Моҷаронависе, ки дида ба уфуқҳои дур дӯхтааст. Ё Шарифбек Азизӣ чӣ ва барои кӣ менависад?
Акаи Шарифбекро наметавон ҳатто баъди як суҳбати муфассал дўст надошт. Намунаест аз он ки мо бо истилоҳи «инсони комил» ёд мекунем. Ва бар илова намоди як зиёӣ ва рушанфикре, ки саропо донишу фазл аст. Хоксориаш ҳам ба ҳаддест, ки тули умр натавонистааст «ҳаққи худ аз даҳони шер бикашад». Барои шинохти ў кофист, ки аққалан ба яке аз асарҳои дар осори даҳҷилдааш рўйи чоп омада мутаваҷҷеҳ шавем. Ҳамин ривоят низ кофист, ки 28 сол дар мақомоти милитсия кор карда, то рутбаи майори милиса расидааст ва бо чунин сатҳи дониш аз мақоми ёвари навбатдор ба нафақа рафтааст, чун барои мансабу вазифа пеши касе сар фуруд наёвардааст, хоҳиш накардааст, васила наҷустааст. Ин дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, як рўёдоди басо нодир аст.
Бигзарем аз ин чанд ҳарфе, ки хостам муқаддимаи шинохти инсони истисной дар ҷомеа бошад.
Аммо ҳоло аз Шарифбеки дигар мехоҳам ҳарф бизанам, аз Шарифбеки нависанда, адибе, ки муаллифи 15 роману 11 қиссаву як ҳикоя аст. Тайи қариб 25 сол ў қаламро ҳамчун тарроҳ танҳо ба сабти ҳодисаву воқеаҳои нангини зиндагӣ, ки дар забони гуфтугўӣ онҳо ҳамчун ҳодисаҳои криминалӣ ёдрас мешаванд ва симои нафароне, ки ба муқобили ин гурўҳ синаи хешро сипар намуда, баҳри ободию осудагии мардум талош варзидаанд, равона намуда, ба ҳаракати ҳар як иштирокчии он пероҳани бадей пўшонидааст. Ин пероҳан то кадом андоза ба қаду басти персонажҳои асарҳои ў шинам афтодааст, танҳо хонанда чун довари аслӣ баҳо дода метавонад, вале ба андешаи банда Шарифбек дар эҷод хеле шахсияти муваффақ аст. Ҳарчанд тасодуфан по ба майдони адабиёт ниҳодааст, вале тайи 25 сол ин майдонро тарк накардааст ва аз рўйи тобу тавони хеш бо жанри моҷаро дар талош буда ва то ҷое тавонистааст, ки қонунро ҳамчун сарманшаи зиндагӣ карда, онро дар симои Хайр дар ин набардҳо пирўз намудааст. Новобаста аз он ки ҳамаи набардҳоро бо пирўзии Хайр ба анҷом расонидааст, вале рафти ҳодисаю воқеаҳоро танҳо аз як кунҷ мавриди назар қарор надодааст ва ба андешаи ман ба кору фаъолияти персонажҳои асосӣ объективона баҳо додааст. Агар хонанда ба навиштаҳои ин адиби тасодуфан ба майдони адабиёт қадамниҳода дуруст диққат диҳад, хоҳад дарёфт, ки ў ҳамеша ба шакли ҳукмронии золимона ва итоаткории ғуломона нафрат дошта ва дар рафти эҷод ҳамин ҳолатро лаҳзае аз мадди назар дур накардааст. Ин андешаҳояшро ҳангоми мусоҳибаҳо бо ВАО низ борҳо баён намудааст. Шоири бисёр тавонои форсизабон Нодири Нодирпур дар бораи эҷод гуфта
–Ман ҳеҷ гоҳ бо дасти ношуста шеър нанавиштаам.
