Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11 – уми октябр

Як-рузи-таърих-11-10-2023Соли 1542 дар Клифтон Мэйбэнк шоир, дипломат ва ходими давлатии англис  Томас Уайетт вафот кард. Вай писари ритсар Ҳенри Уайетт буд ва қисмати бештари шеърҳои худро ба дӯстдоштааш Анна Болейн – ҳамсари дуюми подшоҳи Англия Ҳенрихи VIII бахшидааст.

Уайетт яке аз поягузорони назми нави англис дониста мешавад. Аввалин шоири англис аст, ки ба сонетнависӣ рӯ овард.

Соли 1658 шоир ва намоишноманависи олмонӣ Кристиан Ҳенрих Постел таваллуд шуд. Дар Ҳамбург дар хонаводаи кашиш ба камол расид ва Лейпсиг таҳти роҳбарии Христиан Томазия (файласуф, ҳуқуқшиноси маъруфи олмонӣ) дарси ҳуқуқ омӯхт. Баъди хатми омӯзиш дар донишгоҳи Ростокс ба саёҳати Нидерландия, Фаронса ва Англия рафт ва сипас дубора ба Ҳамбург баргашт.

Чун либреттонавис бо бастакорон Георг Филипп Телеман, Райнҳард Кайзер, Иоҳанн Зигизмунд Куссер ва дигарон ҳамкорӣ кард.

Ҳамчунин ба корҳои тарҷумонӣ ҳам машғул шуд.

22 марти соли 1705 дар 46-солагӣ бар асари бемории сил аз олам гузашт.

Конрад-Фердинанд-МейерСоли 1825 шоир ва новелланависи аҳли Швейтсария Конрад Фердинанд Мейер зода шуд. Вай дар Швейтсария ба дунё омад ва тамоми умр он ҷо зист, ҳарчанд сафарҳои кутоҳмуддате ба Италия, Фаронса ва Олмон дошт.

Мейерро устоди жанри новеллаи таърихӣ меноманд. Вай дар ҳикояҳои худ бештар талош кардааст муҳаббати инсон ба инсонро ситояд ва таблиғ кунад.

Бештари осораш ба мавзуҳои таърихӣ бахшида шудаанд ва саҳнаҳоеро аз ҷангҳо ва муборизаҳо дар Швейтсария, Италия, Фаронсаро ба тасвир кашидааст, даврони Эҳёро ҳам фаромӯш накардааст, ки инъикос кунад.

Мунаққидонаш баъди омӯзиши осораш ба хулоса омадаанд, ки дар сарнавишти вай донишманди швейтсарӣ Якоб Буркҳард (18181897) нақши барҷаста бозидааст.

Конрад Фердинанд Мейер 28 ноябри соли 1898 дар синни  73-солагӣ вафот кард.

Франсуа МориакСоли 1885 дар Бордо нависанда, узви Академияи Фаронса Франсуа Мориак таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1952 буд. Аз ҷумлаи бузургтарин ва маъруфтарин нависандагони католики асри ХХ маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи Нобели адабиётро наздик ба 70 соли нависандагӣ соҳиб шудааст. Ва аввали моҳи сентябри соли 1970 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Порис тарки дунё кард.

Аввалин асарашро дар сисолагӣ навишт, ки он намоишномаи «Va-t-en!» буд ва онро ба хоҳараш Жермен бахшид.

Аввалин маҷмуаи шеърҳояро соли 1909 бо номи “Дастон барои ибодат”чоп кард.

Аз ӯ 30 роман, як маҷмуаи шеър, чанд намоишнома ва теъдоде китоби ғайридостонӣ ба мерос мондааст.

“Дастҳои ба ҳам пайваста”, “Худоҳофизӣ бо ҷавонӣ”, “Кӯдак дар зери занҷир”, “Гӯшт ва хун”, “Саҳрои ишқ”, “Сарнавиштҳо”, “Поёни шаб”, “Оғози як зиндагӣ”, “Роҳҳои дарё”, “Шикасхӯрдагони ишқ”, “Гузари шайтон”, “Бузинаҳо”, “Муҳаббати шум”, “Номае ба Изобел”, “Ранҷ”, “Роҳе ба раҳоӣ” аз ҷумлаи чанд китоб ва роману достонҳои ӯ мебошанд.

Иоганнес Роберт БехерСоли 1958 шоир ва нависандаи оламонӣ Иоҳаннес Роберт Бехер (олм. Johannes Robert Becher) тарки олам кард. Вай 22 майи соли 1891 ба дунё омада буд.

Иоҳаннес Роберт Бехер барандаи Ҷоизаи байналмилалии Сталин “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо” (1952) буд. Муаллифи романи зиддиҷангии “Люизит ва ё Ҷанги ягонаи адолатнок” буд, ки соли 1926 навишта шудааст.

Муддате вазири фарҳанги Олмони демократӣ буд.

15  марти соли 1933 аз дасти миллигароён аз тариқи Вена, Прага, Сюрих ва Порис фирор кард ва ба ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва бештар аз даҳ сол зист.

Соли 1963 дар синни 74-солагӣ шоир, нависанда, ходими театр, коргардони синамои аҳли Фаронса Жан Кокто вафот кард. Вай 5 июли соли 1889 таваллуд шуда буд.

Филмномаҳои “Хуни як шоир”, “Дев ва дилбар”, “Волдини ваҳшатнок” аз ӯст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