Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода: Шеъри асил бояд такрор ба такрор хонда шавад
Ин мақола, ки мехонед, аз китоби “Суханро қудрати ҷонофарин бояд”, ки як маҷмуаи мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори устод Муъмин Қаноат аст, иқтибос шуд. Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода соле, ки устод Қаноат ба ҷоизаи давлатӣ шарафёб шуд, ин мақоларо навишта будааст ва донишманди маъруф иқрор мешавад, ки ҳарчанд бо навиштаҳои Муъмин Қаноат аз қабл ошно шуд, вале баъди мутолиаи осори наваш ба хулосае расидааст, ки то кунун барои худ Қаноатро чанд хуб кашф накарда будааст.
СУРУШИ ИҚБОЛ
Муъмин Қаноат яке аз чеҳраҳои дурахшони шеъри муосири точик мебошад, ки имсол сазовори Мукофоти давлатӣ гардид. Ман мачмуаҳои ӯро гоҳ-гоҳе мехондам. Бо офаридаҳояш кайҳо боз шинос будам, вале ин дафъа, вакте ки ҳамаи шеърҳояш аз назари мутолиа мегузашт, дидам, ки вай ба ман чандон хуб кашф нагардида будааст. Маълум мешавад, ки шеъри асил бояд такрор ба такрор хонда шавад.
Яке аз хусусиятҳои эҷодкории Муъмин Каноат пайдо кардани афкори барчаста ва шуълаҳои шоирона аст. Аз ин ҷост, ки вай доимо саъй кардааст фикрҳои олӣ эҷод кунад. Назди вай шеър гуфтан бо пайдо кардани хаёлоти бикр муродиф аст.
Муъмин Қаноат шоирест, ки дар назараш ҳамеша тасвири инсон ва такдири ӯ меистад. Ӯ инсонро дар оинаи шеър ба худи инсон нишон медиҳад. Зотан соҳиби сарватҳо ва дороиҳои бари замину зери заминхо, созандаи ризқу рӯзӣ ва ҳама неъматҳо инсон-ку?
Яке аз достонҳои ӯ, ки лоиқи тақдир шудааст, “Тоҷикистон исми ман” ном дорад. Шаклу ранги он хеле мувофиқ аст. Ғояҳои он, натиҷаҳои ахлоқии он, мазмуни сиёсӣ ва иҷтимоии он барои хонандаи имрӯз гуворост. Ман бо камоли ҷасорат гуфта метавонам, ки шеъри ӯ оинаи Тоҷикистон аст. Ин ба ҳар шоир насиб нахоҳад шуд!
Дигар аз хусусиятҳои Муъмин Қаноат пайвастагии шеърҳояш бо мероси адабии гузаштаи мост. Офаридаҳои вайро набояд аз гузашта ҷудо кард.
Маълум, ки хазинаи пурбаҳои шеъри тоҷикро, ки Рудакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ сохта буданд, бо гавҳарҳои нав пур кардан, кори истеъдодҳои хурд, одӣ нест. Ин кор насиби истеъдоди бузург мебошад. Чунки истеъдодҳои заиф аз мероси бузург нағз истифода бурда наметавонанд. Анъанаҳои хуби мероси адабиро эҷодкорона такмил дода наметавонанд. Чунин касон, албатта, асарҳои бузурге, ки бо илҳом навишта шуда бошанд, эҷод карда натавонистаанд.
Мероси классикӣ барои истеъдодҳои бузург пеш аз ҳама як мактаби ниҳоятдараҷа бузург ва намунаи безавол аст. Онҳо ба мерос ниҳоят дараҷа бо ҳаяҷони бузург наздик мешаванд ва гаронии масъулиятро ҳис карда, ба вай бисёр бо ҷиддият муносибат мекунанд, он чизе, ки дигарон нотамом ва ё ин ки аз назар сокит гузоштааанд, онро такмил медиҳанд. Дар гузашта аксарияти шоирони бузург ҳамин зайл кардаанд. Масалан, Саъдӣ, Ҳофиз ё Бедил, ҳама солорон, гузаштагони худро инкор накардаанд, аз назар соқит намондаанд, балки аз онҳо омӯхтаанд. Лекин онҳоро такрор накардаанд, он меросро ба роҳи нав даровардаанд. Ин танҳо кори ҳунарии истеъдоди бузург аст. Ман Муъмин Қаноатро яке аз ҳамин гуна шоирони боистеъдод медонам.
Ниҳоят, умеди ман ин ки баракати шеъраш ҳамеша идома ёфта, дар шабҳову рӯзҳои ҳар чаҳор фасли сол моро дар ҳангоми шодӣ ба шӯр оварад ва дар ҳангоми ғаму андуҳ тасаллӣ бахшида, заврақи фикраш дар дарёи умед сайёр бошад.
Шарифҷон Ҳесейнзода, профессор.
Аз китоби “Суханро қудрати ҷонофарин бояд”, Душанбе соли 2022.
Ташияи Гулрӯ Исмоилова.