Чанд боби хурде аз “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”

Чанд боби хурде аз “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”

Ориёиҳо

Тоҷикон нахустин сокинони Осиёи Марказӣ ва аз қадимтарин мардумони ориёитабори ин минтақа мебошанд, ки аз замони пайдоиши худ бештар дар водиҳои паҳновару ҳосилхези ду дарё – Ому ва Сир зиндагӣ ба сар мебурданд. Маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ, алахусус харобаҳои шаҳристону қалъаҳо, коху кушкҳо ва бошигоҳу манзилҳои иқоматии хурду бузурги онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки гузаштагони дури тоҷикон ва дигар мардумони порсизабон аз тоифаҳои сафедпўсту гандумгунон ва дорои риши анбўҳ бо номи ориёиҳо будаанд.

Ориёиҳо дар куҷо зиндагӣ мекарданд?

            Бошишгоҳи нахустини қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан 14-15 ҳазор сол пеш дар паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакўҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Руссия, аз ҷумла соҳилҳои дарёҳои Обу Енисей, то атрофи баҳри Хазар будааст. Дар натиҷаи кўчбандии қавмҳои ориёӣ ба самти Осиёи Марказӣ онҳо дар миёни рўдхонаҳои Ому ва Сир, асосан дар минтақаҳои Бохтар, Суғд, Ҳирот, Хоразм ва Роғ сокин шуда, тамаддуни кишоварзӣ ва давлатҳои нахустини маҳаллиро бунёд гузоштанд.

Намудҳои зоҳирӣ ва рафтору хислати ориёиҳо чӣ гуна буд?

            Ориёиҳо аз рўи навиштаи таърихнигори бузурги юнонӣ Ҳеродот саворони моҳири ҷанговару кишваркушо буданд. Онҳо мўи дарози ба китф хамида, риши анбўҳ, рўи гандумгуну пешонаи васеъ, чашмони кабуд, зардча ё сиёҳ, пўсти сафед, қомати баланди ҳайбатнок ва ҷуссаи қавию тавоно доштанд. Онҳо нахустин шуда, дар сарзамини худ аспҳои ваҳширо ром карданд ва дертар сохтани зину лаҷом, шамшеру найза, зиреҳҳои ҷангӣ ва аробаҳои дучархаро барои набарду боркашонӣ ёд гиританд. Ориёиҳо инчунин нахустин ромкунандагони говҳои ваҳшӣ ва гўсфанду бузҳои ёбоӣ буда, бо аспҳои даванди хеш пешаи чорводориро ривоҷ додаанд.

Муҳоҷирати ориёиҳо

            Аз рўи навиштаҳои китоби Авесто замоне қавмҳои ориёӣ дар як сарзамини муштарак мезистанд, ки Арияна Ваеҷаҳ ном дошта, онро худои некӣ Аҳура Маздо пуштибон будааст. Тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш ба қисмати шимолии Осиё – ватани бумии қабилаҳои ориёӣ – сардиҳо ва яхбандиҳои тўлонӣ омада, зиндагии осудаи онҳоро душвор намуд. Дарёҳои Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини ориёиҳо қарор доштанд, ях баста сардиҳои зимистон  то даҳ моҳ тўл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд ва талаф ёфтани чорво меафзуд. Аз ин сабаб, гурўҳи бузурги қабилаҳои ориёӣ пас аз фаро расидани яхбандию хунукиҳои шадид ночор кўч баста, ба сўи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Марказӣ меоянд. Ориёиҳои дар Осиёи Марказӣ маскуншуда аҷдоди бевоситаи тоҷикон буданд.

Чаро ориёиҳо кишваркушо ва ҷанговар шуданд?

            Кучидани Ориёиҳо аз шимоли Осиё ва соҳиб шудан ба чарогоҳу заминҳои қабилаҳои дигар боиси ҷангҳои сахт гардида, маҳорату ҳунари ҷанговарии онҳоро беҳтар мекард. Қабилаҳои бумии Осиёи Маркази дравидҳо, бурушаскиҳо ва хунзакутҳо дар он замон хеле камшумор буданд ва дар сатҳи пасти тараққиёт қарор доштанд. Аз ин рў, ориёиҳои чолоку набардпеша онҳоро ба осонӣ шикаст дода, бошишгоҳу чарогоҳҳояшонро соҳиб мешуданд. Сипоҳиёни савораи ориёӣ бо аспҳои чобуку тездав аробаҳои дучарха (гардуна)-и ҷангиашон сарбозони душманро бо осонӣ шикаст медоданд.

