Боздиди темурмаликиён аз Китобхонаи миллӣ
Нимаи аввали рӯзи гузашта беш аз 30 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Темурмалик ба сайёҳати китобхонаи миллӣ омаданд.
Роҳбари мактаби рақами 1-и ноҳияи Темурмалик тасмим гирифтааст дар таътили тирамоҳии хонандагони муассиса онҳоро ба сайёҳати маконҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол ва тамошои пойтахт барад.
Ҳамаи онҳо бори аввал ба Китобхонаи миллӣ қадам ранҷа карда буданд ва муаллимашон ҳам гуфт, ки шогирдонаш шиносоӣ бо маконҳои ҷолибу зебои пойтахтро аз Китобхонаи миллӣ оғоз кардаанд. Ҳисс мешуд, ки барои ҳамаи онҳо он чӣ медиданд, мароқангез аст: ҳам толорҳои муҷаҳҳази хониш, ҳам шароити мутолиа, низоми хидматрасониҳо, ҷустуҷӯи китоби мавриди назар ва ҳам осорхонаҳои китоб, ки бинандаро бо даҳҳо китоби нодир ошно мекарданд.
Барояшон ҳамчунин наққошии бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф ҷолиби диққат буд. Тасвири Сабзалӣ Шариф, ки табақаи сеи китобхонаро зеб медиҳад, яке аз ифтихороти ин муассиса буда, муаллиф барои офаридани он муддати 20 сол заҳмат кашидааст ва таърихи миллати моро дар се давра: замони Сомониён, шўравӣ ва соҳибистиқлолӣ, бозгў мекунад.
Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.