Бузургдошти вассофи сулҳу дӯстӣ – Мирзо Турсунзода дар Китобхонаи миллӣ

Лутфия АбдулхолиқзодаДар Китобхонаи миллӣ бахшида ба гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гард, ки дар кори он адибон, донишмандон ва муҳаққиқони осори Турсунзода, роҳбарият ва кормандони Китобхона, инчунин намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Конфронсро директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, доир ба рӯзгор, фаъолияти адабӣ ва осори гаронарзиши Мирзо Турсунзода ҳарф зад. Мавсуф таъкид дошт,  ки Турсунзода ҳамчун шоири сулҳпарвар ва мубаллиғи арзишҳои инсонӣ да таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад.

Сипас, дар конфронс адибон ва донишмандони саршиноси кишвар ақидаҳои худро доир ба паҳлҳуҳои гуногуни ҳаёту рӯзгор, осор ва мавзуҳои шеъри Турсунзода баён намуданд.

Аз ҷумла Аламахон Кӯчарзода узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Сухане чанд оид ба Куллиёти 6-ҷилдаи Мирзо Турсунзода” суханронӣ карда, осори Турсунзодаро бемисл ва шеъри имрӯз унвон кард.

“Шеъри Турсунзода маънои баланди илмию иҷтимоӣ дорад. Мисли шоир касе мавзуи ӯро натавонистааст дар вазни шеър ин гуна ҷо диҳад. Маҳз ҳамин сабк ӯро миёни халқ Турсунзодаи воқеӣ кард”- гуфт Аламхон Кӯчарзода.

Дар идомаи ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳоб  ватангӯиву ватансароӣ ва даъвати мардум ба сулҳро дар шеъри Турсунзода бисёр таъсирбахш дониста, мавзуи мазкурро дар суханронии худ мавриди таҳлил қарор дод.

“Баъди Турсунзода ватангуйӣ зиёд шуд, аммо “Чун Ватан мегуфт, Турсунзода дунё мешунид”- Ватан гуфтани ӯ сатҳи дигар дошт”, гуфт Рустам Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Турсунзода дар тамоми осори худ, сар карда аз “Ҷони ширин”,  дар ҳама мавзуҳо сулҳу дӯстиро афзалият додааст.  Шоир мавзуҳоро на бараҳна, балки бо нигоришҳои шоирона ва ба дил наздиктарин интихоб кардааст, – илова кард дар суханронии худ Рустам Ваҳҳоб.

Дар қисмати дигари конфронс адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи “Турсунзода шоири миллӣ ва байналмилалӣ” маъруза карда, ҷойгоҳи Турсунзодаро дар адабиёти ҷаҳон мавриди таҳлил қарор дод.

“Тарғибгари дӯстии халқҳо, шоири шодиҳо  тамоми шеърҳои Турсунзода вобаста ба мавзеъ иншо шудаанд. Турсунзода дар ҳуҷра нишаста шеър нагуфтааст, ӯ шеърро аз осмон ба замин оварда ва ҳамин аст, ки халқҳои ҷаҳон ӯро шоири миллии худ эътироф кардаанд.”

Ҳамзамон дар ҳамоиш аз тарафи хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ порчаҳо аз ашъори ноби Турсунзода қироат гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш иштирокдорон миёни ҳам мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва тарғиби осори Турсунзодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки конфронси мазкур бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ ва Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ доир гардида, масъулон дар роҳрав барои иштирокдорон гӯшаҳои намоиши китоби Мирзо Турсунзодаро ташкил намуданд.

Наргис НАЗАРЗОДА
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа