Як китоби пажӯҳишии дигар аз таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳизби Халқии ДемократиМуаллифи ин китоб доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова буда, зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ соли гузашта чоп шудааст. Академик Раҳимӣ дар пешгуфтори китоб сабабҳои таълиф ва пажӯҳиши донишманди тоҷикро ин гуна шарҳ додааст:

Китоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат ном гирифта, ҷамъи мақолаҳои доктори илмҳои таърих, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демокрактии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ширин Қурбонова мебошад, ки бахшида ба 30- солагии таъсисёбии ҳизб бахшида шудааст.

Бо ибтикори Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани он нерӯи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаест, ки манфиатҳои шаҳрвандонро ҳимоя карда тавонад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар барқарор гардидани сулҳу субот, таъмини амнияти сиёсӣ, мустаҳкам гардидани ҳокимияти конститутсионӣ, рушди ҷомеаи миллӣ ба имзо расидани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”, аз байн бурдани парокандагии сиёсӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба ҳам овардани тарафҳои мухолифин, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди ҷомеаи демократӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, инкишоф додани соҳаҳои хоҷагии мамлакат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, густариш додани робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, кишварҳои хориҷи дур ва наздик, шарикони стратегӣ ва давлатҳои ҳамҷавор, саҳм гузоштан дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ, ба як субекти фаъоли сиёсӣ табдил гардидани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ, маърифати сиёсӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорию ҳувияти миллӣ ва умуман таъмини шароити хуби зиндагӣ ва фароҳам овардани ҷомеае, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷойи аввал меистад, саҳми бевосита ва назаррас гузоштааст.

Мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он рӯзҳо агар аз як тараф тақозои замони ҷомеаи декмократӣ бошад, аз тарафи дигар дар он шароите, ки кишварро парокандагии сиёсӣ фаро гирифта, оташи ҷанги бародаркуш мамлакатро ба нестшавӣ тела медод, сарвари ҷавону қавииродаи тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсис додани як ҳизби сиёсиеро, ки тавонад бо барномаҳои дурбинона ва созандаю бунёдкор, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва муҳимтар аз ҳама ба арзишҳои миллӣ ва динӣ эҳтироми баланд қоил бошад, дарк намуд. Буданд аҳзоби сиёсии ҳанӯз барвақтар таъсис ёфта, аммо меҳвари асосии фаъолияти аксари онҳоро таасубҳои маҳалгароӣ ва мазҳабӣ ташкил медод ва мардумро вобаста ба ғаразҳову манфиатҳо баръакс ба гурӯҳҳо ҷудо менамуд. Ҳизби Коммунистӣ бошад алакай мавқеи худро аз даст дода буд ва наметавонист мардумро муттаҳид ва мушкилотро бартараф созад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмон додани чунин як ҳизби сиёсӣ иқдом пеш мегиранд. Ва ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) дар лаҳзаҳои хеле ҳассос ва сангин, дар он рӯзҳое, ки таъсис додани он кори осон набуд, баъд аз кӯшишу талошҳои зиёд таъсис меёбад.

Дар зарфи 30 сол, ки як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба ҳисоб меравад, таҳти роҳбарии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи бузурги созанда, пешбаранда ва бунёдкор табдил ёфта, тавонист, ки нерӯи ақлонии кишвар, аз он ҷумла аҳли зиё, омӯзгорон, соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, фаъолони ҷамоъату деҳот ва шаҳру навоҳии ҷумҳуриро ҷалб намояд. Ин аст, ки имрӯз ҳизби мазкур ба ҳайси муҳаррики пешбарандаи ҷомеаи ном бароварда, бо беш аз панҷсад ҳазор аъзои худ Тоҷикистонро ба сӯйи баландтарини қуллаҳо равона намудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳам тавонист зери роҳбарии раиси хирадманд ва дурандеши худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномарезиҳо ва тасмимгириҳои оқилона ва судманд Тоҷикистонро ба як кишвари ободу осуда ва дар радифи амнтарин давлатҳои дунё ва фаъолтарин субъектҳои сиёсӣ саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ табдил диҳад.

Аз ин лиҳоз, муаллиф бо дарназардошти матлаби дар боло ироа гардида, тасмим гирифтааст, ки таърихи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки як давраи ниҳоят муҳим созандаро дар бар мегирад, мавриди пажӯҳиш қарор диҳад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ

Китоби “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Меҳрангез МУҲАББАТОВА,
сармутахассиси
Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.