Боздиди хонандагони мактаби хусусии “Contofield” аз Китобхонаи миллӣ

ContofieldГурӯҳе аз хонандагони синфи 2-и мактаби хусусии “Contofield” ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ аз шароиту афзалиятҳо ва хизматрасониҳои толорҳои хониш ташриф оварданд. Онҳоро омӯзгорашон Нодира Халилова раҳнамоӣ мекард.

Роҳбалади Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” Дилноза Неъматова ба онҳо дар бораи сифати хидматрасониҳо ва шароити толорҳои хониш як-як маълумот дода, афзуд, ки толори хониши адабиёти кӯдакону наврасон ҳама шароитҳоро барои мутолиаи шавқовартарин китобҳо дорад, дар ин шуъба хонандагон боз метавонанд аъзои маҳфилҳо бошанд ва дар мулоқот бо адибон ширкат кунанд.

Вай аз ҷумла гуфт, ки китобро метавон дар хона ё мактаб ҳам хонд, вале шароитҳои муҳайёшуда дар Китобхонаи миллӣ хеле муносиб ва ҳаминзамонианд.

ContofieldМаврид ба ёдоварист, ки ҳамарӯза гурӯҳҳои зиёде ба Китобхонаи миллӣ меоянд ва як бахши фаъолияти шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ сайру сайёҳати ин афрод, ошно кардани онҳо бо Китобхона, толорҳои хониш ва шароитҳои фароҳашуда дар ин боргоҳи маърифат аст.  аст.

Абдуғаюр Саломов

  • Боздиди хонандагони мактаби хусусии “Contofield” аз Китобхонаи миллӣ