Ориёиҳо дар кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ сокин шудаанд?

            Ориёиҳо баъди муҳоҷирати тўлонӣ аз рўи ривояти китоби Авесто дар ҳабдаҳ кишвари паҳновару сарсабз сокин мешаванд, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди кунунии Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда буданд. Ин кишварҳо Арияна Ваеҷаҳ, Суғд, Бохтар, Марв ва ғайра мебошад, ки гўё ин кишварҳоро Худои некӣ ва рўшноӣ Аҳура Маздо ба бандагони писандидааш ато кардааст. Аксари ин кишварҳо дар сарзамини таърихии тоҷикон ҷойгир буда, имрўз низ бо номи қадимаашон, яъне Суғд, Бохтар, Марв,  Ҳирот, Хоразм ва амсоли ин боқӣ мондаанд.

Авесто

            Мардумони ориёӣ, аз ҷумла ниёгони тоҷикон, осори хаттии зиёде аз худ боқӣ гузоштаанд, ки аввалини онҳо Авесто мебошад. Авесто китоби бузургҳаҷм буда, маълумоти фаровони динӣ, адабӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, фалсафию ҳуқуқӣ ва тиббию табииро фаро мегирифт. Дар баробари ин Авесто китоби муқаддаси ойини зардуштия аст, ки дар замони қадим то интишори ислом гузаштагони мо ба ин эътиқод доштанд. Зардуштия то густариши дини ислом  дини асосии ниёгони мо буд. Пас аз паҳншавии ислом ҳам эътиқодмандони ин дин аз Эронзамин ба иёлоти Бомбай ва Гуҷароти Ҳиндустон кўчиданд. Дар иёлоти Гуҷарот имрўз ҳам зардуштиён китоби муқаддаси Авесторо мехонанд ва маросимҳои диниро ба ҷо меоранд.

Китоби Авесто чӣ гуна буд ва чӣ тавр нигоҳ дошта мешуд?

            Бо фармони шоҳ Вишосп аввалин бор матнҳои Авесто пурра дар 12 хазор пўсти даббоғишуда бо оби тило навишта шуда буд, ки ду нусха дошт. Яке аз онҳо дар хазинаи шоҳаншоҳ ва дигараш дар яке аз ибодатхонаҳои зардуштиён маҳфуз буд.

Чаро нусхаи қадимаи Авесто то замонӣ мо боқӣ намонд?

            Искандари Мақдунӣ соли 331 то милод Эронро забт кард ва бо фармони ў нусхаи дар оташкада будаи Авесто сўзонда шуд. Нусхаи хазинаи шоҳаншоҳро ба Юнон фиристод, то ки он тарҷума ва мавриди омўзиш қарор гирад. Дар асри 1 милодӣ бо дастури подшоҳи сулолаи Ашкониён – Балоши 1 Авесто аз нав ба шакли китоб дароварда шуд. Аммо аз он Авестои дубора тадвиншуда ҳам, осоре боқӣ намондааст.

Авестои замони Сосониён

            Дар замони ҳукмронии Сосониён (III – VII милодӣ) китоби Авесторо аз нав навиштанд, ки он дар 21 китоб (наск) гирдоварӣ шудааст. Дар замони Сосониён инчунин тарҷума ва тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ (форсии миёна) ба миён омад, ки онро «Занд-Авесто» мегуфтанд. Қадимтарин дастгависи Авесто ба хатти авестоии дар замони Сосониён ихтироъшуда, ки –дабира ном дошт, навишта шуда ва ба асри XIII  тааллуқ дорад. Ҳоло зардуштиёни Эрону Ҳиндустон маҳз ҳамин Авесторо мехонанд.

Авесто аз чанд қисм иборат аст?

