«Бонувон ва сиёсат». Мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар  таҳти унвони «Бонувон дар сиёсат» бо иштироки меҳмонон ва кормандони китобхона  баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода оғоз намуда, меҳмононро  хайрамақдам  гуфт. Ӯ иброз намуд, ки зан, модари тоҷик барои пойдории  оила,  пешрафти миллату давлат ва пойдории сулҳу суббот, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеаи имрӯза мавқеъи хос дорад. Имрӯз зан ҳамчун  роҳбар дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.

Дар чорабинии мазкур Шарипова Лайло – сардори шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифова Мавлуда – муовини  сардори Раёсати  кор бо занон  ва оилаи  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сайдаҳмадзода Дилором  – номзади  илмҳои педагогӣ,  дотсент, директори  маркази  омӯзишии «Мактаби давлатдории  Эмомалӣ Раҳмон», Зебо Зиёева – корманди  пешбари  илмӣ,  номзади илмҳои фалсафаи  Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Мавқеи зан дар ҷомеа»,  «Нақши занон дар самти  идоракунӣ  ва татбиқи  сиёсатӣ  давлат» суханронӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар раиси Шӯрои бонувон Фароғат Толибова дар мавзӯи  «Саҳми  бонувон дар сиёсат»  ва  Мирзоева Фарзона – сардори шуъбаи  робитаҳои  байналмилалии Китобхона дар мавзӯӣ «Мақоми зан дар ҷомеаи соҳибистиқлол»  баромад карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҲХДТ ба бонувони фаъоли Китобхона ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим намуданд.

Шуъбаи таблиғ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