Боз як рӯзи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ
Оғози гармиҳо масъулияти кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебаранд. Маъмулан ҳавои гарм баъзан боис мешавад дар сурати беоб мондани қитъае аз замини гулпӯши муассиса гулҳоро пажмурда кунад, ҳатто ба инкишофи дарахтону буттаҳо монеа эҷод намояд.
Ин аст, ки аз сари субҳи имрӯз ҳамагон ба коргоҳ омаданд ва даст ба поккориҳо заданд. Онҳо раддаҳои гулро аввал аз ҳаргуна бодовардаҳо тоза карданд, дарахтон ва буттагулҳоро об монданд.
Роҳҳои тоза карданд, ҳар гуна хасу хасрӯбаҳоро чидаву боғро барои обёрии ҳамарӯзӣ омода намуданд.
Китобхонаи миллӣ як манзараи сарсабзу гулпӯш дорад. Шумо ин ҷо баҳору тобистону тирамоҳу зимистон гулҳоро шукуфон, сабзаҳоро сабз мебинед. Ин ҳама аз заҳмати худи кормандонаш аст, ки намегузоранд ин ҳотаи ҳамешасабз хазон бубинад.
Раҳима Азам