            Авесто аз панҷ қисм  – «Ясно», «Вандидод», «Виспард», «Яштҳо», «Хурд Авесто» иборат аст, ки дар дохили худ бобҳову фаслҳо дорад. Масалан, «Ясно» аз 72 боб иборат аст, ки 17 боби он «Готҳо» (сурудҳо) мебошанд. «Готҳо» пораҳои манзумест, ки онро Зардушт нигоштааст. Дар «Ясно» аз масъалаҳои динӣ, вазифаҳову ўҳдадориҳои пайравони дини зардуштия сухан  меравад. Дар бобҳои «Ясно» шарҳу тафсири се сухани бунёдӣ – «Пиндори нек», «Гуфтори нек» ва «Кирдори нек» омадаст. «Яштҳо» бораи нахустин инсон, нахустин подшоҳи эронӣ, эзадони обу борон, оташ, бод ва пирўзӣ маълумот медиҳад. Қисми дигари Авесто «Вандидод» мебошад, ки он 22 боб (фаргард)-ро дар бар мегирад. Боби якуми «Вандидод»-ро метавон «достони ҷуғрофӣ» гуфт. Дар ин ҷо 16 кишвари қадими саразмини Ориёиён (Арияна ваеҷаҳ) номбаргардида, дар бораашон маълумоти мухтасар маълумоти оварда шудааст. Дар бобҳои дигари «Вандидод» масъалаҳои ҳуқуқӣ, тозагии муҳити зист, ҳунари пизишкӣ ва ғайра матраҳ гардидаанд. Қисмати дигари Авесто, «Виспард» маҷмўаи дуоҳо ва иёишҳост дар бораи эзадони дини зардуштия, ки ба онҳо имон доштаанд.

Аз олимони Аврупо кӣ ба таҳқиқи Авесто пардохтааст?

            Авесторо дар асри 17 роҳиби англис Ҳенри Лорд ва сайёҳони фаронсавӣ Габриэл дю Шимон ва Ж. Шарден ба аврупоиён ошно намудаанд. Сипас ба омўзиши Авесто олими фаронсавӣ А. Дюпперон камтар баст. Вай барои омўзиш ва тарҷумаи Авесто ба Ҳиндустон сафар карда, забону хатти авестоиро омўхт. Авесторо ба забони фаронсавӣ тарҷума кард. Дар асоси дастхатҳои Авесто (аз а. XIII то а.  XIX) донишманди олмонӣ Карл фридрих Гелднер (1852-1929) матни интиқодии Авесторо дар се ҷилд таҳия намуд, ки онҳо солҳои 18886-95 дар ш. Штутгард (Олмон) ба табъ расиданд. Ин нашри беназирест, ки то имрўз ҳам аҳаммияташ кам нашудааст.

Зардушт

            Таърихнигорон замони зиндагии Зардуштро аз нимаи ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод то соли 660 пеш аз милод тахмин карда, умри ўро 77 сол муқаррар намудаанд. Аксари авестошиносон номи ўро Зардушт писари Пурушасп аз авлоди Спитамониҳо хонда, дертар ба кишвари Бохтар ва шаҳри Балхи бостонӣ омаданашро зикр кардаанд. Қисме аз муҳаққиқон ватани аслии Зардуштро Хоразм ва баъзеҳо Роғи Мод (Райи Эрон) мепиндоранд, вале Ктесий  ўро сокини Балх ва подшоҳи он мешуморад. Ба ҳар сурат Зардушт дар замони подшоҳии Гуштасп дар шаҳри Балх мақому мартабаи баланд ёфта, чун паёмбари ойини зардуштӣ шинохта шудааст. Кабилаҳои ориёии Бохтар, Суғд, Хоразм ва ғ. бо талқини иойини зардуштӣ муттаҳид гашта, нахустин давлатҳои пешрафтаро дар Бохтар, Суғд, Хоразм ва дар ниҳоят империяи бузурги Ҳахоманишиҳоро падид овардаанд.

Таълимоти ахлоқӣ ва динии Зардушт чиро тарғиб мекард?

             Таълимоти ахлоқии Зардушт аз ситоиши некиву некандешӣ, ростиву росткирдорӣ, хайру сахо ва дигар фазилатҳои наҷиби инсонӣ манбаъ гирифта, мазмуну моҳияти меҳварии онро ҷавҳари сегона – «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бунёд гузоштаанд. Таълимоти ахлоқӣ ва динии Зардушт зимни тарғиби яккахудоӣ ғояи таъсис додани давлати ягона мутамарказ ва тавоноро пеш гузошта, зери дирафши умуми-ориёӣ мутаҳид шудани қабилаҳои парокандаро ҳадафи хеш қарор медод.

Таҳияи Азиза Алимова аз  китоби !Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”. Китобро соли 2016 Муассисаи давлатии Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик чоп кардааст.