Ҳафтаи гузашта 132 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд

Омори-КитобхонаКитобхонаи миллӣ имрўзҳо пурмеҳмон аст. Шумори меҳмонон, ки барои сайёҳати он меоянд ва ҳамчунин адади дустдорони китоб баҳри мутолиаи он ва супорши рўзафзуни китоб аз он шаҳодат медиҳад, ки завқи мардум ба мутолиа меафзояд.

Аз аввали моҳи ноябр то ба ҳамин рӯз 132 нафар меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар ва хориҷ аз он ба Китобхонаи миллӣ омадаву бо шароити он аз наздик ошно шудаанд. Абдуғаюр Саломов, сардори Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мегӯяд барои навомадагон ба ин боргоҳи маърифат ҳама чиз мароқангез аст. Онҳо аз дидани толорҳои пурхонандаву муҷаҳҳаз шод мешаванд, дар қалбашон ҳамин хоҳиш зинда мегардад, ки дар чунин толорҳо китоб бихонанд.

Роҳбаладони шуъба меҳмононро бо толорҳо ва осорхонаҳои китоб шинос мекунанд, ба ҳама суолҳояшон посух медиҳанд. Бахусус барои ҳар хориҷие, ки аз Китобхона дидан мекунад, шуруъ аз наққошии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода то осорхонаи китобҳои нодир ва дастхатҳои Шарқ ҷолиби диққатанд.

Маҳсиддин Сатторов – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён рӯзи гузашта ба мо гуфт, ки дар давоми як ҳафтаи сипаришуда  3083 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда, 3952 китоб дархост кардаанд.

Дар як ҳафтаи гузашта шумори хонандагони доимии китобхона 558 нафар афзудааст.

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.