Бо меҳмонон аз Ҳинд дар Китобхонаи миллӣ
Мруган Каприя ва ҳамсараш Ҷагрути Каприя гардишгарон аз шаҳри Мумбайи кишвари Ҳиндустон тасмим гирифтанд аз Тоҷикистони офтобӣ низ дидан намоянд. Ин ҷаҳонгардон сайру саёҳатҳои худро аз Қирғизистон шуруъ карданд. Дар сафари 18-рўзаашон кишвари ҳамсояи мо –Ўзбекистонро низ давр заданд. Ҳоло рўзи сеюм аст, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.
Ҷагрути Каприя гуфт, ки онҳо ба сафари 18-рӯза Тоҷикистон амадаанд ва ин чорумин рӯзи сафри онҳост. Ба гуфтаи хонум Ҷагрути Каприя сафари Тоҷикистон пас сафари Зеландияи Нав бисёр таъсирбахш ва шигифтангез буд. Ў табиати кишвари моро беҳамтову нотакрор дарёфт. Манзараҳои Тоҷикистон афсонавиву ҳайратангезанд.
Хонум Ҷагрути Каприя гуфт дар бештар аз 70 кишвари дунё буданд, аз ҷумла Гренландия, Антарктида, вале табиати Тоҷикистон афсонавиву боварнакарданист.
Ў дар идомаи сўҳбаташ иброз дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистонро кишвари зебо бо табиати бисёр ҷаззоб ва дилрабо дарёфтем, аксари мардуми хориҷ намедонанд, ки Тоҷикистон дар куҷост, чӣ гуна кишвар аст. Бояд бештар тарғиб карда шавад. Агар Тоҷикистон ба дурустӣ дар дигар кишварҳо муаррифӣ гардад, шумори зиёди гардишгарон ба Тоҷикистон меоянд.
Китобхонае ба ин бузургиву зебоиву латофат дар қалби Тоҷикистон ба назари ин ҷаҳонгардон ғайриинтизор буд. Хонум Ҷагрути Каприя гуфт, ки аз дидани китобхона ба ин натиҷа расидем, ки мо бояд аз шумо ин чизро биомўзем, зеро мудирияти китобхонаи миллии шумо бисёр мунназзам ба роҳ монда шудааст.
Ин гуна системаи китобдориро мо дар кишварамон надидем ё вуҷуд надорад, гуфт ҷаноби Мруган Каприя. Ба хотири ҷамъияти Ҳиндустон, ки хеле зиёд аст, 1, 4 миллиард аст, ки ин барои мудирияти китобхона мушкил эҷод мекунад. Мушкили дигар иқлими мост, ки рутубатнок аст, чун бо баҳр наздикем. Дар чуннин иқлим нигоҳдории китоб мушкил эҷод мекунад.
Сафари ин сайёҳон, ки аз Панҷекат оғоз гардид. Ҳафткӯл ва Искандаркӯлро тамошо карданд. Дар Душанбе аз маконҳои зиёде дидан карданд, дар гулгашту хиёбонҳо қадам заданд ва то Китобхонаи миллӣ расид. Ва баъди китобхона ба сӯи Осорхонаи миллӣ роҳ пеш гирифтанд. Дар Панҷекат осорхонаи қадимро тамошо карданд, ки барояшон писанд омад ва мегуфтанд ҳоло равем аз бузургтарин осорхонаи Тоҷикистон ҳам дидан кунем.
Бо меҳмонон дар бораи китобхонаҳои Ҳиндустон низ суҳбат намудем. Онҳо гуфтанд, ки дар Ҳиндустон ҳазорон китобхона вуҷуд дорад. Масалан, дар соҳаи тиб ҳазорон номгӯ китобҳо вуҷуд доранд. Ҳар шаҳру ноҳияву вилоят китобхонаҳои худро доранд, мактабу муассисаҳо низ. Ҳиндустон, ки аз лиҳози технологияи нармафзорӣ дар ҷаҳон яке аз ҷоҳои аввалро мегирад, барои ҷалби мардум ба китобхонӣ, тамоми китобҳояшонро ба шакли электронӣ баргардон кардааст.
Аз ҷаноби Мруган Каприя ва ҳамсараш Ҷагрути Каприя пурсидам оё барои ҷалби мардум ба китобхонӣ давлаташ кадом сабқатеро роҳандозӣ намудааст?
Дар давлати мо мизони савод поён нест. Аксари мардум ба мактаб мераванд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз ин рў, озмуне нест. Барои тарғиби кўдакон ба таҳсил, либоси ройгон, ғизои ройгон ва лавозими мактаб ройгон медиҳанд.
Китобхонаҳо дар кишвари мо дар сатҳи маҳаллӣ ҳаст, шаҳрӣ минтақавӣ, вилоятӣ, миллӣ. Дар кишвари мо тақрибан 28 забон, вуҷуд дорад, ҷудо аз ҳам ҳаст. Бинобар ин китобхонаҳои вилоятӣ ба забони аҳолии ҳамон вилоят китоб доранд.
Хонум Каприя ҳамчунин дар бораи донишу савод ҳарф зад ва гуфт кӯдакон бояд аз хурдӣ забонҳои хориҷӣ, бахусус инглисӣ омӯзанд, то оянда тавонанд дар сатҳи байналмилалӣ кишвари шуморо муаррифӣ кунанд. Ва ин муаррифӣ бо кушоишҳои илмӣ муяссар мешавад, ки саводи инглисӣ доштан басо муҳим аст.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.