Боздиди Сафири Туркманистон аз Китобхонаи миллӣ

Сафири ТуркманистонНимаи дуюми рўз Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадов ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмони олиқадрро директори Китобхонаи миллӣ ва муовинони ў дар сатҳи баланди меҳмоннавозиву меҳмондорӣ пешвоз гирифтанд. Хатсайри Сафири Фавқуллода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз табақаи сеюми Китобхона оғоз гардид. Ба воситаи мусаввараи Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шариф, ки зиннати Китобхонаи миллӣ гаштааст, сафир аз таъриху фарҳанг ва расму оини деринаи тоҷик, ҳамчунин воқеаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик огоҳ гардид.

Сафири ТуркманистонПас аз ошноӣ бо мусаввараи дидании рассоми мониқалами тоҷик ҷаноби сафир ба осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ташриф бурд. Дар ин осорхона сафир бо намунаҳои 62 хат, аз ҷумла хати авестоӣ ва мехӣ ошно гардид. Дастхатҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Таърихи Табарӣ”, “Сияри Шариф”, дастхатҳои устод Садриддин Айнӣ бо хати форсӣ, китобҳои «Шоҳнома», “Маснавии маънавӣ” ҳамчунин дастхатҳое, ки дар арафаи Наврўзи соли 2012-ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бинои навсохт ҳадя карда буданд, ба Сафари Туркманистон таъсир ногуфтанӣ дошт. Ҳини сайёҳати сафир ба ў доири Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» маълумот пешниҳод гардид.

Сафири ТуркманистонСипас, меҳмонро ба Намоиши китоб, ки дар ошёнаи сеюми бинои Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст, раҳнамоӣ намуданд. Дар намоиши китоби шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхона намунаҳои китобҳои тозанашр, ки замони соҳибистиқлолӣ рўи нашрро дидаанд, пешкаши таваҷҷуҳи меҳмони баландмақом гардид. Дар ин намоиши китоб доир ба китобҳои мунташиркардаи Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла китобҳои Маркази «Тоҷикшиносӣ» иттилои муфасал дода шуд. Ба меҳмон гуфта шуд, ки Маркази Тоҷикшиносии Китобхона ҳар китоберо, ки доир ба тоҷикон навишта шудааст,низ аз забонҳои гуногун тарҷума ва ба чоп омода менамояд. Сафир дар китоби меҳмонҳои фахрӣ таассуроту дидаҳояшро навишта, ба кормандони Китобхонаи барору комёбӣ ва хушиҳои рўзгорро таманно намуд.

Сафири ТуркманистонЗимни мулоқоти тарафайн, ки дар толори пазироии Муассиса дар рўҳияи дўстиву самимӣ доир гардид, директори Китобхонаи миллӣ доктори илми педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода доир ба таърихи Китобхонаи миллӣ, бунёди ин кохи шукуҳманди китобу маърифат, таърихи китобу китобдории тоҷикон нақл кард.

Сафири ТуркманистонДар мулоқот масъалаи ифтитоҳи гўшаи шоир ва мутафакири туркман Махдумқулии Фароғӣ барарсӣ гардид.

Ҷаноби Аймурад Кочмурадов барои пазироии гарму ташкили як фурсати басо муносиби ошноӣ бо Китобхонаи миллӣ ба роҳбарияти он изҳори сипос кард  ва гуфт:  “Ин барои мо як қадами устувор дар роҳи ҳамкориҳои судманди оянда хоҳад буд”.

Сипас, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аймурад Кочмурадов гўшаи китобҳои Туркманистон дар ошёнаи чоруми Муассисаро тамошо намуда,  ваъда дод, ки дар кўтоҳмуддат барои овардани китобҳои тозанашри кишвараш барои ин гўша мусоидат хоҳад намуд.

Сафири ТуркманистонДар вохўрӣ ҳамчунин ҷонибҳо ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар соҳаи табодули китобу таҷрибаи китобдорӣ таъкид карданд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар китоб туҳфа намуданд.  Аз ҷумла Директори Китобхонаи миллӣ ба Аймурад Кочмурадов китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи  таърих” (ба забони англисӣ ва русӣ) ва Сафири Туркманистон ба Китобхонаи миллӣ китоби “Аркадаг”-ро тақдим намуд.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва
робита бо чомеа.