Пас агар чуни наст, нафаре ки бо қалам сару кор дорад, бояд зоҳиру ботинаш як бошанд. Чун аз мусоҳибаҳои бо ВАО доштаи Шарифбек дарёфтам, ў бо дасту дили пок ба хотири ду фарзанди ҷавонмаргаш по ба саҳнаи адабиёт гузоштааст ва акнун қаламро ҳамчун масъулият ба рағми зиндагӣ ба хотири зинда гардонидани руҳи онҳо рўйи дафтар бурдааст. Ва агар ин ҳамаро боз ба ҳамон инсонияти ў даромезем, ўро шахсияте меёбем, ки андаруни ҳамин румону қиссаҳояш, ҳамроҳ бо персонажҳои офаридааш зиндагӣ дорад. Ў кулли дафтари эҷодашро дар қолаби як осори даҳҷилда ҷамъ овардааст ва дари ганҷурашро мехоҳад ҳамакнун бубандад, чизе дигар ба он наафзояд, чун даҳҷилдаи осор фароҳам шуд ва ин китобе, ки мо рўи даст дорем, матолиби аз ин даҳҷилда берунмонда аст, ки баъдан гирдоварӣ шуд ва муаллиф хост ин ганҷи паҳну парешонро ҳам гирд овард.
Аз 28 соли хидмат дар мақомоти милитсия 11 сол аз қалам ҷудо набудааст ва боз 14 соли дар нафақа будан низ қаламро аз болои дафтари эҷод дур намондааст. Ҳарчанд Шарифбек тасодуфан ба майдони эҷод қадам ниҳодааст, вале ангезаи нависандагӣ шояд замоне ба сараш зад, ки хост ким-кадом руйдоди ҷиноиро ба қалам кашад, бехабар аз он ки ин ҳодиса зояндаи руйдодҳои дигар, пайдоиши силсилаи ба ҳам пайвастаи ҷиноёту кашфи онҳо аз ҷониби ҳаммаслаконаш мешавад. Ҳамин тур шуд ва як қисса ба ҳадди роман расид ва паси ҳам дар ин 25 сол 15 романи ў аз саҳифаҳои бешумори дастнавис ба китобҳои бузургҳаҷм кўчид.
Агар бихоҳем Шарифбек Азизиро ба дурустӣ бишносем, аз ҳолу аҳволи қаҳрамонони достонҳояш ҷўё шавем, моро мебояд ба маҳсули эҷодаш таваҷҷуҳ намоем. Он чи ў офаридааст, куллан қиссаҳои саргузаштианд. Яке аз персонажҳо дар ҳар романи хубаш худи ўст. Адиб бо истифода аз шеваи типикунонии образҳо даҳҳо хислати инсонӣ, даҳҳо мавзеъро ба ҳам овардааст, ба ҳодисаҳо қабои бадеият пўшондааст, аз тахайюли адабӣ устокорона кор гирифтааст, то боваркарданӣ, зебо, ҷаззоб бошад. Ва тавонистааст, чун ҳеч чизе дар ин навишта барояш бегона набуд. Ҳамон обу ҳамон хоку ҳамон рустову ҳамон кўҳу даште, ки сужаи достонаш ҷараён мегирад, мавзеест, ки ба чашмаш ошност. Ҳамон масире, ки қаҳрамонашон тай мекунанд, даҳҳо бор ва шояд садҳову ҳазорҳо бор худи ў тай кардааст. Ҳар талу теппа, ҳар гулу буттаву дарахтро мешиносад. Ин аст, ки тасвирҳояш зебо ва боваркарданӣ баромадаанд.
Ман мунаққид нестам, ки тақриз бинвисам, ҳамагӣ як хонандаам ва дар арзёбӣ метавонам иштибоҳ кунам. Вале дар шинохти муаллиф иштибоҳ нахоҳам кард.
