«Мавлоно муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо»

Бо ҳамин ном рӯзи 27-уми сентябри соли равон бахшида ба 815- солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандони ватаниву хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.

Қарор аст дар ин нишаст Сафирони фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон, Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон, Лайло Тоҷир (Австрия) ба сурати онлайн, Лайлӣ Додхудоева, Софя Виноградова (Русия) онлайн, Амир Ҳусейн Зекргу – профессори Донишгоҳи Мелбурни Австралия (онлайн), Ҳасан Булхории Куҳӣ– устоди Донишгоҳи Теҳрон, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон ва донишмандони тоҷик профессор Ҷумахон Файзализода-Директори Китобхонаи миллӣ, Аламхон Кўчарзода – доктори илмҳои филологӣ, профессор, Лариса Додхудоева – доктори илмҳои таърих, Хуршедҷон Зиёӣдоктори илмҳои фалсафа, профессор, Саидолим Комилҷон Саидмирзо – номзади илмҳои филологӣ ва дигарон ширкат ва суханронӣ кунанд.

Оғози Конфронс: соати 9:00.

Макон: Китобхонаи миллӣ.