Боздиди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Китобхонаи миллӣ

Имрўз ҳудудан 400 нафар омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ташриф оварданд. Ин аввалин бор аст, ки шумори зиёди донишомӯзон аз роҳи дур дастаҷамъӣ ба Китобхонаи миллӣ меоянд, то бо шароити он аз наздик ошно шаванд.

Ҳукмидин Сафарбекзода, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «Мақсад аз ин диду боздид аз наздик ошно намудани донишҷўён бо мероси гарону нодири гузаштагон аст. Маҳз худшиносиву ҳифз намудани мероси ниёгон аз ин даргоҳи муқаддас, яъне Китобхонаи миллӣ оғоз меёбад, мо рисолати хешро дар назди гузаштагону имрўзиён бояд хуб иҷро кунем, ҷавононро бояд дар ин руҳия таълиму тарбият намоем».

Кормандони Китобхона меҳмононро аввал ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ба сайру саҳати Китобхона бурданд, онҳоро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карданд, то аз наздик бо низоми хидматрасонӣ ошно шаванд, худ шоҳиди дархости китобҳову иҷрои дархости хонандагон шаванд.

Шумори бештари донишомӯзон ва омӯзгороне, ки имрӯз аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд, худро барои узвият дар Китобхона номнавис карданд ва соҳиби кортҳои вурудиву хониш шуданд.

Абдуғаюр Саломов