Боз як китоб аз таърихи диёри бостонии мо. “Аз Нозкӯл то Ҳулбук”

Аз Нозкӯл то ҲулбукИн китоб, ки соли гузашта чоп шудааст, бо ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат оғоз гардидааст: «Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатро равшан мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон

Муаллиф дар сарсухани китоб аз ҷумла овардааст, ки ҳақ ба гуфтаҳои сарвари давлатамон ҳаст, зеро донистани таърихи гузаштаи халқи худ барои ҳар як ватандор амри зарурӣ бошад, муҳофизат, нигоҳ доштан ва эҳё намудани ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва кишваршиносӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳ аст.  Аз ин рӯ, мақсад гузоштем кӯшише намоем барои муаррифии як гӯшаи диёри муқаддаси кишварамон Тоҷикистони азиз, ки онро дар ҳошияи таърих Қайнар ном аст.

Боиси ифтихору эҳтиром аст, ки шарафмандии навиштани чанд сухане оид  ба як гӯшаи диёр сарфароз гардидам. Ҳамзамон, шукргузор аз Худованди мутаъол барои офаридани ин сарзамини биҳиштосо ва сипосгузорӣ аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу ваҳдат ва осоиши рӯзгор менамоям.

Бузургтарин сармояи зиндагӣ барои ин мардум тарбияи фарзанд, шахсиятҳои ояндасози кишвар мебошад. Бошад, ки китоби мазкур як садо як навои ширине дар амалисозии ин ҳадафҳо гардад.

Ҳақиқати ҳол он аст, ки дар сарчашмаҳо ва асарҳои илмии таърихӣ дар бораи деҳа, қалъа ва ҳавзаи Қайнар маълумотҳо хеле кам аст, омӯзишу тадқиқот ва ковишҳои зиёди бостонӣ мебояд дар ин мавзеи таърихӣ то асрори қадимаи зери хок хуфтаи он ифшо шавад. Ин амали муаррихону бостоншиносони оянда аст.

Ба сифати омӯзгори собиқадори фанни таърих рисолати таърихӣ ва қарзи виҷонии худ меҳисобам, ки оид ба ин гӯшаи диёр, ки худ парвардаи он ҳастам, андешоронӣ намоям. Деҳаи худ, таърихи гузашта ва имрӯзаи онро донистан, эҳтиром намудан ва ояндаи неки онро пешбинӣ намудан ба ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз аст.

Якчанд нукта аз сарсухани китоби «Аз Нозкӯл то Ҳулбук»- и Ҳикматулло Кобулов буд, ки  овардем. Китоб пажуҳиши мухтасарест, ки аз таърихномаи як гӯшаи таърихи – табиии диёри – ҳавзаи Қайнар.

Хоҳишмандон китоби “Аз Нозкӯл то Ҳулбук”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.