Шарифбек Азизӣ муддати 28 сол дунболи ҳамин персонажҳояш буду чеҳраи воқеъии онҳоро офарид. Миёни ин персонажҳо ҳамкасбонаш зиёданд. Бо хулқу атвору донишу малакаи гуногун. Тасвирҳо дар романҳояш пояи иҷтимой доранд, ҳаётианд, ҳатто диалогҳо саргузаштианд, аммо чун ҷомаи бадеият ба бар кардаанд, касе худро намешиносад. Дурусттараш хонанда симои хешро мебинад, вале бо ному насаби дигар. Дар ҳолати дидани симои хеш дар образи манфӣ, албатта, нафрати хонанда нисбат ба муаллифи асар меафзояд, вале чун ному насаби дар китобомада дигар аст, худро ошкор намекунад, вале баҳри бартараф намудани он ҳолатҳи манфии дар китоб зикршуда, ки то андозае муаллиф дар тасвири симояш заҳмат кашидааст, кўшиш ба харҷ хоҳад дод. Дар ҳолати дар шакли мусбӣ дидани симои хеш низ хонанда ифтихор карда наметавонад, чунки ному насаби персонажи асар дигар аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар замири ў низ андешаҳои мухталифе дар атрофи муаллиф туғён назанад. Шарифбек Азизӣ адиб аст ва хост аз миёни даҳҳо ҳаммаслакон персонажҳое офарад, ки ҳаётӣ бошанд, вале тарзе офарад, ки ҳеч кадоме худр нашносад. Ҳамин аст вазифаи адиб!
Аксари ҷинояткороне, ки дар достонҳои корогоҳии Шарифбек Азизӣ тасвир шудаанд, низ ҳаётианд. Як силсилаи парвандаҳоро худи адиб дар ҷараёни кору фаъолияташ ҷамъу ҷўр кардааст. Гумон мекунам, ҳангоми тафтиши парвандаҳо аз миёни ин ҷиноятпешагон персонажҳои ояндаи роману қиссаҳояшро меҷусту меёфт.
Асарҳои адиб саршор аз таҳлилҳову мулоҳизаҳои илмианд. Воситаҳои гуногуни таҳлилии илман асосёфта истифода шудаанд, хулосаҳои назариявие доранд, ки пояҳои истифода шудаанд, хулосаҳои назариявие доранд, ки пояҳои устувори илмӣ доранд. Дар тасвири дарки фикру андеша ва психологияи ҷинояткор дасти расо дорад. Зеро муддати қариб сӣ соли кор дар милитсия ўро криминалист, яъне ҷиноятшинос кард. Ў медид, ки як нафар вақти пурсишу тафтиш як рўйдодро ба чанд ранг ҷилва медод, то худро аз ҷазо бираҳонад. Аксари хонандагони ин китоб шояд огоҳ набошанд, вале нависандаи ин сатрҳо, ки низ собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, медонад, ки дар дақиқаҳои аввали боздошт, то лаҳзаи бо далелҳои шайъй собит намудани дараҷаи гуноҳаш муваққатан боздоштшудаи муттаҳам ба ҷиноят тавре рафтор мекунад ва ба суолҳо посух медиҳад, ки гўё аслан ба амале даст назадааст. Танҳо зиракиву ботаҷриба будани муфаттиш метавонад симои аслии ўро фош бисозад. Медонам, ки Шарифбеки Азизӣ ҳам даҳҳо (агар садҳо набошад) ин гуна саҳнаҳоро дидааст, симои ин афродро барои як достони дигари ҷиной, ки бояд навишта шавад, ба лавҳи хотир супурдааст.
Шарифбек Азизӣ дар романҳояш тавонист услуби пазируфтаи жанри детективиро риоя кунад, онро эҷодкорона ривоҷ диҳад. Дар офариниши маҷрои ҷиной, омилҳову сабабҳо, мантиқ, воқеъияти зиндагӣ ва тахайюли нависандагиро ба ҳам омезиш диҳад.
