Хотираҳои устод Ҷўрабек Муродов аз устод  Мирзо  Турсунзода

    Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродовро ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Ин бузургвор – фарзанди фарзонаи миллати моро дар тамоми дунё мешиносанду эътироф мекунанд. Ў ба мисоли Ҳоҷӣ Абдулазиз, Фазлиддин Шаҳобов, Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев ва дигар ситораҳои дурахшони санъати тоҷик хазинаи мусиқии миллати моро ганҷу гуҳари тоза мебахшад ва маҳз  бо ҳунари волову истеъдоди нотакрори худ дар дилу дидаи ҳамагон ҷой гирифтааст. Дар ин рӯзҳо, ки 79умин соли мавлудашон фаро мерасад, ба ҳофизи азизу аниси мардумамон, пеш аз ҳам сиҳатмандӣ, умри дароз, суруду оҳангҳои нав ва саодати рӯзгор орзу мекунем.

     Устод Мирзо Турсунзода дар ҳаёти Ҷўрабек Муродов воқеан ҳам нақши босазое дорад. Ин устоди беҳамтои шеъри тоҷик, ҳомӣ ва ғамхори кули адибону ҳунармандон, инсони шариф, марди хирадманду заковатпеша, мунодии сулҳ, дар тамоми ҷаҳон дасти марҳамати хешро ба ў ҳамеша бо дили кушодаву беназир дароз мекард. Устод Ҷўрабек Муродов хотираҳои худро бо ин инсони  нотакрор чунин ёдовар шуданд:

       Вақте бо амри тақдир ба Душанбе омадаму бо устод аз наздик шиносоӣ пайдо кардам, тасаввурам дар бораи бениҳоят шахси бовиқор будани он кас тамоман ботил баромад. Устод Турсунзода ба андозае ҳалиму хоксор буданд, ки тасвир карда наметавонам.

 Ҳоло дар вохӯрию мулоқотҳо ба ман мегўянд, ки шумо шахси бисёр хоксору боодоб. Ба онҳо ҷавоб медиҳам, ки шумо, агар  боадабиву хоксории устод Турсунзодаро медидед, ҳарфҳояшонро мешунидед!

 Устод Турсунзода воқеан ҳам инсони бузург ва хеле заминӣ буданд, рўҳашон шод бошад. Аз ёдам намеравад. Боре устодро ба хона даъват кардам ва гуфтам, ки соати муайян худам наздатон меояму мебарам. Дастурхонро густурда, меҳмононро ҷо ба ҷо карда, дар тараддуди назди устод рафтан будам, ки худашон даромада омаданд. Хеле хиҷолатманд шудам, ки устод пиёда омаданд. Он кас авзои маро дида, бо як дарёдилӣ гуфтанд. «Боке нест, вақте ки падар ба хонаи фарзандаш меравад, роҳу вақтро аз ёд мебарорад…».

     – Соли 1967 буд, – нақлашро идома дода, мегўяд устод Ҷўрабек, мо ба Монреал сафари ҳунарӣ доштем. Рўзе, ки мо рафтем, устод Турсунзода озими баргаштан буданд. Дами хайрухӯш устод ба ман шеъри «Ватан»-и худро доданд, ки ҳамон ҷо эҷод карда будаанд. Ман ҳамон шаб ба ин шеър оҳанг баста, дар консерт хондам. Аз миёни  толор гиряи ҳасратолуди касе ба гўш расид. Баъд фаҳмидам, ки дар як маҳаллаи Ню-Йорк қариб ҳаштод оилаи форсизабону туркзабон  зиндагӣ мекардаанд. Аз ҷумлаи онҳо ҳашт нафар ба мошинҳо савор шуда, аз Ню-Йорк ба Монреал, ки масофаи ин шаҳр 1400 километр мебошад, меоянд.

 Ман ҳамон вақт ҳис кардам, ки Ватан доштан чӣ бахти бузурге будааст.

