Бодахорӣ Ҷек Лондонро ба бистари марг кашид

Адибон ҳам инсонанд ва ҳеч амали одамӣ барояшон бегона нест. Аз ин рӯ, чандон тааҷҷуббарангез ҳам нест, ки миёни адибони шуҳратёри олам бодахорон ҳам буданд. Касоне, ки повесту роману қиссаву достонҳояшон барояшон шуҳрати абад овард, низ мисли садҳо ҳамзамононашон ба машрубот зиёд рағбат доштанд, ба ҳадде, ки майхораву майзада ҳам ном гирифтанд. Таърихи адабиёти олам ин гунаҳоро зиёд медонад. Аз ҷумла, майзада ва гӯшанишини маъюсу ғамзада ЭДГАР АЛЛАН ПО, майхора бо собиқаи 18 соли боданӯшиҳои мастиовар УИЛЯМ ФОЛКНЕР, ЭРНСТ ХЕМЕНГУЭЙ, ки ҳамарӯза менӯшид, СЕРГЕЙ ЕСЕНИНИ машҳуре, ки чун як шоири бодахор ҳам ном бароварда буд, СКОТ ФИТСДЖЕРАЛД, ҶЕК КЕРУАК, СЕРГЕЙ ДОВЛАТОВ, ВЕНЕЧКА ЕРОФЕЕВ ва бисёри дигарон.

Аммо аз миёни ҳамаи адибони майдӯст муаллифи романҳои машҳури “Мартин Иден”, “Овои вуҳуш”, “Дараи моҳ”, “Сафеддандон”, “Гурги баҳр”, “Вақт мунтазир намешавад”, “Хонуми кӯчак дар хонаи бузург” Ҷек Лондонро метавон алоҳида ном бурд, ки бодахорӣ оқибат ӯро ба бистари марг кашид.

Ҷек Лондонро аз пуркортарин ва яке аз сермаҳсултарин  адибони қарни гузаштаи Амрико ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи тамаддуни башарӣ қаламдод мекунанд. Дар замоне, ки зинда буд, бештар аз чиҳил китоби ў рўи чопро дид.

  Вай зиндагонии басо пуртазод ва аҷоиберо аз сар гузаронидааст. Мегӯянд Ҷек Лондон аз овони кӯдакӣ ба ҷамъоварии садафи гаронарзише, ки ҳукумати вақт манъ карда буд, майлу рағбат дошт.

Борҳо гуфтаву навиштааст, ки нахустин бор тамъи машруботро дар панҷсолагӣ чашид. Ин замоне буд, ки падарандараш ӯро барои овардани сатили пиво ба майкадаи наздиктарин фиристода буд.

Аммо чун ба синни 14 расид, аллакай ба меъёри як одами калонсол метавонист шароб истеъмол кунад. Ӯ навишта буд: “Бист сол ман тамъи майи мастиоварро чашидам ва баъдан даҳ соли дигар худро маҷбур кардам, ки он нӯшокиҳоро дӯст дорам ва замоне майзада шудам, ки шароб дигар ҳама ҷо дастрас буду пайдо карданаш бароям мушкиле надошт”.

Дар синни булуғ Ҷек Лондон ба худ иҷоза медод, ки то кварт (андозаи моеот ва ҷисмҳои пошхӯранда, наздик ба 1 литр) виски нӯшад. Боре ба ҳадде нӯшид, ки дар коргоҳи киштисозии Окленд ба оби халиҷи Сан-Франсиско сарозер рафт ва метавонист ғарқ шавад, агар моҳигире ҳозир намешуд ва ӯро сари вақт наҷот намедод.

Дар синни 37 солагӣ Ҷек Лондон алакай адибе буд, ки барои асарҳояш аз ҳама бештар ҳақ мегирифт. Вай рӯзе аз 1000 ва баъзан то 1500 калима эҷод менамуд ва барои ин дар як шабонарӯз то 17 соат кор мекард. Вале ғамангез аст, ки аввалин нависандаи армикоие, ки барои асарҳои мондагораш миллионҳо доллар ҳақ дарёфт менамуд, ҳолати рӯҳафтодагиву афсурдаҳолии худро дар умқи як истакони пур аз машрубот ғарқ мекард ва соатҳо дар олами дигар ба сар мебурд.

Вай иқрор шуда буд: «Низомии кории ман нӯшидани машруботро танҳо субҳгоҳон манъ карда буд. Аввалин истакони шаробро лаҳзае ба лаб мебурдам, ки ҳазорумин калимаи худро рӯи коғаз мерехтам. Баъди ин то нисфирӯзи ман дигар финҷонҳои пур аз шаробро ҳисоб ҳам намекардам ва ҳамеша дар ҳолати сархӯшиву ширакайфӣ қарор доштам. Пеш аз ғизои шом ман боз ҳам менӯшидам. Таърихи куҳан! Ҳар қадар зиёд менӯшидам, ҳамон андоза рағбатам бештар мешуд. Ва баъдҳо алакай дигар нӯшокиҳои махлуту таркибӣ (коктейлҳо) хоҳишоти маро қонеъ намекарданд. Ман дигар неруе надоштам, ки ҳамеша бо онҳо бошам ва аз сӯи дигар меъдаам ҳам наметавонист он миқдоре, ки ман хоҳиш доштам, дар худ ҷо диҳад. Виски (навъе аз шароби инглисӣ) таъсири бештар бароям дошт. Талабот ба он камтар буд, вале натиҷаи таъсираш эҳсосшаванда. Акнун меъёри пеш аз хӯроки пешини маро вискии ҷавдорӣ ва ё гандумӣ, омехтаи ҳар гуна мусалласҳо ташкил медод. Охири рӯз бошад, ман виски бо оби газдор нӯши ҷон мекардам…”

Ва ин билохира адиби маъруфро ба коми марг бурд: се сол пас алакай нависандаи чиҳилсола аз олам рафта буд. 22-уми моҳи ноябри соли 1916 дар айни камолоти эҷодӣ, дар ҳоле, ки олами адаб аз ӯ беҳтарин асарҳоро интизор буд, хабари маргаш расид.

Манбаъ: novostiliteratury.ru

 Таҳияи Б.Шафеъ.