем, беҳтар. Нағзаш чиллакбозӣ кунем-чӣ?
– Агар нахоҳӣ,- гуфт Аҳмад, – нахоҳ,!Ҳеч кас туро маҷбур кардагеш. Худат чиллакбозӣ кардан гир.
– Э, ба гапи Самад гуш накунӣ ҳам мешавад, гуфт Соҳиб, – вай худаш ҳамин хел бача!
– Ин корро бе вай хам худамон карда метавонем, – ба гап хамроҳ шуд Алӣ. – Самад нахоҳад, нахостан гирад.
– Худаш бачаи гарданғафс аст, – гуфт бо истеҳзо Ҳафиза!
Бачагон бо вай ҳамовоз шуданд.
– Шарм надошта, имрӯз асир афтодагеша гӯед! – Бачае, ки дар бозии ҳарбии имрӯза командири мағлубшудахо буд, ба Самад нигоҳи каҷе андохт.
Самад дар каҳр сурх шуд. Вай таппончаашро аз қамарбандаш гирифта ба кисааш монд ва «раветон, худам ҳам бозӣ кардан мегирам!» – гуфта ба суйи ҳавлиашон равон шуд.
Аҳмад аввал рафта, аз Сафарамак иҷозат гирифт ва ба замини звенои ӯ бачагонро овард. Худи Сафарамак ҳам бо ҳамроҳии онҳо омада, тарзи алафканиро нишон дод.
Булаки замин чаҳоркунҷа буд. Ниҳолҳои пахта сар то сари ҷӯякхо саф ороста буданд. Дида мешуд, ки ин булакро фақат як ё якуним ҳафта пешхишова кардаанд. Лекин холо алафҳои бегона хеле зиёд гардида буданд.
Бачагон зуд ба кор сар карданд. Ҳар як парчаи замин, ки аз алафҳои бегона тоза мегардид, ким-чӣ тавр ҳусни наве пайдо мекард. Бачагон инро дида, боз хам боғайраттар алафҳоро решакан мекарданд. Ба зудӣ дар канори пахтазор хирманҳои кабуди алаф пайдо шуданд. Онҳо торафт калон мешуданд.
Бачагон нисфи заминро аз алаф тоза карда буданд, ки аз паси худ овози шиносеро шуниданд. Ин овоз онҳоро водор намуд, ки ба ақиби худ нигоҳ кунанд. Ин Самад буд, ки чашмашро аз замин наканда «Аҳмад!» мегуфт.
-Ҳа!- гуён Аҳмад ба ӯ наздик шуд.
Самад хеле хомӯш истод ва сонӣ бо овози паст илтимос намуд:
– Ман ҳам хишова мекунам… – ва ба чашмони Аҳмад бо умед нигоҳ кард.
– Чӣ, худат танҳо бозӣ карда натавонистӣ– мӣ?- бо истеҳзо пурсид Ҳафиза.
Самад гап назад. Вай сарашро намебардошт.
– Хайр, – гуфт бо нарми Аҳмад. «Ба ҳар ҳол Самад бачаи бад нест», фикр кард у, – агар хоҳи, ту биё, мана аз ин ҷӯяк кандан гир, – вай ба бачагон руй овард.
Бозӣ баъд аз кор хам мешавад,а?
Ҳа,ҳа!- овоз доданд рафиқонаш аз алафканӣ сар набардошта.
Ҳой Ҳафиза!- хитоб намуд Самад, пас аз хеле вақт.
Ҳафиза сар бардошта нигох кард.
– Ҳа?
– Мана ин чойро, ана бин чала монда рафтӣ-ку! – ва порчаи заминро, ки алафаш нимкола чида шуда буд, нишон дод.
Ҳафиза бо як қадар ҳиҷолат пас гашт ва он ҷойро аз алаф тоза кард.
Алаф аз байни қаторхои пахта тез дур карда мешуд. Бачагон булаки заминро тамоман аз алаф тоза намуда, натиҷаи кори худро бо завқ тамошо мекарданд. Нону зардолуе, ки Ҳафиза оварда буд (хонаи Ҳафизаино аз ин ҷо бисёр наздик, аз сарой андак дуртар аст), бисёр лаззатнок буданд.
– Ман ҳеҷ гоҳ хӯрокро бо ин хел иштиҳо нахӯрда будам, – гуфт Самад, – зардолу маззаи чунон ширин медиҳад, ки…
– Чунки меҳнат кардӣ-дия! – хандида гуфт Аҳмад.
Ҳама беихтиёр табассум намуданд.
Июн-июли соли 1947
Аз китоби Пӯлод Толис: “Ҳикояҳо барои бачаҳо”, таҳияи Садоқат ШОГУНБЕКОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон
БАЧАҲОИ АЗИЗ” Ин ва даҳҳо китобҳои шавқовару пурсуратро Шумо метаовнед дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир аст.