Шарифбек Азизӣ доштани ин миқдор осори адабӣ шоистаи ҳеч ҷоизаи адабӣ нашудааст. Иллати инро метавон аз дигар ҷо ҷуст, чунки зиндагӣ мисли ҳамон дастурхони шведист, ки:
– баъзеҳо аз он ҳарчи хоҳанд мегиранд;
– баъзеҳо аз рўйи виҷдон мегиранд;
– баъзеҳо ба дараҷаи беҳаёии хеш.
Аз рўи таомули шарқӣ дар мо одат шудааст, ки асарҳои даҳҳо бор чопшударо ба хотири он ки муаллифаш бароямон писанд аст, рўйи чоп оварем ва номи эшонро такрор ба такрор дар рўйхат барои гирифтани ҷоизаву мукофотҳо сабт намоем.
Аммо адибе, ки бо моҷаро даст бар гиребон аст, ба ҳамин ҳолати ҳақиқии рўзгор шояд аз рўй хоксорӣ ва ё бо кадом як сабаби дигар (тасодуфан по ба майдони адабиёт гузоштанашро дар назар дорам –Б.Ш) чандон таваҷҷуҳ накардааст ва ё ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардааст, ки «бе ангушти каҷ аз хурма равған барнамеояд» аз мадди назари масъулини ИНТ дур мондааст. Он ки достонҳои ҷиноӣ дар муҳити адабии имрўзаи мо камтаваҷҷуҳанд, як воқеъияти рўз аст. Мутаассифона, мунаққидони ин жанр хеле аз хонандагон қафо мондаанд ва ё онҳо аслан вуҷуд надоранд. Ва баъд, он адибоне, ки ҳамқаламони достонҳои моҷаронависи худро эътироф кардан намехоҳанд ба гумонам, фаромўш карданд, ки ин жанр дар адабиёти классикии мо собиқаи таърихӣ дорад. Барҷастатарин асари ин жанр «Самаки айёр» аст. Намунаҳои дигар «Доробнома», «Искандарнома», «Ҳамзанома», дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, лаҳзаҳои ҷудогонае аз офаридаҳои устоди устодон Айнии бузургвор дар «Дохунда», «Ғуломон», дар «Тири хокхўрда»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Ман гунаҳгорм»-и Ҷалол Икромӣ, баъзе асарҳои Абдумалик Баҳорӣ, Михаил Левин, драмаҳои М. Холов, Ғ. Ҳакимов низ дар ҳамин жанр навишта шудаанд.
Шарифбек Азизӣ ҳақ дорад чун узви Иттифоқи нависандагон ба садорату раёсати ин созмони бонуфуз ду суол кунад: Иллати аз таваҷҷух дур мондани осораш дар чист? Агар ин романҳо арзанда нестанд, кӣ шермардона расман иқрор мешавад ва бо тақризи муфассале назар медиҳад?
Аммо шарафи инсоние, ки ў дорад, наметавонад ин гуна суол кунад…
Шарифбек Азизӣ танҳо як гуноҳ дорад, ки дар Белжик таваллуд нашуд, ки чун Жорж Сименон номвар шавад, дар Англия ба дунё наомад, чун Огато Кристи асарҳояш шуҳрати ҷаҳонӣ касб кунанд. Ман замоне шефтаи осори «маликаи ҷиноят» Огото Кристи будаму чанд румонашро хонда будам. Имрўз офаридаҳои Шарифбек Азизиро бо онҳо қиёс мекунам ва дар радифи онҳо мебинам. Аммо сад дареғ дар кишвари мо танқиди адабӣ ба ном вуҷуд дорад, на танҳо осори криминалӣ, балки ҳамон повесту румонҳои иҷтимоӣ ҳам дуруст нақд намешаванд.
Афсўс…
Бобоҷон ШАФЕЪ
Аз китоби Шарифбек Азизӣ “Каломи адиб, ин танҳо сухан нест…!. Душанбе, соли 2025.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд адр Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат Якубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.