 Одатан, вақте ки ман ягон шеъри устодро оҳанг мебастам, маъқулашон мешуд ё не, гап намезаданд. Ва ё аксар вақт бо «бисёр хуб» иктифо мекарданд. Вале баъди ба шеъри «Ватан» оҳанг бастанам, хоҳиш мекарданд, ки бори дигар хонам.

 Ватан, албатта, барои ҳар фарди муқаддас аст, вале барои касе, ки аз хоки диёр дур афтода, заҳри фироқаш мечашид, он садчанд муқаддастар аст.

 Ба назари ман чунин мерасид, ки устод Турсунзода меҳри Ватанро боз ҳам амиқтару васеътар ва бо тамоми ҷозибааш эҳсос мекарданд.

                 Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

                 Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт,

                 Ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будам.

                 Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

 Шаби ҷашни 60-солагии устод Мирзо Турсунзода, Ҷўрабек Муродов суруди «Нонреза»-ро хонд. Ончунон таъсирноку бо маҳорати баланд хонд, ки Турсунзода ба риққат омада, ашк рехтанд.

  – Намедонам ҷавониямро ба ёд овардам ё таъсири суруд буд, ки натавонистам худдорӣ кунам…, – бо ҳасрат ёдовар шуда буданд боре устод Турсунзода.

 Ҷурабек Муродов «Ватан», «Модар», «Дўстонро гум макун», «Чашми ман», «Оҳанрабо», «Дараи арўсон», «Нонреза»  барин сурудҳоро бар матни устод Турсунзода он қадар марғуб, дилчаспу самимона месуруд, ки шоир аз шунидани онҳо ҳузуру ҳаловат  мебурд. Аз сурудхонии ҳофиз бошад, маҳбубияту эҳтироми ў ба шеъру шахсияти Мирзо Турсунзода эҳсос карда мешуд.

 Дилбастагии устод Мирзо Турсунзода ба Ҷўрабек Муродов танҳо аз он боис набуд, ки вай лаҳни бурро ва беғашу беолоиш, тариқати  тозаи овозхонӣ ва садои форам дошту шеърҳои ўро ба оҳанг дароварда мехонд ва бо ҳамин  ба сурудҳои вай ба қавли устод Лоиқ  пару боли қавитаре ато мекард, балки боз аз он ваҷҳ низ буд, ки  Ҷўрабек Муродов як инсони хоксору фурўтан, хушодобу  қадршиносу меҳрубон ва некмуомила буду ҳаргиз худситоӣ надошт, манманӣ намекард. Аз худаш қонеъ намешуд, меомўхт. Дар роҳи сайқал додани истеъдоди худододаш чун шамъ месўхт ва базми касон меафрўхт. Ба хубӣ дарк карда буд, ки фақат саъю кўшиш гули истеъдодро шодоб карда метавонаду  бас.

 Ин сифату фазилатҳои наҷиби инсонии Ҷўрабек устод Турсунзодаро басо хушоянд буданд.Ў борҳо қайд карда буд: «Ҷўрабеки азиз, ту ба шеърҳои ман ҷони дуюм ато кардаӣ, бо оҳангҳои ту ва маҳорати сурудхоният шеърҳоям билкул ба тарзи дигар садо медиҳанд. Дўстон, Ҷўрабекро бо чашми кам мабинед. Халқи мо хушбахт аст, ки Ҷўрабек барин сарояндаву мутриби нотакрор дорад».

 Вай то дақиқаҳои вопасини умри худ бо Ҷўрабек Муродов қаринӣ дошт, даҳон пур карда ўро «писарам» мегуфт ва устод Чўрабек ба Мирзо Турсунзода садоқати бемислу монанди фарзандӣ зоҳир мекард.

 Сурудҳои ин ҳунарманди нотакрори миллати тоҷик дар фонди мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар маҳфуз аст, хонандагони мўҳтарам метавонанд онҳоро истифода баранд.

Адабиётҳои истифодашуда:

 1.Шарифова, М.: Ҷўрабек Муродов – Хуҷанд, 2002 – 528 саҳ.

2.Назаралиев, Ҳ.: Воломақом (Ёддошт). – Душанбе, 2012. – 77 саҳ.

Нигина Маҳмудова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.