Чаҳордаҳ сол пеш аз ин. Сарсухани Пешвои миллат ба китоби “Рӯдакӣ”

Бо мақсади бузургдошти 1150-умин солгарди таваллуди фарзанди барўманди халқи тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва саҳми гаронбаҳои ў дар рушду нумўи адабиёти классикии ҷаҳонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри 2008 ҷашни бошукўҳ таҷлил мегардад.

        Шеъри тоҷикӣ – форсӣ аз Рўдакӣ оғоз гирифта, шаклҳои шеърии гуногун аз чакомаи ин Султони шоирон пайдо шудаанд. Тасвири табиат, зебоии он ва васфи маъшуқу дилрабоии дилбар мавзўъҳоеанд, ки касе дар пояи Рўдакӣ васфашон накардааст.

        Бо ин ҳама содагиву пурмаъноӣ тасвиру эҷод намудан ва дарк карда тавонистани хандаи лолаи саҳро ва гиристани абри гардун ва шабоҳати онҳоро ба риштаи тасвир кашидани шоир аз қалами бурро ва бархурдории ў аз санъатҳои баланди шеърӣ ва манзараҳои ҷолиби табиат мебошад. Яъне оғози шеъри тоҷикиро маҳз Рўдакии бузург поя гузошта, барои наслҳои минбаъдаи адибон замина гузоштааст. Забон ва тарзи гўиши ин нобиғаи илму фарҳанг ончунон тоҷикона аст, ки кас гумон мекунад, ки ин шеърҳо дар айёми мо суруда шудаанд.

        Басо рамзист, ки ҷашни асосгузори адабиёти ҳазорсолаи  тоҷику форс бо ҷашни забони тоҷикӣ ба як сол рост омадааст. Забони мо ҳамон забони Рўдакист, ки аз қаъри асрҳо бо ҳамон нобию покӣ омада расидааст. Чунин падида дар олам кам ба назар мерасад ва он аз ҳофизаи беамсоли таърихии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

       Андарз ва панду ахлоқномаи Рўдакӣ ончунон дилкашу гуворост, ки аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии устод Рўдакист, ки моро ба сулҳу тифоқӣ, ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, ба илмандўзиву фарҳангдўстӣ даъват менамояд, дар замири мо эҳсоси некиву накўкорӣ ва муҳаббату садоқатро мепарварад.

      Имрўз моро аз ҳарвақта бештар зарур аст, ки осори ин абармарди фарҳангу миллатро омўхта, нисбат ба рўзгор ва осори ў маълумоти кофиро пайдо намоем. Давраи зиндагии ўро, ки давраи эҳёи миллату давлати тоҷикон мебошад, таҳқиқ намуда, аз таърихи пуршебу фарози халқи худ сабақ омўзем.

        Аз асри X то имрўз тамоми шоирону адибон тарғибгари устод Рўдакӣ буда, ҳамагон рўдакивор гуфтани ғазалро орзу намудаанд. Ҳанўз вақти дар ҳаёт буданаш ўро «Султони шоирони Аҷам», «Маликушшуаро» ва «Соҳибқирон» гуфтани аҳли хирад гувоҳи шўҳрати баланди шоирӣ доштани Рўдакист:

                  Гар сарӣ ба олам кас ба некўшоирӣ,

                  Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

   Рўдакии бузургвор некў медонистааст, ки чӣ рисолати волову масъулиятбори таърихие ўро ба дўш афтодааст ва бо камоли масъулияти ҷавонмардона кўшидааст, ки ҳар ҳарфу ҳиҷояш бамавриду бамавқеъ, суфтаву баргузида, саршори маънӣ, ҳунармандона, андархури табъи мардум ва аз лиҳози жанру санъатҳои бадеӣ рангину доманфарох бошад.

          Одамушшуаро устод Рўдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, ки басо муқтадиру устувор ва ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди  ворисони сазовори устод боз ҳам мўҳташаму тавоно гардад.

         Сухансарои бузург бо каломи тасхиркунандааш мардумонро ба накўкорӣ, инсондўстӣ ва кирдори хирадмандона даъват менамуд:

                  Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

                 Не бад-он чашм, к-андар ў нигарӣ.

                 Ҳамчу дарёст в-аз накўкорӣ

                 Киштие соз, то бад-он гузарӣ.    

       Имрўз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рўдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик ба хирадмандӣ ва созандагиву накўкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳдошти асолати миллӣ нақш мегузорад.

       Фарзандони мо имрўз низ бо шеъри ў дарси маърифатмандиву одамгарӣ, дарси хираду садоқат, муҳаббат ба Ватан ва парастиши онро меомўзанд. Арҷгузориву эҳтироми устод Рўдакӣ аз ҷониби ворисони миннатпазираш дар сатҳи шоиста қарор дорад.

        Дар таълимгоҳҳои мамлакат осору омоли устод Рўдакӣ ба таври густурда ва амиқ омўхта мешаванд. Аз ҷониби нашриётҳои мамлакат китобҳои ашъори устод ва тадқиқоту рисолаҳо оид ба осори ў пайваста ба нашр мерасанд. Дар Тоҷикистон даҳҳо идораву иншоот, хиёбону созмонҳо ба номи устод Рўдакӣ гузошта шудаанд. Чунонки фармудаанд:

                   Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй,

                   Гул бирезад, нарезад аз вай бўй.

         Устод Рўдакӣ ҳамчун офаридгори назми оламгир дар ҳама давру замонҳо нубуғ аз ҳунари суханварӣ дошта, шеъри ҷовидонааш аз қаъри асрҳо шевою гуворо ба гўш мерасад ва дилҳоро мусаххар месозад.

           Мақоми баланди қофиласолори назм ва тоҷи адаби тоҷик-устод Рўдакӣ дар сарзамини поки ниёгон ҳамеша барқарору устувор монда, ҳамчун чароғи дудмони Оли Сомон фуруғи абадият дорад.

           Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳанўз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тўли садсолаҳо шоирони тавоное чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедилу Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ва амсоли онҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанду пасиниён низ сабақҳо хоҳанд бардошт.

          Ҷашни 1150-солагии устод Рўдакиро ҳамчун иди умумимиллӣ, ҳамчун иди тамоми тоҷикону форсизабонони дунё бо шукўҳи хоса таҷлил хоҳем кард. Омодагӣ ба ин санаи барҷастаи фарҳангӣ дар сатҳи олӣ, андархури нақши беназир ва мақоми ин бузургвор дар таърихи халқи мо бояд сурат гирад. Ифтихор аз Рўдакӣ ифтихори миллии мост ва ин ақида бояд дар зеҳни ҳар фарди меҳанпарвару худогоҳ ҷой гирифта бошад.

          Шубҳае нест, ки Рўзи Рўдакӣ ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрўзаву ояндаи тоҷик нерў мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду нумўи Тоҷикистон меафзояд. Зеро устод Рўдакӣ рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик мебошад.

Аз китоби Рўдакӣ   (китоби мусаввар), Душанбе «Ирфон» 2008

Барои мутолиаи китоби мазкур Шумо,  дўстдорони китоб метавонед ба толори хониши шўъбаи кўдакон ва наврасони «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муроҷиат намоед.

Таҳияи Шаҳноза Дониёрова